“Регар-ТадАЗ” бори ҳаштум соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуд

Date:

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода тими ”Эсхата”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дода, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон-2025 шуд. Бозии ниҳоии ин мусобиқа рӯзи 14-уми сентябр, дар варзишгоҳи “20-солагии истиқлоли Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури 13,8 ҳазор кас сурат гирифт.

Бозии финалӣ аз оғози вохӯрӣ бо бартарии меҳмонон – “Регар-ТадАЗ” ҷараён гирифта, то охир онҳо бозиро зери назорат доштанд. “Эсхата”, ки бори аввал ба даври финалӣ барои дарёфти Ҷом роҳ ёфт, ба фишори дастаи таҷрибадор тоб оварда натавонист.

Голҳои дастаи шаҳри Турсунзодаро Шервони Мабатшоев, Самандар Қодиров, Шӯҳрат Элмуродов (ду гол) ва Нозим Бобоҷонов заданд. 

Ин бори 8-ум аст, ки “Регар-ТадАЗ”  Ҷоми Тоҷикистонро ба даст меорад. Ӯ соли гузашта ҳам ҷомро соҳиб шуда буд. “Эсхата” аввалин бор ба бозии ниҳоии ин мусобиқа роҳ ёфта буд. Мувофиқи қоидаҳои Конфедераттсияи футболи Осиё (КФО), дорандаи ҷоми кишвар барои иштирок дар Лигаи даъвати Конфедератсия ҳақ пайдо мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Алишер Тӯхтаев, сармураббии даста гуфтааст, ки ғалаба бояд як таконе барои ҳунарнамоии муваффақона дар арсаи байнулмилалӣ шавад: “Барои мо муҳим аст, ки ин ғалаба ба футболбозон дар бозиҳои Ҷоми даъвати КФО далериву ҷасорат бахшад. Бозингарон бояд дарк кунанд, ки ба мубориза на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз ҳудуди он қодиранд”.

Бояд гуфт, ки маблағи ҷоизавии Ҷоми Тоҷикистон 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барандаи ҷом бо 60 ҳазор сомонӣ ва иштироккунандаи бозии ниҳоӣ бо 40 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...