Мансабдорони тоҷик ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд

Нишастҳои матбуотии солона дар вазорату идора ва кумитаву оҷонсиҳои Тоҷикистон рӯзи 27-уми январ оғоз шуда, то 14-уми феврал давом меёбад. “Азия-Плюс” бо нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ, ки аз тарафи Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон имзо шудааст, шинос гардид. Дар ин нишастҳо қарор аст роҳбарони ниҳодҳои Тоҷикистон ба хабарнигорон дар бораи натиҷаҳои […]

Asia-Plus

Нишастҳои матбуотии солона дар вазорату идора ва кумитаву оҷонсиҳои Тоҷикистон рӯзи 27-уми январ оғоз шуда, то 14-уми феврал давом меёбад. “Азия-Плюс” бо нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ, ки аз тарафи Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон имзо шудааст, шинос гардид.

Дар ин нишастҳо қарор аст роҳбарони ниҳодҳои Тоҷикистон ба хабарнигорон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти соли 2024 маълумот диҳанд.

Дар рӯзи аввал, яъне 27-уми январ, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдори ҳуқуи инсон ва Кумитаи хоҷагии манзилию комуналӣ нишастҳои матуботии худро баргузор мекунанд.

Бояд гуфт, нишастҳои матуботии мақомототи давлатии Тоҷикистон бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2005 баргузор мегарданд. Дар аввал масъулони вазорату идораҳо пас аз ҳар се моҳ бо рӯзноманигорон дидор анҷом медоданд. Аммо пас аз соли 2011 нишастҳои хабарӣ дар ним сол як бор сурат мегиранд.

Гуфта мешуд, ки он "бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ гузаронида мешавад".

Дар ҳамин ҳол, сол аз сол дастрасии иттилоъ аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон барои рӯзноманигорон мушкил мешавад. Масъулуни ниҳодҳо бо баҳонаи равон кардани мактуби расмӣ аз додани ҳар гуна иттилоъ худдорӣ мекунанд, ки ин хилофи қонун аст.

Ин аст, ки нишастҳои хабарӣ дар солҳои охир ягона имкони асосии мулоқоти рӯ ба рӯйи рӯзноманигорон бо нафарони аввали вазорату идораҳои давлатӣ ва гирифтани иттилоъ аз онҳо гаштааст. Аммо бештари вақт хабарнигорони тоҷик аз шеваи баргузории нишастҳо ва посухи масъулини ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон қаноатманд немешаванд

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.