Қирғизистон ба гузоштани симхор дар қитъаҳои баҳсноки сарҳад бо Тоҷикистон оғоз кардааст

Date:

Ҷониби Қирғизистон ба корҳои насби симхор дар қитъаҳои баҳсноки сарҳад бо Тоҷикистон оғоз кард. Корҳо дар қитъаи ағбаи "Коҷо Тари", наздикии деҳаи Оқ-Сой дар ноҳияи Ботканд ва мавзеи "Катта-Туз" дар ноҳияи Лайлак ҷараён доранд, хабар медиҳад "Еconomist.kg" бо истинод ба намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд.

Ба иттилои ин ниҳод, дар ин қитъаҳо дар масофаи 74 км чуқурӣ кофта шуда, дар масофаи 68 км қубурҳои филизӣ (металлӣ) ва дар 62 км ноқилҳо кашида шудаанд. Ҳамчунин ба дарозии ҳудуди 90 км роҳҳои саҳроӣ сохта шуда, корҳои гузоштани симхор ва дигар навъи панҷараҳо оғоз гардидааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Гуфта мешавад, ба ин корҳо хидматчиёни ҳарбии Хадамоти сарҳадбонии КДАМ, Вазорати мудофиа, Қушӯнҳои дохилии ВКД, полки махсуси “Шумқор”-и ВКД ва кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Ботканд сафарбар шудаанд.

“Дар маҳаллаҳои аҳолинишини ҷойи насби панҷараҳо бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Ҳамзамон ҳудуд аз дарахту буттаҳо тоза карда мешавад. Сокинони маҳаллӣ аз тадбирҳои марбут ба танзими сарҳад ҷонибдорӣ ва ҳатто нисбат ба корҳои наздик ба хонаҳояшон хуб муносибат мекунанд”,- – гуфтааст Ойбек Шаменов, намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд.

ГАЛЛЕРЕЯ (13)













Қобили зикр аст, ки Қирғизистон ба корҳои аломатгузорӣ дар сарҳад бо Тоҷикистон моҳи апрел дар вилояти Ботканд аз нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон оғоз намуд. Барои таъмини кори марзбонон шаҳраки саҳроӣ бунёд шуда, барои корҳои муҳандисӣ техникаи махсус сафарбар шудааст.

Созишнома дар бораи сарҳад, ки 13 март дар Бишкек ба имзо расид, ба ҷараёни таъйину аломатгузории сарҳад байни Тоҷикистонва Қирғизистон хотима бахшид. Аз 1006 км сарҳади умумӣ ҷонибҳо сари муайян кардани 486 км қаламрави баҳснок ба мувофиқа расиданд.

Ҷониби Тоҷикистон дар бораи оғози корҳои маҳкамкунии сарҳади худ бо Қирғизистон ҳоло хабар надодааст.

Рӯзи 31 марти соли равон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор гардида, дар он Шартнома миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...