Рабудан ва ба додгоҳе дар Ню-Йорки Амрико интиқол додани Николас Мадуро ва Силия Флорес, раисҷумҳур ва бонуи аввали Венесуэла баҳсу баррасиҳои зиёд – аз тағйири куллӣ дар низоми то имрӯз ташаккулёфтаи ҷаҳон то зери по шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилал аз сӯйи абарқудратон. Ҳарчанд то ин лаҳза ҷаҳон борҳо шоҳиди рабудан ё қатли раисҷумҳури як кишвари мустақил аз сӯйи давлати абарқудрате шуда буд, аммо ин бор аз камтарин таҷрибаҳое буд, ки раисҷумҳур ҳамроҳ бо ҳамсараш дуздида шуд.
Мадуро ва Флорес агар ҳам ки соли 2013 расман оила бунёд карданд, аммо чандин сол пеш аз ин бо ҳам робита доштанд. Ҳарду ҳам пештар оила доштанд ва аз он оилаҳои худ фарзанд ҳам доранд. Аммо бунёди оила миёни Мадуро ва Флоресро метавон баҳамойии ғояву ҳадафҳо номид. Ҳардуи онҳоро ғояҳои Ҳуго Чавез, роҳбари пешини Венесуэла ва идомаи роҳи интихобкардаи ӯ дар як масир қарор дод. Ва ин ғояву масири муштарак буд, ки ҳардуро то ба додгоҳи Амрико овард.
Дар ин матлаб талош кардем ду маводи ВВС-ро бо ихтисор ба ҳам орем ва аз роҳи тайкардаи Мадуро ва Флорес қисса кунем.
"Баргузида"-и роҳбари хоризматик
Вақте Николас Мадуро дар соли 2013 ҷонишини Ҳуго Чавез (Уго Чавес), раисҷумҳури пешини Венесуэла шуд ва раёсати ҷумҳуриро бар уҳда гирифт, мардуми ин кишвар комилан омода буданд: ӯ “баргузида” буд, касе, ки роҳбари хоризматики қаблӣ барои гирифтани зимоми қудрат интихоб кард.
Ҳуго Чавез, раисҷумҳури собиқи ин кишвар дар соли 2012 дар ҳоли дармони саратон буд, ки ниҳоятан ҷонашро гирифт. Аммо пеш аз он, дар телевизиони миллӣ зоҳир шуд то ҷонишинашро муаррифӣ кунад.
Чавез дар симои Мадуро касеро медид, ки бояд тарҳи сиёсиаш, яъне “Инқилоби боливарӣ”-ро идома диҳад. Чеҳраи амалгаро ва на тундрав, ки дар гирдиҳамоиҳои хиёбонӣ бо либоси ғайрирасмӣ ва дар дар ҷаласаҳои расмӣ бо шиму костюм буд.
Марги Чавезро соли 2013 Николас Мадуро эълом кард. Замоне ки иқтисоди кишвараш аслан ба даромадҳои нафтӣ такя мекард.
Омадани Мадуро беш аз як даҳа ошӯбҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, буҳронҳои пай дар пай, интиқодҳои дохилӣ ва байналмилалӣ аз ҳукумати ӯро дар пай дошт.
Чолиши пешрӯи Мадуро аз ҳамон ибтидо азим буд. На танҳо бояд ба ҷои Чавези хоризматик меомад ва вафодории амиқе, ки ӯ барангехта буд, такрор мекард, балки бояд бо иқтисоди рӯ ба завол ҳам муқобила мекард.
Дар солҳои поёни Чавез ислоҳоти иқтисодӣ роҳандозӣ шуд, чунки қимати нафт коҳиш ёфта буд. Пас аз марги ӯ, иҷрои ин ислоҳот, аз ҷумла тағйирот дар низоми нархи арз бар уҳдаи Мадуро афтод, аммо ӯ натавонист ислоҳотро пеш барад.
Таҳлилгарон ҳукуматро мавриди интиқод қарор доданд. Онҳо аз ин ки Мадуро масъулиятҳои идории умдаеро ба афсарони олирутбаи низомӣ супорида буд, аз ҷумла воридоти ғизо ва маҳсулоти асосӣ ва ҳатто идораи ширкати нафти давлатии “PDVSA”, ки манбаи аслии даромади кишвар буд, ибрози ноумедӣ карданд.
Бо вуҷуди афзоиши нуфузи низомиҳо, норомӣ дар маҳалҳои низомӣ идома дошт, аз ҷумла тавтеаҳо, танишҳои дохилӣ ва боздоштҳо.
Чолиши Аслӣ
Соли 2015 дар миёнаи буҳрони мавҷуда, мухолифони Венесуэла дар Маҷлиси миллӣ аксарияти бузург шуданд. Мадуро инро пешбинӣ карда, додрасҳои вафодорро дар Додгоҳи Олӣ мансуб кард, ки сипас ихтиёроти Маҷлисро маҳдуд карданд.
