Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин иҷлосияи парлумони нав ширкат мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нахустин иҷлосияи парлумони нав-даъвати ҳафтум, ки пагоҳ 19-уми март, соати 10:00 баргузор мешавад, ширкат мекунад. Дар ин бора як манбаъи “Азия-Плюс” аз парлумон хабар дод. Манбаъ гуфт, ки ҷаласа бо ширкати аъзои парлумони нав ва бархе вакилони ҳамакнун собиқ соати 10:00 дар бинои нави парлумон баргузор мешавад. Тибқи низомнома […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нахустин иҷлосияи парлумони нав-даъвати ҳафтум, ки пагоҳ 19-уми март, соати 10:00 баргузор мешавад, ширкат мекунад. Дар ин бора як манбаъи “Азия-Плюс” аз парлумон хабар дод.

Манбаъ гуфт, ки ҷаласа бо ширкати аъзои парлумони нав ва бархе вакилони ҳамакнун собиқ соати 10:00 дар бинои нави парлумон баргузор мешавад. Тибқи низомнома ҷаласаи якуми парлумонро куҳансолтарин вакил бояд боз кунад. Ҳоло маълум нест, ки аз вакилони нав куҳансолтарин кӣ аст.

Қаблан, фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум дар рӯзи 19-уми март соати 10:00 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.

Дар назар аст, ки дар ҷаласаи аввалини парлумон, раис, муовини якум, муовини раиси маҷлис ва роҳбарони кумитаҳову комиссияяҳо низ интихоб гарданд.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки 2-юми март баргузор гардид, бо ғалабаи комили Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон поён ёфт. Ин ҳизб дар ҷамъ аз 63 курсии парлумон 49 кирсиро соҳиб шуд, ки ин ду курсӣ бештар нисбат ба парлумони даъвати пешин аст.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон 7 курсӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 5 курсӣ, Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон яктогӣ курсии парлумонро соҳиб шуданд. Натиҷае, ки панҷ соли пеш ҳам сабт шуда буд.

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бори аввал натавонист ҳеҷ курсиеро дар парлумон соҳиб нашуд. Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ иштирок накард ва сабаби иштирок накарданашро ҳам шарҳ надод. Ин ҳизб ҳарчанд солҳои пеш дар интихобот иштирок мекард, аммо ҳеҷ гоҳ соҳиби мандат нашудааст.

Имсол нозирони САҲА аз назорат ва чанд расонаи мустақили дохилӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла “Азия-Плюс” Радиои Озодӣ ва BBC аз бозтоби интихоботи парлумонӣ маҳрум шуданд.

Дар ин матлаби “Азия-Плюс” дар бораи кӣ ва аз кадом ҳизбу ҳавза вакили парлумон интихоб шуд, хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.