Боздошти як зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми иртибот бо “Ал-Қоида” дар ИМА. Мақомот шарҳ намедиҳанд

Дар Амрико як зодаи Тоҷикистонро, ки шаҳрвандии Русияро доштааст, бо иттиҳоми иртибот бо шабакаи террористии “Ал-Қоида”* боздошт кардаанд. Бо гузашти беш аз ду ҳафта мақомоти Тоҷикистон ин қазияро шарҳ намедиҳанд. Идораи муҳоҷирати ИМА хабар медиҳад, ки марди 39-сола рӯзи 23-юми май дар шаҳри Филаделфияи Иёлати Пенсилвания дастгир гардидааст. Ин ниҳод менависад, ки боздоштшуда дар Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Дар Амрико як зодаи Тоҷикистонро, ки шаҳрвандии Русияро доштааст, бо иттиҳоми иртибот бо шабакаи террористии “Ал-Қоида”* боздошт кардаанд. Бо гузашти беш аз ду ҳафта мақомоти Тоҷикистон ин қазияро шарҳ намедиҳанд.

Идораи муҳоҷирати ИМА хабар медиҳад, ки марди 39-сола рӯзи 23-юми май дар шаҳри Филаделфияи Иёлати Пенсилвания дастгир гардидааст.

Ин ниҳод менависад, ки боздоштшуда дар Тоҷикистон таҳти пайгард қарор доштааст. Аммо ҳувияти ӯ ошкор нашудааст ва мақомот ҳам рӯйи ӯро дар аксҳо тира кардаанд.

Гуфта мешавад, ки ин мард қаблан дар моҳи марти соли 2023 барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират дастгир шуда, вале баъдан бо шарти ҳозир шудан дар додгоҳ муваққатан озод гардидааст.

Ба гуфтаи Брайан Фиел, раиси дафтари Идораи муҳоҷират дар Филаделфия, боздошти ин мард дар ҳамкорӣ бо FBI (Бюрои таҳқиқоти федеролии Амрико) сурат гирифтааст.

“Дар ҳамкории наздик бо шарикони мо дар Бюрои таҳқиқоти федеролии Амрико мо тадбирҳои муассир андешидем, то мардуми мо амнтар бошанд ва аз хатари эҳтимолӣ ба мардуми Амрико пешгирӣ шавад”, – гуфтааст Брайан Фиел.

То замони баррасии комили парванда ва қабули қарори ниҳоӣ дар ИМА боқӣ хоҳад монд. Мақомот маълумот намедиҳанд, ки дар сурати ихроҷ ин шахсро ба кадом кишвар – Тоҷикистон ё Русия – равона хоҳанд кард.

Кӯшишҳои мо барои дарёфти иттилоъ аз вазоратҳои корҳои дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон дар робита ба ин қазия бенатиҷа анҷомид.

Ба иттилои манобеи боз, теъдоди зодагони Тоҷикистон дар Амрико то 16 ҳазор нафар мерасад, ки бештари онҳо дар шаҳрҳои Ню-Йорк ва Филаделфия зиндагӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли гузашта ҳашт зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми алоқа бо гурӯҳи ДОИШ* дар Амрико боздошт шуда буданд. Сарнавишти минбаъдаи онҳо то ҳол маълум нест.

Узвияти шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаркатҳои ифротӣ ва ҳузури онҳо дар ҳамалаҳои террористӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон мақомоти Тоҷикистонро ҳам нигарон кардааст. Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар аввали моҳи марти соли 2024 гуфт, ки тайи се соли охир 24 шаҳрванди Тоҷикистон “дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ даст задаанд”.

*Дар Тоҷикистон созмони террористӣ эътироф шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.