Рақибони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 маълум шуданд. Бозиҳо кай баргузор мешаванд?

Тими милли футболи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи "А" бо мунтахабҳои Филиппин, Малдив ва Тимори Шарқӣ бозӣ мекунад. Дар ин бора Федератсияи футболи кишвар хабар дода, навиштааст, ки маросиси қуръакашӣ имрӯз, 9-уми декабр, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуд. Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷаи қуръакашӣ 6 гурӯҳ иборат […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Тими милли футболи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи "А" бо мунтахабҳои Филиппин, Малдив ва Тимори Шарқӣ бозӣ мекунад.

Дар ин бора Федератсияи футболи кишвар хабар дода, навиштааст, ки маросиси қуръакашӣ имрӯз, 9-уми декабр, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷаи қуръакашӣ 6 гурӯҳ иборат аз 4 дастаӣ ташкил шудааст. Ҳар як мунтахаб дар гурӯҳ 6 бозӣ, 3 рақобат дар майдони худ ва 3-то дар сафар анҷом медиҳад.

Ғолибони 6 гурӯҳи марҳилаи интихобӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Ба иттилоъи ФФТ, 5 бозии футболбозони тоҷик соли 2025 ва як бозии дигар моҳи марти соли 2026 баргузор хоҳанд шуд.

Тоҷикистон марҳилаи интихобиро рӯзи 25-уми мари соли оянда дар Душанбе бо бозӣ муқобили тими миллии Тимори Шарқӣ оғоз мекунад.

Рақобатҳои дигари тими миллии футболи кишвар ба таври зайл хоҳад буд:

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон танҳо як маротиба ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифта, дар он иштирок карда буд.

Мунтахаби футболи кишвар дар аввалин иштироки худ дар ин мусобиқот, ки аввали соли ҷорӣ дар Қатар баргузор шуд, то марҳилаи ¼-ниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо дар ин марҳила Тоҷикистон аз тими Урдун бо ҳисоби як бар сифр шикаст хӯрд ва аз идомаи мусобиқот маҳрум шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио