Ду муовини раиси шаҳри Исфара нав шуданд. Онҳо кистанд ва ба ҷои кӣ таъин гардиданд?

Илёс Ҳамзазода ва Парвина Хуршедзода, муовинони нави раиси шаҳри Исфара таъин шудаанд. Дар ин бора ҳукумати ин шаҳр хабар медиҳад. Муаррифии онҳо, рӯзи 10-уми июн баргузор шуда, онҳо “бо розигии президент” ба ин мансаб таъин шудаанд. Парвина Хуршедзодаи 40-сола ба курсии Мадина Бобоиён, ки  моҳи марти соли равон вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд, нишастааст.  Хуршедзода, ки […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Илёс Ҳамзазода ва Парвина Хуршедзода, муовинони нави раиси шаҳри Исфара таъин шудаанд. Дар ин бора ҳукумати ин шаҳр хабар медиҳад.

Муаррифии онҳо, рӯзи 10-уми июн баргузор шуда, онҳо “бо розигии президент” ба ин мансаб таъин шудаанд.

Парвина Хуршедзодаи 40-сола ба курсии Мадина Бобоиён, ки  моҳи марти соли равон вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд, нишастааст.  Хуршедзода, ки аз руйи ихтисос ҳуқуқшинос аст, аз моҳи апрели соли 2022 раиси ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳр буд.

Илёс Ҳамзазодаи 44-сола бошад ба ҷойи Муҳаммад Муҳиддинзода, ки чанд моҳ пештар Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд барои фурӯши замин бар зидди ӯ ва чанд мансабдори дигари шаҳри Исафара парвандаи ҷиноятӣ боз карда буд, таъин гардидааст.

Муҳаммад Муҳиддинзода дар доираи ин парванда бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Исфара 24 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда буд. Ӯ баъди судури ҳукм ҳам як муддат дар мансаби давлатӣ кор мекард, ки он замон баҳсбарангез шуда буд.

Ӯ тақрибан 3 моҳ пеш аз вазифа барканор шуд ва муваққатан бекор будааст.

Илёс Ҳамзазода аз соли 2022 то таъин шудан ба ҳайси муовин сардори Раёсати кишоварзии шаҳр  буд.

Исфара, ки яке аз шаҳрҳои наздисарҳадӣ дар шимоли кишвар аст, номаш чанд маротиба дар робита ба муноқишаҳои марзӣ бо Қирғизистон расонаӣ шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио