Шумораи доварони тоҷик, ки бозиҳои байналмилалии футболро ҳакамӣ мекунанд, зиёд шуд

Date:

Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) феҳристи доваронеро, ки соли 2025 дар бозиҳои байналмиллалӣ ҳакамӣ мекунанд, нашр кардааст.

Теъдоди доварони тоҷик дар ин рӯйхат нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфта, аз 14 нафар ба 17 кас расидааст. 

Аз ин миён 6 довари FIFA, 8 ёвари доварони FIFA ва 2 каси дигар доварони FIFA дар риштаи футзал ҳастад.

Ҳамчунин, 2 довар аз Душанбе – Гулмуроди Саъдулло ва Зуҳал Худҷаназарова ба рӯйхати видеодоварон (VAR) шомил гардида, ҳуқуқи қазовати бозиҳои байналмилалиро ҳамчун VAR пайдо кардаанд.

 

Ҳайати доварони байналмилалӣ FIFA аз Тоҷикистон:

Доварони FIFA:

Гулмуроди Саъдулло (Душанбе)

Насрулло Кабиров (Норак)

Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе)

Абдулло Давлатов (Шаҳринав)

Амирҷон Хоркашев (Душанбе)

Нодира Мирзоева (Душанбе)

 

Ёрдамчиёни доварони FIFA:

Акмал Буриев (Турсунзода)

Хусрави Сиддикзод (Душанбе)

Хасан Каримов (Норак)

Вафо Қараев (Шаҳринав)

Фарҳод Куралов (Душанбе)

Исмоил Нуралиев (Норак)

Ғайрат Рузибоев (Шахринав)

Дилшод Раҳмонова (Душанбе)

 

Довари FIFA дар риштаи футзал:

Сӯҳроб Сатторов (Турсунзода)

Сафаралӣ Маҳмадизода (Душанбе)

 

Ҳакамҳои видеодоварон (VAR)-и  FIFA:

Гулмуроди Саъдулло (Душанбе)

Зуҳал Хуҷаназарова (Душанбе)

Тибқи маълумоте, ки барои соли 2024 нашр шудааст, ҳакамҳои тоҷик барои ҳамкасбони худ аз минтақа рақобати қавианд. Масалан, Эронро 33 ҳакам, Ӯзбакистон – 29, Қазоқистон – 21, Қирғизистон – 17, Туркманистон – 15 ва Афғонистон – 5 ҳакам намояндагӣ мекунанд.

Қаблан ФФТ хабар додла буд, ки Гулмуроди Саъдулло, ки довари ФИФА (FIFA)  аз Тоҷикистон аст, бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро ҳакамӣ мекунад.

Ӯ якҷо бо дастааш дар бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «С» миёни дастаҳои мунтахаби Чин ва Арабистони Саудӣ, ки 10 сентябр дар шаҳри Даляни Чин баргузор мешавад, сардовар таъин шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...