spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Моҳи январ Буҷети давлатии Тоҷикистон 22,3 млн доллар барзиёд иҷро шуд

Қисмати даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон дар моҳи аввали имсол ба миқдори 230 млн сомонӣ (22,3 млн доллар) барзиёд иҷро шуд.

Ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ дар моҳи январи соли 2023 зиёда аз 3,2 млрд сомонӣ ё худ 311 млн долларро ташкил дод, ки 7,7% зиёдтар аз нақшаи тасҳеҳшуда мебошад, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ буҷет ба миқдори 7,1% барзиёд иҷро шуда, ба ҷои 1 млрд 970 млн сомонии пешбинишуда ба ҳамёни асосии кишвар ҳудуди 2 млрд 120 млн сомонӣ маблағ ворид шуд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Буҷаи Тоҷикистон – 2023: Кӣ аз ҳама бештар пул мегирад?

Болоравии нишондиҳандаҳои нақша дар навбати аввал, аз ҳисоби пардохти андозҳо ба буҷет, аз ҷумла андоз аз даромадҳо (андоз аз даромад ва андоз аз фоидаи пешина), андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва аксизҳо таъмин шуд.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир (то соли 2022) иҷрои қисмати даромади буҷет дар нимаи аввали сол дар натиҷаи кам шудани воридоти маблағ аз пардохти андоз дар моҳҳои аввал доимо муяссар намешуд.

Аз 1 январи соли 2022 Кодекси нави андоз мавриди амал қарор гирифта, дар он меъёри баъзе андозҳои сабуктар карда шуд. Масалан, меъёри ААИ, ки зиёда аз 40%-и маблағи пардохтҳо аз андозро ташкил медиҳад, аз 18% то 15% поин рафт.

Мутахассисони мустақил бар ин назаранд, ки коҳиши сарбории андоз ба афзоиши маблағҳои пардохт аз андоз ба буҷет аз ҳисоби аз “соя” (фаъолияти пинҳонӣ) берун овардани даромадҳои худ аз ҷониби тоҷирон мусоидат мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2022 ҳудуди 36,4 млрд сомонӣ (зиёда аз 3,4 млрд доллар)-ро ташкил дод, ки 3,8% зиёдтар нисбат ба нақшаи тасҳеҳшуда аст.

Афзоиши маблағи даромад аз буҷет дар соли гузашта 6,7%-ро ташкил дод.

Аммо ҳиссаи даромадҳо аз пардохти андоз дар соли 2022 аз 66,7% дар соли пешин то 60% кам шуд.

Умедворӣ ба афзоиши дурақамаи даромадҳо

Дар соли 2023 мақомот ба афзоиши баланди даромадҳо ба буҷети давлатӣ ба андозаи 12,3% ё худ 4,1 млрд сомонӣ умедворанд. Бо чунин афзоиш ҳаҷми даромади солона ба “ҳамёни асосӣ”-и кишвар то 37,1 млрд сомонӣ (3,6 млрд доллар) зиёд шуда метавонад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Нақшаи даромади буҷети Тоҷикистон дар соли оянда 4,1 млрд сомонӣ зиёдтар пешбинӣ шудааст

Хароҷоти буҷет дар соли 2023 дар ҳаҷми 38,1 млрд сомонӣ муқаррар шудааст, ки дар муқоиса бо буҷети соли гузашта 4,5 млрд сомонӣ зиёдтар аст.

Ба ин тариқ, касри буҷети давлатии соли 2023 (зиёд будани хароҷот аз даромад) беш аз 1 млрд сомониро ташкил медиҳад ва ба 0,8%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар аст.

Бо вуҷуди сатҳи баланди таваррум, ҳукумат ният дорад, ки дар давоми сол маоши кормандони буҷет, нафақа ва стипендияҳо, кумакпулӣ ва ҷубронпулӣ ба қишри осебпазири аҳолиро зиёд карда, инчунин ба дастгирии муассисаҳои иҷтимоӣ тақвият бахшад.

Хароҷот ба соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли равон дар ҳаҷми 18,6 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки қариб нисфи ҳаҷми умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки имсол маблағгузорӣ аз буҷет қариб ба ҳамаи бахшу соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ зиёд карда мешавад:

Рӯйпӯш кардани зиёда аз нсифи касри буҷет аз ҳисоби қарзҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин барои рӯйпӯш кардани касри буҷет сарчашмаҳои зерин зикр шудааст:

– хусусигардонӣ ва иҷораи амволи ҷумҳуриявӣ;

– фоида аз ҳисоби ҳиссаи давлат дар тиҷоратҳои гуногун;

– фоида аз фурӯши векселҳо (васиқаҳо);

– маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2023;

– сарфаи маблағ аз тендерҳо оид ба хариди давлатии молу маҳсулот, кор ва хидматрасониҳо.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...