Қирғизистон Шартномаи марз бо Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи роҳ ва чорроҳаҳоро ба тасвиб расонид

Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон қонун дар бораи тасвиби Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатиро, ки 13-уми марти соли 2025 дар Бишкек ба имзо расида буд, имзо кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Қирғизистон хабар додааст. Президенти Қирғизистон, ҳамчунин тасвиби ду созишномаи дигар бо Тоҷикистон – дар бораи таъмини дастрасӣ ба иншооти обу энержӣ […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон қонун дар бораи тасвиби Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатиро, ки 13-уми марти соли 2025 дар Бишкек ба имзо расида буд, имзо кардааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Қирғизистон хабар додааст.

Президенти Қирғизистон, ҳамчунин тасвиби ду созишномаи дигар бо Тоҷикистон – дар бораи таъмини дастрасӣ ба иншооти обу энержӣ ва сохтмону истифодаи роҳҳо, рушд ва истифодаи чорроҳаи роҳҳоро имзо кардааст.

Созишномаи мазкур харакати бемониаи шаҳрвандон, гузаштани воситаҳои нақлиёт ва ҳамлу нақли бор байни ду кишварро пешбинӣ мекунад.

Дар Созишнома тарҳрезӣ ва сохтмони ду шоҳроҳи автомобилгард пешбинӣ шудааст, ки аз лаҳзаи эътибор пайдо кардани Созишнома мақоми бетарафро хоҳанд гирифт: 

– гузаргоҳи “Дача — Капчигай” (Хоҷаи Аъло — Ворух), ки аз тарафи шарқии маҳаллаи Капчигай мегузарад;

– гузаргоҳи “Мин-Орук – Самарқандек” (Ориёно – Шӯристон) дар канори шимолии шаҳраки Сурх;

Тибқи ҳуҷҷат, роҳи “Дача-Қапчигай” (Хоҷаи Аъло-Ворух) аз ҷониби Тоҷикистон ва роҳи “Мин-Орук-Самарқандек” (Ориёно-Шӯристон) аз ҷониби Қирғизистон истифода мешавад.

Зимнан пешниҳод шудааст, ки чорроҳаҳои шоҳроҳи Ӯш-Раззоқов ва Исфара-Ворух, ки мақоми бетарафро касб карда, аз ҷониби давлатҳо бо шартҳои баробар истифода мешаванд, тарафҳо муштаракан таҳия ва истифода кунанд.

Парлумони Қирғизистон ин санадҳоро рӯзи 19-уми марти соли равон ба тасвиб расонида буд.

Бо тасвиби шартнома ва созишномаҳо Қирғизистон тартиботи дохилӣ дар робита ба сарҳадро пурра иҷро кард. Аз ҷониби Тоҷикистон ҳам бояд роҳбари давлат бо имзои қонуни алоҳида онро ба тасвиб расонад.

Бояд гуфт, ки рӯзи 13-уми март Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар шаҳри Бишкек имзо карданд. Ҳамчунин, бо ширкати роҳбарони ду давлат ду гузаргоҳи марзӣ ва ҳамин тариқ, марзи ду кишвар, ки беш аз 4 сол боз баста буд, ба таври тантанавӣ боз шуданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 18-уми март, дар охирин иҷлосияи даъвати шашуми парлумони Тоҷикистон, вакилони ҳамакнун собиқ созишномаи марзӣ бо Қирғизистон ва ду санади дигари вобаста ба марзро ба тасвиб расониданд. Акнун бояд Эмомалӣ Раҳмон онро имзо кунад. 

Ҷузъиёти бештари созишномаи сарҳад бо Қирғизистонро дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио