Далер Ҷумъа: “Тоҷикистон дар таъмини кишварҳои Осиёи Марказӣ бо барқ нақши муҳим дорад”

Date:

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об гуфт, Тоҷикистон ба масоили рушди соҳаи энергетика ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.

Ӯ дар ҳошияи ҳамоиши "Dushanbe Invest – 2025" зикр кард, ки Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ки он "то 527 миллиард киловатт-соат барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва аз нигоҳи иқтисодӣ дастрасро дар як сол ташкил медиҳад".

Вазири энергектик аз ҷумла аз НБО "Роғун", яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар минтақа,  мисол овардааст, ки "аллакай имрӯз дар таъмин бо барқ саҳми назаррас дорад"

Ба гуфтаи вай, дар ду агрегати нерӯгоҳ, ки мавриди истифода қарор гирифтаанд, ҳудуди 10 млрд кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст.

"Пас аз  анҷоми сохтмони НБО-и "Роғун" бо иқтидори умумии 3 780 МВт, он на танҳо дар таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон, балки интиқоли барқи аз лиҳози экологӣ тоза ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (Афғонистон ва Покистон) нақши муҳим хоҳад дошт", — таъкид кардааст Далер Ҷумъа.

Ғайр аз ин, ӯ зикр кардааст, ки дар Тоҷикистон то 300 рӯзи офтобӣ ба қайд гирифта мешавад.

"Тибқи арзёбии пешакӣ, иқтидори энергетикии кишвар танҳо дар қисмати шимол оид ба нерӯи офтобӣ зиёда аз 4 600 МВт ва энергияи бодӣ – 580 МВт-ро ташкил медиҳад, аммо айни замон ин захираҳо то ҳол истифода нашудаанд”, – гуфтааст вазир.

Дар ҷараёни кори форум масоили марбут ба бозори энергетикии Тоҷикистон ва ҷараёни ташаккули он, ҷалби бахши хусусӣ ба соҳаи энергетика бо назардошти манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия – нерӯи барқи обӣ, офтобӣ ва бодӣ, рушди ҳамкорӣ дар заминаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва дигар масоили муҳим баррасӣ шуданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14-уми октябр дар доираи кори ҳамоиши "Душанбе Инвест – 2025" байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва ширкатҳои гуногун якчанд санади муҳим, аз ҷумла се протокол ва ду ёддошт дар самти сохтмони нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ, инчунин лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика  ба имзо расид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...