Ҷоми Осиё-2027. Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ оғоз кард

Тими милли футболи Тоҷикистон дар рақобати якуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар баробари мунтахаби Тимори Шарқӣ бо натиҷаи 1:0 пирӯзӣ ба даст овард. Ин бозӣ шоми дирӯз, 25-уми март дар майдони марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Голи ягонаи футболбозони тоҷикро муҳофизатгар Ваҳдат Ҳаннонов дар дақиқаи сеюм вориди дарвозаи рақиб кард.  Баъди ин пирӯзи тими миллии […]

Asia-Plus

Тими милли футболи Тоҷикистон дар рақобати якуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар баробари мунтахаби Тимори Шарқӣ бо натиҷаи 1:0 пирӯзӣ ба даст овард. Ин бозӣ шоми дирӯз, 25-уми март дар майдони марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Голи ягонаи футболбозони тоҷикро муҳофизатгар Ваҳдат Ҳаннонов дар дақиқаи сеюм вориди дарвозаи рақиб кард. 

Баъди ин пирӯзи тими миллии Тоҷикистон соҳиби се имтиёз гардида, дар зинаи дуюми гурӯҳи “А” қарор гирифт.

Бояд гуфт, Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии мусобиқа як ҷо бо мунтахабҳои Филиппин, Малдив ва Тимори Шарқӣ дар гурӯҳи “А” шомиланд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ мунтахаби Филиппин бар муқобили дастаи Малдив бо натиҷаи 4 бар 1 ғалаба ба даст овард. Баъди ин пирӯзи Филиппин бо гирифтани 3 хол ва бо бартарият дар голҳо дар садри ҷадвали гурӯҳи “А” қарор гирифт.

Ҳамакнун дар бозии навбатӣ дар таърихи 10-уми июн Тоҷикистон дар сафар бо Филиппин дидор анҷом хоҳад дод.

Ёдрас мешавем, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 24 мунтахаб дар 6 гурӯҳ иборат аз 4 дастаӣ ширкат мекунанд. Ҳар як тим дар гурӯҳ 6 бозӣ, 3 рақобат дар майдони худ ва 3-то дар сафар анҷом медиҳад. Ғолибони ҳама гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон танҳо як маротиба ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифта, дар он иштирок карда буд.

Мунтахаби футболи кишвар дар аввалин иштироки худ дар ин мусобиқот, ки аввали соли соли 2024 дар Қатар баргузор шуд, то марҳилаи ¼-ниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо дар ин марҳила Тоҷикистон аз тими Урдун бо ҳисоби як бар сифр шикаст хӯрд ва аз идомаи мусобиқот маҳрум шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.