Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд

Date:

Ҷудокорони тоҷик дар мусобиқоти инфиродии қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки 25 то 27-уми апрел дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, 7 медал, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар рӯзи сеюми мусобиқот, 27-уми апрел Темур Раҳимов, паҳлавони сангинвазни тоҷик дар вазни ҷамъи 100 кг баромад карда, баъди шикасти рақиби худ Магомедумар Магомедумаров аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба финал роҳ ёфт. Аммо дар ин марҳила ӯ дар рақобат бо варзишгари Куриёи Ҷанубӣ Сеунгёб Ли бо гирифтани се огоҳӣ (шидо) мағлуб шуда, маротибаи дуюм медали нуқраи қаҳрамонии Осиёро ба даст овард.

Паҳлавони дигари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг баромад карда, бо шикст додани Каито Грин аз Ҷопон бори дуюм дар корномаи худ аз мусобиқоти қаҳрамонии Осиё медали биринҷӣ гирифт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Темур Раҳимов ва Ҷаҳонгир Маҷидов

Дар ин рӯз, ҳамчунин, варзишгарони дигари тоҷик Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90 кг, Кароматулло Ҳакимов дар вазни то 100 кг ва миёни занон Виктория Киселёва дар вазни ҷамъи 78 кг куштӣ гирифтанд. Вале ҳамаи онҳо дар марҳилаҳои гуногун ноком ва аз медалҳо маҳрум шуданд.

Бояд гуфт, ки  дар рӯзи аввали мусобиқот, 25-уми апрел Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кг, Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов дар вазни поини 66 бо мағлуб кардани рақибони худ медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов аз дасти чап якум ва дуввум

Дар рӯзи дуюми мусобиқот, 26-уми апрел ду намояндаи дигари Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг медали нуқра ва Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг медали биринҷӣ гирифтанд.

Ҳамин тавр, паҳлавонони тоҷик аз Тайланд бо 7 медал, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ бармегарданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 11 варзишгар (9 мард ва 2 зан) намояндагӣ мекарданд.

Дар маҷмуъ, дар мусобиқоти инфиродии қаҳрамонии Осиё 289 варзишгар (165 мард ва 124 зан) аз 29 кишвар ширкат доштанд. Варзишгарон барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) талош карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...