“Истиқлол” дар бозии ҷавобӣ ҳам аз “Ан-Наср” шикаст хӯрд. Вале умед барои гузаштан ба даври дигар ҳаст

Date:

Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар рақобат бар муқобили тими “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуд, ба бохти калон рӯ ба рӯ гардид.

Ин бозӣ дар доираи даври 5-уми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи “D” сурат гирифта, бо натиҷаи 4:0 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт. Голҳои “Ан-Наср”-ро Жоау Феликс, Муҳаммад Симакан, Садио Мане ва Айман Яҳё заданд.

Сараввал, Жоау Феликс, ҳамлагари пуртуғолии дастаи арабӣ дар дақиқаи 12-ум аз ҷаримаи 11-метра ё пеналтӣ ҳисобро боз кард. Баъдан 5 дақиқа қабл аз поёни қисми аввали бозӣ Муҳаммад Симакан бори дуввум ба дарвозаи “Истиқлол” гол зад.

Садио Мане дар дақиқаи 84-ум бори сеюм ва Айман Яҳё дар дақиқаҳои иловагӣ (90+2) маротибаи чаҳорум дарвозаи истиқлолро рахна кард.

Пас аз ин бохт, мавқеи “Истиқлол” дар гурӯҳи “D” тағйир наёфт ва дастаи кишвари мо бо 6 хол дар зинаи сеюм боқӣ монд. Тими “Ан-Наср” баъди ин ғалаба шумораи имтиёзҳояшро ба 15 адад расонида, мавқеашро дар садри ҷадвали гурӯҳ қавӣ кард. Ин даста аллкай аз зинаи аввал ба даври ҳазфӣ (плей-офф) роҳхат гирифтааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Дар бозии дигари гурӯҳи “D” шаби гузашта дастаи “Аз-Завра”-и Ироқ дар майдони худ “Гоа”-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Ҳамин тариқ, ҳоло аз гурҳи “D” танҳо “Ан – Наср” ба давраи баъдӣ роҳ ёфтааст. Тақдири роҳхати дуюми гурӯҳи “D”  баъди анҷоми бозиҳои даври охир муайян мешавад.

Бодя гуфт, ки "Истиқлол" дар бозии қаблӣ аз "Ан-Наср" бо ҳисоби 5:0 мағлуб гашта буд. Ин дидор моҳи сентябр дар шаҳри Риёз баргузор гардид.

“Истиқлол” дар бозии охирини марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 24-уми декабр дар сафар бо “Гоа” мубориза мебарад. Дар ҳамин рӯз “Ан-Наср” дар майдони худ “Аз-Завра”-ро қабул мекунад.

Ягона имкони “Истиқлол” барои баромадан аз гурӯҳ пирӯзӣ дар баробари “Гоа” ва умед бар он аст, ки “Ан-Наср” дар рақобат бо “Аз-Завра” шикаст нахӯрад. Фарқияти голҳо (-7) вазъро душвор мегардонад, аммо тавозуни нерӯҳо ба "Истиқлол" имкон медиҳад, ки ба гирифтани роҳхати марҳилаи ҳазфӣ умедвор бошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...