Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст

Date:

Қарзи умумӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон бо назардошти солҳои пешин то аввали моҳи марти соли ҷорӣ ба зиёда аз 33,1 млн сомонӣ (беш аз 3 млн доллар) баробар шудааст. Дар ин бора Оҷонсии омори Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин нишондиҳанда қариб 20% ё худ 5,5 млн зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 мебошад.

Қарзи аз ҳама зиёд аз маош дар соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок ба қайд гирифта шудааст, ки ҳудуди 15,5 млн сомонӣ ё худ 46,8% аз маблағи умумии қарзро ташкил медиҳад.

Дар соҳаҳои зерин қарзҳо аз музди меҳнат нисбатан зиёданд:

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Қарз аз музди меҳнат дар минтақаҳои кишвар тариқи зайл аст:

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Оҷонсии омор, дар моҳи феврали соли равон ҳаҷми маоши миёнаи моҳонаи номиналӣ дар Тоҷикистон 2654 сомонӣ ё худ 243 долларо ташкил додааст.

Музди меҳнати ҳадди ақалл (минималӣ) аз 1 январи соли равон дар ҳаҷми 800 сомонӣ (73 доллар) муқаррар шудааст.

Дар ҷумҳурӣ маоши кормандони бонк ва ширкатҳои суғурта нисбатан баланд аст, ки музди меҳнати миёна дар ин бахшҳо ба 5453 сомонӣ (ҳудуди 500 доллар) баробар аст.

Маоши коргарони соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок, ки қарз аз онҳо ба 15,5 млн сомонӣ баробар аст, 4556 (418 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Музди меҳнати пасттаринро дар ҷумҳурӣ коргарони бахши кишоварзӣ мегиранд, ки ҳаҷми он ба 1250 сомонӣ (ҳудуди 115 доллар) баробар аст.

Қобили зикр аст, ки миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ музди меҳнати пасттарин дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.  

Агентии "Ranking.kz" аввали соли ҷорӣ бо истинод ба маълумоти Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ радабандӣ (рейтинг)-и зерини кишварҳои минтақаро оид ба музди миёнаи меҳнат нашр кард:

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...