Хадамоти алоқа барои қабули арзу шикоят оид ба сифати алоқа ва интернет Маркази тамос таъсис дод

Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Маркази нави тамос бо рақами "40-30" ба фаъолият оғоз кард, ки тариқи он шаҳрвандон метавонанд нисбат ба мушкилоте, ки доир ба хизматрасониҳои соҳаи алоқа ба миён меояд, муроҷиат намоянд. Бино ба маълумоти Хадамот, маркази тамос ба таври шабонарӯзӣ ва сарфи назар аз рӯзҳои истироҳатӣ, арзу шикоятҳои марбут ба мушкилот бо операторон ва дигар масоили вобаста […]

Asia-Plus

Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Маркази нави тамос бо рақами "40-30" ба фаъолият оғоз кард, ки тариқи он шаҳрвандон метавонанд нисбат ба мушкилоте, ки доир ба хизматрасониҳои соҳаи алоқа ба миён меояд, муроҷиат намоянд.

Бино ба маълумоти Хадамот, маркази тамос ба таври шабонарӯзӣ ва сарфи назар аз рӯзҳои истироҳатӣ, арзу шикоятҳои марбут ба мушкилот бо операторон ва дигар масоили вобаста ба соҳаи телекоммуникатсияро қабул мекунад.

“Мақсад аз таъсиси Маркази тамос бо телефони боварии кӯтоҳ (40-30) баланд бурдани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи барқӣ дар кишвар, расидагӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ва бартараф кардани мушкилоту монеаҳои дар соҳа ҷойдошта бо механизми содаву дастрас барои шаҳрвандон, мебошад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар баробари соддаву дастрас будани механизми нави онлайнӣ ва интерактивӣ, Марказ баррасӣ ва бартараф намудани оҷилӣ ва дақиқи арзу шикоятҳоро таъмин менамояд.

Вале баъди нашри ин хабар дар шабкаҳои иҷтимоии "Азия-Плюс", бархе корбарон нигаронӣ карданд, ки тавассути ин рақам (40-30) ба зангҳои онҳо касе посух намедиҳад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январ Исфандиёри Саъдулло сардори нави Хадамоти алоқа таъин шуд. Ӯ дар ин мансаб Бег Сабурро , ки пас аз 10 соли кор дар ин вазифа ба нафақа рафт, иваз кард.

Замони роҳбарии Бег Сабур дар соҳаи алоқа мушкилоти зиёд, аз қабили сифати пасти интернет, арзиши баланди хидматрасониҳо ва яккаҳукмрон будан (монополия кардан) дар бозори телекоммуникатсионӣ ба миён омаданд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон муддати тӯлонӣ яке аз кишварҳо бо интернети гаронтарин дар Осиёи Марказӣ боқӣ монда, аз лиҳози суръати алоқа низ дар мавқеъҳои паст қарор дорад.

Акнун ба Исфандиёри Саъдулло лозим меяод, ки мушкилоти сифати интернет ва баланд будани нархи хидматрасониҳои алоқаро ҳаллу фасл намуда, инчунин бо масоили яккаҳукмрон будан дар соҳа муборза барад. Ҳаллу фасли ин масоил равиши комплексӣ ва ҷорисозии ислоҳотро тақозо мекунад.

Дар бораи мушкилоти соҳаи алоқаи ҷумҳурӣ дар маводи зерини мо маълумоти бештар муфассал қобили дарёфт аст: “Раиси нави Хадамоти алоқа сабаби суст будани интернетро гуфт ва ваъдаи арзон кардани нархи онро дод”

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.