Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми ҷаҳон хайрбод гуфт

Date:

Дастаи мунтахаби футболи то 17-солаи Тоҷикистон дар охирин бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон ҳам шикаст хӯрда, ин мусобиқаро тарк кард.

Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳӣ наврасони тоҷик бо ҳамсолонашон аз Буркина-Фасо дидор анҷом дода, бо ҳисоби 0:2 ба шикаст рӯ ба рӯ шуданд. Ин рақобат дар кишвари Қатар сурат гирифт.

Миллипӯшони навраси тоҷик дар ду бозии қаблии худ ҳам аз Амрико ва Чехия шикаст хӯрда буданд. Ҳамин тавр, дастаи мо бидуни ба даст овардани имтиёз ва бохт дар ҳама бозиҳо зинаи охири гурӯҳро касб карда, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд. 

Наврасони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон-2025 дар гурӯҳи “I” ҳамроҳ бо ҳамсолонашон аз Амрико, Чехия ва Буркина Фасо қарор доштанд.

Бояд гуфт, дар мусобиқа 48 даста дар 12 гурӯҳ қарор доранд. Дастаҳои зинаи якум ва дуюм, инчунин, 8 дастаи беҳтарини зинаҳои сеюми гурӯҳҳо ба марҳилаи 1/16-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...