Дар мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург” ё “Grand Slam”-и Абузабӣ, ки аз 28-ум то 30-юми ноябр дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мешавад, 9 ҷудокори тоҷик ширкат меварзанд. Ин яке аз мусобиқоти калидии охири мавсими имсола ба ҳисоб меравад.
Дар ин чорабинии варзишӣ, наздики 400 варзишгар аз 52 кишвар ширкат карда, дар 14 вазн – 7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон мубориза мебаранд.
Ҳайати Тоҷикистон дар ин мусобиқот ба таври зайл аст:
– Меҳрзод Сӯфиев – дар вазни то 60 кг;
– Абӯбакр Шеров ва Муҳиддин Асадуллоев – ҳарду дар вазни то 73 кг;
– Суннатулло Мӯсоев ва Беҳрӯзи Хоҷазода – ҳарду дар вазни то 81 кг;
– Абдулаҳад Маҷидов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода – ҳарду дар вазни то 90 кг;
– Сомонӣ Кишваров ва Ҷаҳонгир Маҷидов – ҳарду дар вазни то 100 кг.
Фонди умумии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Барандаҳои медалҳои тиллои ин мусобиқот соҳиби 5 ҳазор евро, медали нуқра 3 ҳазор евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоиза ба даст меоранд.
Иштирок дар "Abu Dhabi Grand Slam" марҳилаи муҳим барои омодагӣ ба мавсими 2026 ва мусобиқаҳои интихобии давраи нав маҳсуб меёбад. Ин мусобиқот дар "Mubadala Arena", ки борҳо мусобиқаҳои пурнуфузиҷаҳониро қабул кардааст, баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии “Abu Dhabi Grand Slam 2024”, ки рӯзҳои 11-13 -уми октябр дар шаҳри Абузабӣ баргузор шуд, се нишон – як нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Барномаи “Abu Dhabi Grand Slam 2025”:
28-уми ноябр (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.
29-уми ноябр (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.
30-юми ноябр (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.


