Тоҷикистону Эрон Рӯзи бузургдошти Рӯдакиро якҷоя таҷлил мекунанд

Аз ин пас 22-юми сентябр ҳамчун Рӯзи муштараки бузургдошти Рӯдакӣ дар Тоҷикистону Эрон ҷашн гирифта мешавад. Ин тасмим дар ҷараёни ҳамоише, ки бо ширкати донишмандони ду кишвар дар Эрон баргузор гардид, гирифта шуд. Дар ин бора Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси Тоҷикистон дар муассисаи фарҳангии "ЭКО" ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, ки ҳамоиши байналмилалии “Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Аз ин пас 22-юми сентябр ҳамчун Рӯзи муштараки бузургдошти Рӯдакӣ дар Тоҷикистону Эрон ҷашн гирифта мешавад. Ин тасмим дар ҷараёни ҳамоише, ки бо ширкати донишмандони ду кишвар дар Эрон баргузор гардид, гирифта шуд.

Дар ин бора Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси Тоҷикистон дар муассисаи фарҳангии "ЭКО" ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, ки ҳамоиши байналмилалии “Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон” рӯзи 25-уми декабр дар Донишгоҳи Фирдавсии шаҳри Машҳади Эрон гузаронида шуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамоиш миёни ҳайати тадорукот созишномае аз 10 банд ба имзо расид. Яке аз он бандҳо таҷлили Рӯзи муштараки бузургдошти Рӯдакӣ дар Тоҷикистону Эрон будааст, ки онро Сафарати Тоҷикистон дар Эрон пешниҳод карда буд.

Ҳамчунин, дар асоси ин созишнома баргардону нашри осори муҳаққиқони Тоҷикистону Эрон дар ҳарду кишвар пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, банди дигар ба тақвияти ҳамкориҳои донишгоҳӣ ва илмӣ миёни донишгоҳҳо ва марокизи илмии ду кишвар равона гардидааст.

Дар ҳамоиш намояндагони расмӣ ва донишмандони барҷастаи ҳарду кишвар иштирок доштаанд. Аз ҷумла, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон, Фарангис Шарифзода, раиси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшиноси тоҷик аз Тоҷикистон ва аз Эрон рӯдакишиносон ва муҳаққиқон Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, Салмон Сокит, Насрулло Имомӣ, ширкат ва  перомуни нақши устод Рӯдакӣ пайвандҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон суханронӣ кардаанд.

Ҳусейн Симоии Сарроф, вазири улум, таҳқиқот ва фановарии Эрон дар суханронии худ Рӯдакиро яке аз ҳалқаҳои пайванди фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон унвон карда, намоди адабиёту тамаддуни бузург арзёбӣ кард.

Ҳамчунин, дар ҷараёни ҳамоиш китоби “Ёди шеъри Рӯдакӣ ояд ҳаме”-и рӯдакишиноси маъруфи тоҷик Аълохон Афсаҳзод, ки бо хати форсӣ дар Эрон нашр шудааст, муаррифӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ҳамчун қофиласолори адабиёт, шоири бузург, одамушшуаро ва сардафтари адабиёти классикии форсии тоҷикӣ дар нахустсафҳаи таърихи адабиёт сабт шудааст.

Турбати ӯ ҳоло дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент қарор дорад ва зиёратгоҳи ҳазорон фарҳангиёну сайёҳони олам гаштааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки аз соли 2002 ба ин сӯ ҳамасола 22-юми сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи бузургдошти Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Ба хотири гиромидошти Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар Тоҷикистон ва чанде аз кишварҳои ҷаҳон муҷассамаҳои мавсуф гузошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2008 бо пешниҳоди Эмломалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз тарафи ЮНЕСКО 1150 – солагии падари шеъри форсии тоҷикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Маскав, Ню-Йорк, Берлин ва кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Туркия ботантана таҷлил ва дар ин замина конфронсу нишастҳои илмӣ баргузор гардиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.