Қазоқистон қоидаҳои додани раводид ба донишҷӯёнро сангинтар мекунад. Ин ба донишҷӯёни тоҷик низ дахл дорад?

Date:

Ин тадбир барои мубориза бо фасод ва пешгирии ворид гардидани муҳоҷирон  ба сифати донишҷӯён равона шудааст. Дар ин бора Саясат Нурбек, вазири илм ва таҳсилоти олии Қазоқистон гуфтааст, хабар медиҳед "Tengri Education".

“Агар дарёфти раводиди донишҷӯӣ хеле осон боқӣ би\\монад, муҳоҷирон ҳарчи бештар худро донишҷӯ вонамуд карда, ба Қазоқистон меоянд”, – шарҳ додааст вазир.

Мақомоти Қазоқистон сиёсати раводидро бознигарӣ мекунанд. Аз ҷумла, шаҳрвандони Бангладеш ва Афғонистон барои кор ё истифодаи транзит ба Аврупо, ба таври оммавӣ раводиди донишҷӯӣ мегирифтанд.

Ба гуфтаи мақоқмоти Қазоқистон, ба донишҷӯёни хориҷии боистеъдод, ки “барои кишвар заруранд”, метавонанд Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) диҳанд.

“Барои мо муҳим аст, ки чунин донишҷӯён дар ин ҷо кори худро ба роҳ монанд, лоиҳаи нав (стартап) боз кунанд. Ҷиҳати дар ин ҷо мондани чунин донишҷӯён мо омодаем”, – изҳор доштааст Саясат Нурбек.

 

Чӣ тағйир меёбад?

Акнун донишҷӯён барои давраи тамоми таҳсил раводид мегиранд, лекин танҳо баъди санҷиши шахсият ва аслӣ (ҳақиқӣ) будани ҳуҷҷатҳо. Пештар лозим меомад, ки муҳлати раводид ҳар сол дароз карда шавад, ки ба ақидаи вазир, хавфҳои коррупсиониро ба бор меовард.

Ба расмият даровардани раводидро тариқи онлайн роҳандозӣ мекунанд. Донишгоҳҳо квота гирифта, мустақиман донишҷӯёнро қабул мекунанд. Пас аз ин даъватномаи расмӣ таҳия мешавад.

Пойгоҳи ягонаи рақамӣ таъсис дода мешавад, ки вазоратҳои маорифу корҳои дохила ва хориҷӣ, Кумитаи амнияти миллӣ ва дигар мақомоти давлатиро муттаҳид месозад. Ин низом имкон медиҳад, аз ҷониби киҳо дарёфт шудани раводид ва бо кадом асосҳо додани он пайгирӣ шавад.

 

Дар макотиби олии Қазоқистон чӣ қадар донишҷӯён аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд?

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд, айни замон мушкилоти марбут ба донишҷӯёни Тоҷикистон дар Қазоқистон вуҷуд надорад. Ҳамасола байни кишварҳо табодули академикии донишҷӯёну омӯзгорон сурат гирифта, инчунин дар доираи чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангӣ корҳои муштарак роҳандозӣ мешаванд.

Ғайр аз ин, бар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ ҳамасола барои таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таълимии ҳамдигар 100 квота (бурсия) ҷудо карда мешавад.

Вазорат ҳамчунин тариқи Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байнулмилалӣ” ҳамкориро тақвият бахшида, бо макотиби олии Қазоқистон робитаҳои қавии шарикироба роҳ мемонад.

Дар Вазорат зикр карданд, ки муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарду кишвар шарикии дуҷонибаи мутақобилан судмандро рушд дода, дар чаҳорчӯби он чорабиниҳои гуногун ташкил карда мешаванд.

Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар доираи табодули академикӣ 23 корманд ва 74 донишҷӯ аз мактабҳои олии Тоҷикистон ба Қазоқистон фиристода шуданд.

Айни замон 1300 шаҳрванди Тоҷикистон дар макотиби олии Қазоқистон ва 108 донишҷӯ аз Қазоқистон дар мактабҳои олии Тоҷикистон таҳсили илм мекунанд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки дар доираи амалисозии қарордодҳои дуҷониба, дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ факултаи муштараки технологияҳои иттилооотии Донишгоҳи миллии АвруОсиёии ба номи Л.Н. Гумилёв тасъсис дода шудааст. Ҳозир дар он аллакай мувофиқи се ихтисоси тасдиқшуда донишҷӯён таҳсил мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...