Душанбе. 13-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров бо намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо таҳти роҳбарии муовини роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Клаус Расмуссен масъалаи баргузории ислоҳот дар низоми Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили амалисозии лоиҳаҳои муштараки ВКД ҶТ ва САҲА, татбиқи минбаъдаи нобуд сохтани аслиҳаи сабуки мусодирашуда, рушди хадамоти кинологии вазорат, истифодаи имконоти Академияи вазорат ҷиҳати такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон ва таҳкими имконоту қудрати мақомоти умури дохилӣ табодули афкор намуданд.


