Варзишгарон ва муррабиёни беҳтарини соли 2024 маълум шуданд. Онҳо кистанд?

Date:

Дирӯз, 17-уми феврал дар Душанбе беҳтаринҳои соҳаи варзиш дар соли гузашта, аз ҷумла варзишгарон, мураббиён, дастаҳо ва муассисаҳои варзишӣ эълон ва қадрдонӣ гардиданд. Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иттилоъ медиҳад.

Варзишгарони беҳтарини сол онҳое эълон шуданд, ки дар Бозиҳои олимпӣ ва чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё ҷоиза ба даст оварданд.

 

Варзишгарони беҳтарини сол дар байни калонсолон дар варзиши навъҳои олимпӣ:

Сомон Маҳмадбеков – беҳтарин варзишгар (ҷудо, медали биринҷии Олимпиадаи Париж-2024, Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё).

Темур Раҳимов – беҳтарин варзишгар (ҷудо, медали биринҷии Олимпиадаи Париж-2024 ва Чемпионати Осиё).

Давлат Болтаев – беҳтарин варзишгар (бокс, медали биринҷии Олимпиадаи Париж-2024).

ГАЛЛЕРЕЯ (7)







Лоиқ Қудбиддинов беҳтарин варзишгар дар байни ҷавонон аз рӯи навъҳои варзаши олипмӣ (ҷудо, медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон) эълон шуд.

Дар байни бонувони варзишгари навъҳои олимпӣ Абдуллоева Фариноз беҳтарин варзишгар (бокс, медали тиллои Чемпионати Осиё) ва миёни бонувони варзишгари навъҳои ғайриолимпӣ Ясмина Ан-Нимр беҳтарин (бодибилдинг, чемпиони дукаратаи ҷаҳон) донгиста шуд.

 

Беҳтарин даста, мураббӣ ва муассисаҳои варзишӣ

Тими миллии футзали Тоҷикистон беҳтарин дастаи варзишӣ эълон гардид.

Ҳамчунин, Суҳроб Абдураҳмонов (гӯштини ҷудо), Маҳмадбеков Фотеҳ ва Бабаҳҷонов Алӣ  беҳтарин муррабӣ дониста шуданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (6)






Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе беҳтарин иншооти варзишӣ, Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин ва Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №9 (бокс) беҳтарин мактабҳои варзишӣ эълон шуданд.

Шаҳри Душанбе беҳтарин шаҳри варзишии сол дониста шуд.

Дигар беҳтаринҳои солро дар ин пайванд бубинед.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз ҳамчунин, ҷоизаҳои пулии президенти Тоҷикистон ба варзишагроне, ки соли гузашта дар мусобиқаҳои байналмилалӣ нишондоди беҳтаринро доштанд, тақдим гардид, ки метавонед дар ин пайванд хонед. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...