Мане, Феликс, Брозович, Мартинес… дар Душанбе. Роналду боз ба Тоҷикистон наомад

Date:

Ҳайати дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ барои бозӣ бо “Истиқлол”-и Тоҷикистон шоми 24-уми ноябр ба шаҳри Душанбе омад, вале Криштиану Роналду, футболбози маъруфи пуртуғолӣ ва ҳамлагари ин даста ба он шомил нест. Сабаби ба Тоҷикистон наомадани Роналду то кунун расман шарҳ дода нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, футболбозони маъруфе чун Садио Мане, Жоау Феликс, Марсело Брозович, Иниго Мартинес, ки дар дастаи “Ан-Наср” бозӣ мекунанд, ба Тоҷикистон омадаанд.

Рақобати “Истиқлол” бо “Ан-Наср” дар доираи даври 5-уми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё рӯзи 26-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардида, соати 18:45 оғоз мешавад. Дар бозии аввали дастаҳо, ки моҳи сентябр дар шаҳри Риёз доир шуд, “Ан-Наср” бо ҳисоби калони 5:0 “Истиқлол”-ро ноком карда буд.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Ҳардуи даста ҳамроҳ бо “Аз-Завра”-и Ироқ ва  “Гоа”-и Ҳиндустон дар гурӯҳи “D”-и мусобиқа қарор доранд. Ҳоло “Ан-Наср” бо 12 имтиёз садрнишини гурӯҳ буда, “Аз-Завра” ва“Истиқлол” бо доштани 6 холӣ дар ҷойҳои дуюму сеюм ва “Гоа” бо 0 имтиёз дар ҷои охир қарор доранд.

Ин бори аввал нест, ки Криштиану Роналду дар ҳайати дастаи “Ан-Наср” ба Тоҷикистон намеояд. Соли гузашта ҳам дар доираи Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё, ин даста бо тими “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар як гурӯҳ буданд. Вале Криштиану Роналду бо сабаби ҷароҳат бардоштан дар дидор бо “Персеполис”-и Эрон дар ҳайати “Ан Наср” ба Тоҷикистон наомада буд.

Ҳарчанд дар пайи хабарҳо дар бораи омадани Криштиану нархи чиптаи бозии дастаҳои “Ал-Наср” ва “Истиқлол” то ба 3 ҳазор сомонӣ расида буд.

“Бинобар ин сабаб Роналдуро роҳбарияти тим истироҳат додаанд ва дар бозӣ муқобили “Истиқлол” ба Душанбе намеояд. Ҳамин тавр, бо наомадани Роналду орзуи мухлисони зиёди футболи тоҷик, ки хостгори аз наздик дидани бозии ӯро доштанд, ҷомаи амал напӯшид”, – навишта буд ТВ “Варзиш”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...