Раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд мулоқот ва машварат мекунанд

Date:

Имрӯз дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ҳафтумин мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Ӯзбекистон хабар дода, навиштааст, дар он раисҷумҳурони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва ҳам раисҷумҳури Озорбойҷон,  роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе иштирок мекунанд.

Бояд гуфт, раисҷумҳури Озарбойҷон аллакай соли сеюм аст, ки дар мулоқотҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок мекунад.

“Рӯзномаи чорабинӣ масъалаҳои тақвияти минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак дар самтҳои афзалиятнокро дар бар мегирад. Дар бораи масъалаҳои мубрами сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат мегирад”, – навиштааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Ӯзбекистон.

Ҳамчунин, таъкид шудааст, ки дар натиҷаи вохӯрии машваратӣ қабули бастаи назарраси ҳуҷҷатҳои бисёрҷониба пешбинӣ мешавад.

Дар бораи иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқоти машваратӣ то ҳол мақомоти Тоҷикистон иттилои расмӣ ироа накардаанд.

Бояд зикр кард, ки ташаббуси баргузории машваратҳои мунтазами сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби раисҷумҳури Ӯзбекистон дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии СММ дар моҳи сентябри соли 2017 пешниҳод шуда буд. Мулоқоти аввал соли 2018 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон доир шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...