Ҳабибулло Воҳидзода, ки ҳамчун додситони кулли нави Тоҷикистон пешниҳод шуд, кист?

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод намуд, ки Юсуф Раҳмон аз вазифаи додситони кулли Тоҷикистон барканор ва ба ҷойи ӯ Ҳабибулло Воҳидзода ба ин мансаб таъин карда шавад. Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, раиси Додгоҳи олӣ ва додситони кулл танҳо баъди аз ҷониби палатаи болоии парлумон маъқул донистани номзадиашон таъин мешаванд.   Ҳабибулло Воҳидзода […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод намуд, ки Юсуф Раҳмон аз вазифаи додситони кулли Тоҷикистон барканор ва ба ҷойи ӯ Ҳабибулло Воҳидзода ба ин мансаб таъин карда шавад.

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, раиси Додгоҳи олӣ ва додситони кулл танҳо баъди аз ҷониби палатаи болоии парлумон маъқул донистани номзадиашон таъин мешаванд.

 

Ҳабибулло Воҳидзода кист?

Айни замон Воҳидзода дар вазифаи муовини додситони кулл – сардодситони ҳарбии кишвар кор мекунад.

Ҳабибулло Воҳидзода ҳуқуқшинос ва хидматчии давлатӣ аст, ки фаъолияташ зиёда аз 30 соли корро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар бар мегирад.

Ӯ 21 феврали соли 1965 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1988 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба кор дар мақомоти додситонӣ оғоз намуд.

Аз соли 2011 то 2015 дар вазифаи муовини додситони кулли Тоҷикистон кор карда, лекин дар соли 2015 пас аз интиқоди президент дар ҷаласаи Шӯрои амният, ҳамроҳи боз ду муовини додситони кулли аз ин вазифа барканор шуд.

Лекин фаъолияти ӯ идома ёфта, додситони вилояти Суғд шуд. Соли 2020 директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент Тоҷикистон таъин шуда, фаъолона дар ин самт кор кард.

Дар мақоми роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовар Воҳидзода миёни рӯзноманигорон бо дастрасии худ маъруф гардид. Ӯ мунтазам дар нишастҳои матбуотӣ, ки ду маротиба дар як сол баргузор мешаванд, иштирок карда, ба саволҳои намояндагони ВАО посух медод.

Соли 2024 Воҳидзода муовини додситони кулл – сардодситони ҳарбии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Воҳидзода бо як қатор мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла медали “Хизмати шоиста” ва медалии ҷашнии “30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ шудааст. Донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аст. Оиладор, як фарзанд дорад.

 

Додситони кулли ҳозира бо чӣ иқдомҳо дар хотира мемонад?

Додситони кулли ҳозира Юсуф Раҳмони 58-сола, ки аз 23 январи соли 2015 сари ин мансаб қарор дорад, бо он маъруф аст, ки дар замони раҳбарии ӯ Додситонии кулл яке аз пӯшидатарин ниҳодҳо байни муассисаҳои давлатӣ буд.

Ӯ ҳатто дар нишастҳои матбуотӣ бо дили нохоҳам маълумот пешниҳод мекард. Кормандони сохтори ӯ аксар вақт аз рӯзноманигорон талаб менамуданд, ки ҳатто барои соддатарин саволҳо дархостҳои хаттӣ ирсол кунанд.

Ҷавобҳо ба ин дархостҳо ё бо таъхир мерасиданд, ё ба таври умумӣ ва сарфи назар дода мешуданд, ки ин дастрасӣ ба маълумоти боэътимод ва пурраро душвор мекард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.