Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷаи Эрон имрӯз, 5-уми апрел, бо Файсал бин Фарҳон Оли Сауд, ҳамтои Арабистони худ дар Пекин дидор ва гуфтугӯ карданд.
Вазирони хориҷаи Эрон ва Арабистон бо иштироки вазири хориҷаи Чин барои густариши равобит ва ҳамкории дуҷониба баёнияи муштарак имзо карданд, менависад хабаргузории ИРНА.
Гуфта мешавад, тибқи ин баёния ба зудӣ сафоратхонаҳо боз шуда, хатсайрҳои ҳавоӣ барқарор хоҳанд гардид.
Теҳрон ва Риёз пас аз чанд соли қатъи равобит ба мувофиқа расиданд, ки бар асоси созиши бузурге, ки моҳи гузашта бо миёнҷигарии Чин сурат гирифт, ба ихтилофоти дипломатии худ хотима диҳанд.
Ихтилофи дар робитаҳои Теҳрон ва Риёз соли 2016, дар пайи ҳамла ба сафорат ва консулгариҳои Арабистони Саудӣ дар Эрон қатъ гардид. Он замон ҳамлаваронро қатли Нимр ал-Нимр, як рӯҳонии шиамазҳаби Арабистони Саудӣ ба хашм оварда буд.