Дарёфти патент ва шаҳодатнома тариқи онлайн. Барномаи “Андози ман”-и Кумитаи андоз чӣ гуна кор мекунад?

Замимаи мобилии “Андози ман”-и Кумитаи андози Тоҷикистон нав шудааст. Акнун тариқи он метавон патенту шаҳодатнома ва маълумотномаро онлайн гирифта, ҳаҷми қарзи андозро ҳисоб кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи андоз хабар доданд.  Ба иттилои манбаъ, замима бо мақсади содагардонии расмиёти бақайдгирии давлатии соҳибкорони инфиродӣ ва пешгирии таъсири омилҳои инсонӣ роҳандозӣ гардидааст. “Бо афзоиш […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Замимаи мобилии “Андози ман”-и Кумитаи андози Тоҷикистон нав шудааст. Акнун тариқи он метавон патенту шаҳодатнома ва маълумотномаро онлайн гирифта, ҳаҷми қарзи андозро ҳисоб кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи андоз хабар доданд. 

Ба иттилои манбаъ, замима бо мақсади содагардонии расмиёти бақайдгирии давлатии соҳибкорони инфиродӣ ва пешгирии таъсири омилҳои инсонӣ роҳандозӣ гардидааст.

“Бо афзоиш ёфтани шумораи истифодбарандагони замимаи мобилӣ дар соли 2024 Кумитаи андоз такмили хизматрасониҳои онлайнии худро идома дод. Барномаҳои мобилӣ ва ҳуҷраҳои инфиродии дар шакли нав ҷорӣ гардида, раванди пешниҳоди эъломияҳои андозро барои шаҳрвандон ва соҳибкорон беҳтар ва осон намуд” – гуфтанд масъулин Кумита.

Ба иттилои Кумита, шумораи истифодабарандагони замимаҳои мобилии «Андози ман» дар соли 2024-ум 30% афзоиш ёфт. Ҳоло беш аз 50% андозсупорандагон аз хизматрасониҳои онлайнӣ истифода мебаранд, ки раванди андозсупориро шаффофтар мекунад.

 

“Андози ман” чӣ гуна кор мекунад?

Барномаи “Андози ман”-ро метавон аз “Google Play” ва “App Store” боргирӣ намуд.  “Азия-Плюс” имкониятҳои нави барнома ва чӣ гуна кор кардани онро санҷид. Мутаассифона мо версияи пештараи барномаро пайдо накардем, то функсияҳои онро қиёс намоем.

Барои истифода аз барнома дар он сабтином шудан лозим аст. Агар шумо аллакай дар сомонаи andoz.tj утоқи шахсӣ дошта бошед, метавонед логин ва рамзи онро навишта, вориди барнома шавед.

Агар шумо то ҳол утоқи шахсӣ надошта бошед,барои сабтином шудан рақами фаъоли телефон ва рамзи тариқи СМС омадаро ворид кунед. Дар равзанаи баъдӣ рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН)-ро ворид кардан лозим аст. 

Баъд аз ин, дар барнома ба таври худкор ному насаб, ҷойи зист ва дигар маълумоти шахсии шумо пайдо мешавад, ба шумо танҳо лозим аст суроғаи почтаи электронии худро ворид кунед ва акси худ бо шиноснома ва ҳар ду паҳлуи шиносномаро боргузорӣ намоед. 

Пас ба шумо СМС-и тасдиқӣ бо логин (РМА-и шумо) ва рамз фиристода мешавад. Шумо метавонед бо ин логину рамз ба барнома ворид шавед. 

Воқеан, дар саҳифаи асосӣ қарзи ҷорӣ ва ё пешпардохти шумо дида мешавад.

Ҳамчунин, дар барнома ҳисобкунаки андоз ва тақвими андоз насб шудаанд. Тариқи ин асбобҳо шумо метавонед андозҳои гуногунро ҳисоб намуда, пардохти онро ба нақша гиред. 

Ҳангоми вуруд ба барнома, дар он аллакай маълумоти шахсӣ, шаҳодатномаи электронии РМА, дороӣ ва молу мулк, аризаву муроҷиатҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои ба андоз алоқаманди шумо ворид шудаанд.

Ҳамчунин, дар барнома рақамҳои корӣ ва суроғаи тамоми нозиротҳои онро пайдо кардан мумкин аст. 

Яке аз навгониҳои барнома бақайгирии соҳибкорони инфиродӣ аст. Акнун патент ё шаҳодатномаро метавон онлайн тариқи ин барнома ба даст овард. Барои ин шуморо мебояд ба бахши “Хизматрасониҳо”, “Бақайдгирии соҳибкорони инфиродӣ” ворид шуда, намуди ҳуҷҷат (патент ва шаҳодатнома бо шатрҳои мухсус, шаҳодатнома вв хоҷагиҳои деҳқонӣ)-ро интихоб намоед. 

Барои мисол мо патент ва шаҳодатнома бо шартҳои махсусро интихоб кардем. 

Барои гирифтани ҳуҷҷат, дар равзанаи кушодашуда намуд ва макони анҷом додани фаъолитро интихоб кунед ва акси худро бо шиноснома боргузорӣ кунед. Барнома вобаста ба навъи фаъолияти шумо низоми андозбандӣ ва ҳаҷми андозро муқаррар мекунад. Ҳуҷҷати шумо давоми ҳамон рӯз, то анҷом ёфтани соати корӣ омода мешавад. 

Ҳамчунин, ба воситаи барнома метавон онлайн маълумотнома оид ба надоштани қарз ва маълумотнома оид ба даромадҳоро ба даст оред ва ё ба мақомоти андоз муроҷиат ва ё шикоят баред. 

Айни ҳол на ҳамаи хизматрасониҳои барнома фаъоланд. Ба иттилои Кумитаи андоз, таоми функсияҳо то 1 марти соли 2025 дастрас мешаванд.

Бояд гуфт, муддати охир аксари хизматрасониҳои давлатӣ электронӣ мешаванд. Аз ҷумла, аз аввали соли ҷорӣ раванди сабти таваллуд ва фавт, гирифтани иҷозатнома барои ҷашну маросим, журналу рӯзнома дар мактабу донишгоҳҳо ва хизматрасониҳои дигари соҳаи маориф, инчунин гирифтани рақами мушаххаси андозсупоранда рақамӣ карда шудаанд. Ҳадафи инро мақомот содагардонии раванди кор ва кам кардани таъсири омилҳои инсонӣ мегӯянд.

Вале коршиносон бар ин назаранд, ки дар қадами аввал набудани заминаи фаннӣ, интернети суст ва адами маҳорат дар миёни аксари аҳолӣ барои истифода аз фанновариҳои рақамӣ боиси дар амал татбиқ нашудани ин раванд мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.