Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА/FIFA) феҳристи расмии доваронеро, ки дар соли ҷорӣ бозиҳои байналмилалиро ҳакамӣ мекунанд, нашр кардааст.
Ба ин рӯйхат 18 довари тоҷик ворид гардидаанд – 7 довари ФИФА, 8 ёвари довари ФИФА ва 2 довари футзали ФИФА. Ҳамчунин, 4 довари тоҷик, ки дар рӯйхати мазкур қарор доранд, ҳаққи ҳакамӣ кардани бозиҳои байнлмилалиро ҳамчун довари навор ё VAR пайдо кардаанд.
Теъдоди доварони тоҷик дар ин рӯйхат нисбат ба соли гузашта 1 кас афзоиш ёфта, аз 17 нафар ба 18 кас расидааст.
Феҳристи доварон аз Тоҷикистон, ки дар соли 2026 бозиҳои байналмилалиро ҳакамӣ мекунанд, ба таври зайл аст:
Доварони ФИФА:
Гулмуроди Саъдулло (Душанбе);
Насрулло Кабиров (Норак);
Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе);
Абдулло Давлатов (Шаҳринав);
Амирҷон Хоркашев (Душанбе);
Нодира Мирзоева (Душанбе);
Наталя Сотникова (Душанбе);
Ёварони доварони ФИФА:
Акмал Буриев (Турсунзода);
Хусрави Сиддиқзод (Душанбе);
Ҳасан Каримов (Норак);
Фарҳод Қуралов (Душанбе);
Вафо Қараев (Шаҳринав);
Исмоил Нуралиев (Норак);
Ғайрат Рӯзибоев (Шаҳринав);
Дилшода Раҳмонова (Душанбе);
Доварони футзали ФИФА:
Суҳроб Сатторов (Турсунзода);
Сафаралӣ Маҳмадизода (Душанбе);
Доварони видео (VAR):
Гулмуроди Саъдулло (Душанбе);
Абдулло Давлатов (Шаҳринав);
Амирҷон Хоркашев (Душанбе);
Зуҳал Хуҷаназарова (Душанбе).
Қаблан ФФТ хабар дода буд, ки Гулмуроди Саъдулло, ки довари ФИФА аз Тоҷикистон аст, бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро ҳакамӣ мекунад.
Ӯ якҷо бо дастааш дар бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «С» миёни дастаҳои мунтахаби Чин ва Арабистони Саудӣ, ки 10 сентябр дар шаҳри Даляни Чин баргузор мешавад, сардовар таъин шудааст.


