Ҷаласаи Маҷлиси миллӣ оғоз шуд. Барканории Юсуф Раҳмон ва Шермуҳаммад Шоҳиён яке аз масъалаҳои баррасишаванда аст

Date:

Дар Душанбе таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи 21-ум, даъвати шашуми ин ниҳод оғоз гардид. Дар ин бора телеграм-канали шаҳрдории Душанбе иттилоъ додааст.

Дар иҷлосия 44 масъала мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Бояд гуфт, додани ризоият барои аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва ба ин вазифа таъин намудани Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло, инчунин аз вазифаи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Шермуҳаммад Шоҳиён ва ба ин вазифа таъин намудани Рустам Мирзозода аз масъалаҳое аст, ки дар назар аст, зимни иҷлосия баррасӣ карда шавад.

Фармони барканории Юсуф Раҳмон ва Шермуҳаммад Шоҳиён моҳи январ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар имзо гардид ва барои ризоият ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ирсол  шуда буд.

Ба ҷойи Юсуф Раҳмон, Ҳабибулло Воҳидзодаи 60-сола таъйин шудааст, ки то ин дам дар мақоми Додситони ҳарбӣ кор мекард. Мақоми нави Юсуф Раҳмон, ки даҳ соли ахир Додситони кул буд, феълан маълум нест.

Ба ҷойи Шермуҳаммади Шоҳиён, ки дар садри рӯйхати номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон қарор дорад, дар мансаби раиси Додгоҳи олӣ номзадии Рустам Мирзозода пешниҳод шудааст. Рустам Мирзозода 50-сола аст ва аз соли 2022 то ин дам раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ буд.

Қарор аст, зимни ҷаласаи Маҷлиси миллӣ Додситони кул дар бораи раванди иҷрои қонунҳо дар кишвар гузориш диҳад.

Маҷлиси миллии Тоҷикистон 33 аъзо дорад. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...