“Гов ҳалок шуд, вале оқсил нест”. Кишоварзони тоҷик аз хуруҷи беморӣ мегӯянду мақомот рад мекунанд

Date:

Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон деҳқонон бар ин гумонанд, ки миёни чорвои хонагӣ бемории оқсил (яшур)  хуруҷ кардааст. Аммо дар Кумитаи амнияти озуқавории назди ҳукумати ҷумҳурӣ мегӯянд, ки ҳолатҳои сабтшудаи беморӣ вуҷуд надоранд ва сабаби мурдани чорво риоя накардани шароити нигоҳубин аст.

Кишоварз Муъминҷон аз шаҳри Турсунзода бо 40 ҳазор сомонӣ гови зотӣ харида, бовар дошт, ки сармоягузорӣ ба чорвои зотӣ метавонад оилаи ӯро таъмин намояд. Ӯ ба нигоҳубини гов ҷиддӣ таваҷҷуҳ намуда, саривақт ваксинаҳоро мегузаронд ва доруҳоро аз дорухонаи байторӣ мехарид. Аммо як субҳ говро мурда пайдо кард.

«Ман ҳама корро мувофиқи дастур иҷро кардам, – мегӯяд ӯ. – Ваксинаро, ки дар дорухона тавсия доданд, тибқи дастур истифода бурдам. Пештар байторҳое буданд, ки корашонро медонистанд. Ҳоло бошад, танҳо ба барори кор умед бастан мемонад».

Ин ҳодисаи ягона набуда, дар як қатор ноҳияҳои дигари кишвар низ деҳқонон аз мурдани чорво хабар доданд, ки онҳо ҳам гумон доранд, ки чорво ба бемории оқсил гирифтор шудааст. Аммо Кумитаи амнияти озуқавории Тоҷикистон мавҷуд будани ҳолатҳои сабтшудаи ин бемориро дар ҷумҳурӣ рад мекунад.

Дар посухи расмии ин ниҳод ба саволҳои «Азия-Плюс» гуфта мешавад, ки ваксинаҳо бар зидди бемории оқсил, ки дар Русия ва Ҳиндустон истеҳсол мешаванд, бо шарти риояи муҳлат ва қоидаҳои ваксинзанӣ муассир ва самаранок дониста мешаванд.

Дар Кумита таъкид мекунанд, ки танҳо ваксинзанӣ кофӣ нест, балки риояи шароити нигаҳдории чорво, қоидаҳои нигоҳубин ва ворид кардани дору низ ниҳоят муҳим аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар Кумита зикр карданд, ки ба сироят аз бемории оқсил чорвои ҷавон (гови калони шохдори хонагӣ, хук, буз, гӯсфанд, оҳу) бештар осебпазир мебошанд. Эҳтимоли сироятёбии дигар ҳайвонот, аз ҷумла сагу гурба низ вуҷуд дорад. Гузариши беморӣ ба инсон дар ҳолати истеъмоли шири хом, маҳсулоти шири коркарднашуда ё тамоси мустақим бо ҳайвоноти сироятёфта мумкин аст.

Ба гуфтаи мутахассисони Кумита, барои пешгирии сироятёбӣ аз ширу гӯшти чорвои бемор, риояи қатъии қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, чорабиниҳои беҳдоштиву байторӣ, ҷӯшондани шир, инчунин коркарди ҳароратӣ (термикӣ)-и маҳсулот зарур аст.

“Дар ҳолати ошкор шудани беморӣ дар минтақае, ки қаблан бидуни хатар ҳисоб мешуд, куштани фаврии ҳайвоноти сироятёфта бо риояи қоидаҳои байторӣ тавсия дода мешавад. Ба берун аз ҳудуди хоҷагӣ баровардани гӯшти хом иҷоза дода намешавад. Шир ва пору бояд безарар гардонида шаванд”, – гуфтанд мутахассисони Кумита.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар мавриди куштани чорвои сироятёфта (бемор) ва бо нархи паст ба коргоҳҳои истеҳсоли ҳасиб додани гӯшти онҳо, дар Кумита изҳор намуданд, ки назорат аз болои сифати гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ ба дӯши мутахассисони соҳаи байторӣ (ветеринарӣ) бо роҳи ташхиси байторӣ ва беҳдоштӣ вогузор шудааст.

Дар ҳамин ҳол…

Расонаҳои Туркия рӯзи 1 июл хабар доданд, ки бар асари афзоиши ҳолатҳои сироят аз оқсил мақомоти Туркия тасмим гирифтаанд, ки ҳамаи бозорҳои фурӯши чорво ва маҳсулоти он баста шаванд.

Соли 2025 вазъи эпидемиологии марбут ба бемории оқсил дар саросари ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Давоми солҳои 2024-2025 хуруҷи бемории мазкур дар Олмон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Индонезия, Уммон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба қайд гирифта шудааст.

Хадамоти федералии назорати байтории Русия (Россельхознадзор) изҳор дошт, ки Қазоқистон ният дорад ваксинаи зидди оқислро харидорӣ кунад, ки ба штамми вируси дар кишвар паҳншуда мувофиқат намекунад. Ин ниҳод ҳушдор медиҳад, ки чунин иқдом метавонад ба паҳншавии бидуни назорати беморӣ боис гардида, тамоми кӯшишҳо барои ваксинзаниро беасар кунад.

Маълумотнома

Бемории оқсил (ящур) – ин як бемории сироятии вирусӣ мебошад, ки дар ҳайвоноти ширхӯр, бахусус чорвои калон ва хукҳо маъмул аст. Он бо табларза ва захмҳои афтозӣ (пуфакҳо) дар луобпардаи даҳон, пӯсти шир ва пойҳо тавсиф мешавад. Беморӣ метавонад ба одамон низ гузарад, ҳарчан чунин ҳолатҳо хеле кам вомехӯранд.

Аломатҳои ящур дар ҳайвонот инҳоянд: ҳарорати баланд, дард дар мушакҳо, эҳсоси хориш ва сӯзиш дар даҳон, оби даҳон зиёд ҷорӣ мешавад, суриши чашмҳо, дард ҳангоми пешоб кардан.

Омили оқисл вирусест, ки ба хонаводаи пикорнавирусҳо мансуб аст. Вирус ба хушкӣ ва яхкунӣ тобовар буда, аммо дар ҳарорати 60 °C, зери таъсири нурҳои ултрабунафш ва дезинфексияҳо зуд нобуд мешавад.

Тавсияҳо ба одамон: ширро пеш аз истеъмол ҷӯшонед, то вирусро кушед. Шири ҳайвоноти сироятёфта ё ҳайвоноти ба наздикӣ сироятёфтаро нахӯред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...