Баъди манъи кор барои муҳоҷирон, нархи хидматрасонии ширкатҳои боррасон дар Санкт-Петербург беш аз 40% афзоиш ёфтааст

Дар пайи манъи кор дар самти колорасонӣ барои муҳоҷирон дар Санкт-Петербурги Русия, нархи хизматрасонии ширкатҳои боррасон дар баъзе минтақаҳои ин шаҳр беш аз 40% афзоиш ёфтааст, навиштааст хабаргузориҳои русии “Фонтанка”. Қарори манъи кор дар самти колорасон ё боррасон барои муҳоҷирон бо вуҷуди доштани иҷозатномаи корӣ (патент) дар моҳи август тасдиқ ва сар аз 22-юми ноябри соли […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар пайи манъи кор дар самти колорасонӣ барои муҳоҷирон дар Санкт-Петербурги Русия, нархи хизматрасонии ширкатҳои боррасон дар баъзе минтақаҳои ин шаҳр беш аз 40% афзоиш ёфтааст, навиштааст хабаргузориҳои русии “Фонтанка”.

Қарори манъи кор дар самти колорасон ё боррасон барои муҳоҷирон бо вуҷуди доштани иҷозатномаи корӣ (патент) дар моҳи август тасдиқ ва сар аз 22-юми ноябри соли ҷорӣ қувваи қонунӣ пайдо кард.

“Фонтанка” навиштааст, ки арзиши интиқоли молу коло дар баъзе минтақаҳои Санкт-Петербург дар рӯзи аввали ба иҷро даромадани қарор беш аз 40% афзоиш ёфтааст.

“Масалан, нархи ҳадди ақали фармоиш аз “Самокат” барои интиқол ба хиёбони Дунайский аз 440 рубл то 750 рубл афзоиш ёфтааст. Дар баъзе минтақаҳои шаҳр арзиши интиқол тақрибан 2-4% афзоиш ёфтааст”, – навиштааст ин расона

Хадамоти матбуотии “Yandex Delivery” низ афзоиши нархро эълон кардааст.

“Дар пайи татбиқи қонуни мазкур бо кам шудани колорасонҳо ва афзоиши талабот интизор меравад, арзиши хадамоти боррасонӣ зиёд шуда вақти расонидани фармоиш низ дароз шавад”, – навиштааст “Yandex Delivery”.

Бояд гуфт, ки қаблан низ дар ин шаҳр фаъолияти муҳоҷирон ҳамчун колорасон манъ гардида буд, аммо аввали моҳи июл ин қарор дубора бозбинӣ шуда, кор дар соҳаи колорасонӣ ва таксиронӣ барои муҳоҷирон иҷоза дода шуда буд.

Пештар аз ин, дар Санкт-Петербург маҳдудият дар бахши таксиронӣ низ ҷорӣ гардида буд. Он замон гуфта мешуд, ки ба ин маҳдудият соҳаи колорасонӣ низ илова шуда, рӯйхати намудҳои фаъолияти мамнӯъ барои муҳоҷирон васеъ мешавад.

Мақомоти ин шаҳр мегӯянд, ҳадаф аз гирифтани чунин тасмим “мубориза бо кори ғайриқонунӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ва эҷоди ҷойи кор барои шаҳрвандони Русия мебошад”.

Ин дар ҳолест, ки бархе минтақаҳои Русия, ки пештар кори муҳоҷиронро дар баъзе соҳаҳо, аз ҷумла, таксиронӣ маҳдуд карда буданд, дубора барои фаъолияти онҳо дар ин соҳаҳо иҷоза медиҳанд. Мақомоти ин кишвар гуфта буданд, дар Русия рӯз то рӯз норасоии шадиди қувваи корӣ ба мушоҳида мерасад ва эътироф мекунанд, ки бе муҳоҷирон иқтисоди ин кишвар пеш намеравад.

Пештар даҳҳо минтақаи ин кишвар, аз ҷумла вилоятҳои Новосибирск, Самара, Тула, Магадан ва Челябинск ба фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ дар баъзе соҳаҳо маҳдудиятҳо ҷорӣ шуда буданд. Боз дар кадом минтақаҳои Русия ва дар кадом соҳаҳо кор барои муҳоҷирон манъ шудааст, дар ин матлаби мо хонед.

Гуфтан зарур аст, ки тайи ду соли охир мақомоти Русия ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.