Муҳаммад Наимов муқобили Каан Офли пирӯзӣ ба даст овард. Баъди ин ғалаба размикори тоҷик чӣ қадар пул кор кард?

Размикори тоҷик Муҳаммад Наимов дар мусобиқаи “UFC Fight Night 250” дар вазни 65,8 кило Каан Офлии австралиягиро мағлуб кард. Рақобати Наимов бо ҳарифаш шоми рӯзи 1-уми феврал дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гардид. Дар се қисмат (раунд)-и ин набард размикори 28-солаи тоҷик дар баробари рақибаш бартарӣ дошт (30-27, 30-27, 29-28) ва бо қарори якдилонаи […]

Asia-Plus

Размикори тоҷик Муҳаммад Наимов дар мусобиқаи “UFC Fight Night 250” дар вазни 65,8 кило Каан Офлии австралиягиро мағлуб кард. Рақобати Наимов бо ҳарифаш шоми рӯзи 1-уми феврал дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Дар се қисмат (раунд)-и ин набард размикори 28-солаи тоҷик дар баробари рақибаш бартарӣ дошт (30-27, 30-27, 29-28) ва бо қарори якдилонаи доварон ғолиб дониста шуд.

Ин пирӯзии 12-уми размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА) ба ҳисоб меравад. Ӯ се бохт ҳам дорад. Аз ҷумла, Наимов панҷ рақобат дар UFC гузаронида, дар чортоаш пирӯз ва дар якеи дигар мағлуб шудааст.  Бохти ӯ дар UFC аз Фелипе Лима аз Бразилия буд.

Рақиби Наимов, Каан Офлии 31-сола то ин дам дар муҳорибаҳои омехта 11 пирӯзӣ, 1 мусовӣ ва се бохт дошт. Аммо имрӯз пас аз шикаст дар баробари варзишгари тоҷик шумори бохтҳояш ба 4 адад расид. Ӯ дар UFC ду рақобат анҷом дода, ҳардуро ҳам бохтааст.

 

Наимов баъди пирӯзӣ чӣ қадар маблағ ба даст овард?

Пас аз анҷоми рақобати Наимов бо Офли маълум шуд, ки размикори тоҷик чӣ қадар пул кор кардааст. Тибқи иттилои Sporty Malares, Муҳаммад Наимов барои ин мубориза 81 ҳазор доллар (38 ҳазор доллар мубориза, 38 ҳазор доллар барои пирӯзӣ, 5 ҳазор доллар бонуси сарпарастӣ) гирифтааст. Рақиби ӯ маблағи камтаре ба даст овардааст – 28 ҳазор доллар (24 ҳазор доллар мубориза ва 4 ҳазор доллар аз сарпарастон).

 

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Муҳаммад Наимов бар асоси радабандии Fightmatrix, ба 5-гонаи беҳтарин размикорони Осиёи Марказӣ дар вазни 66 кг шомил шуд.  Дар феҳристи мазкур ӯ дар мақоми дуюм қарор гирифт ва зинаи аввалро размикор аз Қирғизистон касб кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.