Чанд давлати Амрикои Лотинӣ ин иқдомотро маҳкум карданд, аммо то охири соли 2016 додгоҳҳо ҳам референдуми барканорӣ ва ҳам талошҳо барои муҳокимаи сиёсии Мадуроро масдуд карданд.
Агарчӣ Додгоҳи Олӣ зарфи 72 соат ҳукми худро пас гирифт, аммо кор аз кор гузашта буд: хашми умдаи густардае шакл гирифт, ки ба чаҳор моҳ эътирози хиёбонӣ кашида шуд ва ҳудуди 120 нафар кушта шуданд. Ҳукумат бо саркӯб вокуниш кард ва тазоҳуроти бузург ба тарафдории давлат ҳам созмон дод.
Дар ниҳоят, саркӯб, хастагӣ аз эътироз ва сарсахтии ҳукумат ба Мадуро кумак кард то ин давраи пурталотумро паси сар кунад.
Мадуро дар баробари Гуайдо
Дар интихоботи соли 2018, ки Николас Мадуро бори дуюм ғолиб шуд, аксар мухолифин дар он иштирок накарданд.
Онҳо эълом карданд, ки ҷойгоҳи раёсатҷумҳурӣ холӣ аст ва тибқи Қонуни асосӣ, Хуан Гуайдо, раиси Маҷлиси миллӣ бояд масъулиятро ба уҳда гирифта ва зарфи 30 рӯз интихобот баргузор кунад.
Амрико ба ҳамроҳи шуморе аз кишварҳои аврупоӣ ва Амрикои Лотинӣ Гуайдоро ба унвони раисҷумҳур ба расмият шинохтанд.
Дар қиболи ин, чандин кишвари дигар, аз ҷумла Чину Русия Мадуроро ба ҳайси раисҷумҳур шинохтанд ва табрик гуфтанд.
Трамп сипас таҳримҳоеро бар саноати нафти Венесуэла – манбаи аслии даромади он кишвар эълом кард.
Тавлиди нафти Венесуэла коҳиш ёфт ва ҳукумати Мадуро идораи дороиҳои ба арзиши миллионҳо доллар дар хориҷро аз даст дод.
Афзоиши фишор
Пас аз эълони ғолибияти Мадуро дар интихоботи соли 2024 ва бозгашти Трапм ба Кохи Сафед дар июни соли гузашта ҳукумати Мадуро ба шакли қобили таваҷҷуҳе заиф шуд.
Мадуро ба унвони пирӯзи интихоботи раёсатҷумҳурӣ эълом шуд. Дар муқобил, мухолифон беш аз 80 дарсади барагҳои шуморишро мунташир карда, гуфтанд номзади онҳо Гонсалес Уррития пирӯз аст.
Пас аз ин эътирозҳои хиёбонӣ рух дод ва тибқи иттилои расмӣ, давлат беш аз ду ҳазор нафарро зиндонӣ кард.
Уррития ба Испания фирор кард ва роҳбари мухолифон Мария Мачадо, ки аз номзадӣ дар интихобот маҳрум шуда буд, ба махфигоҳ рафт. Ӯ танҳо дар декабри соли 2025 барои дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел дар Осло зоҳир шуд.
Бо бозгашти Трамп ба Кохи Сафед, фишор афзоиш ёфт ва роҳкори сахтгиронае бо баҳонаи муқобила бо қочоқи маводи мухаддир дар Амрикои Лотинӣ ба кор гирифта шуд. Мадуро ба роҳбарии гурӯҳе муттаҳам шуд, ки ба интиқоли маводи мухаддир ба Амрико машғул аст. Иттиҳоме, ки Мадуро рад кард.
Амрико ҳудуди понздаҳ ҳазор нерӯи худро дар атрофи Венесуэла мустақар кард. Ин нерӯҳо шуруъ ба ҳадаф қарор додани қаиқҳое карданд, ки ба қавли мақомоти Амрико, ҳомили маводи мухаддир буданд ва аз моҳи сентябр дастикам 110 нафар дар ҷарёни ин ҳамалот кушта шуданд. Фаъолони ҳуқуқи башар ин мавридҳоро “эъдомҳои фароқонунӣ” тавсиф кардаанд.
Коршиносон навиштанд, ки ҳузури низомии Амрико дар баҳри Қариб ва назорати комили киштиҳои ҳомили нафт, интихобро барои Мадуро ҷиҳати музокира бо Трамп маҳдуд кард.
Ба назар мерасад, ин пешбинӣ ба таври драматикӣ собит шуд. Марде, ки ба дасти худи Ҳуго Чавез барои идомаи инқилоб дар Венесуэла интихоб шуд, аз сӯйи артиши Амрико бо поймол кардани қонунҳои байналмилалӣ рабуда шуд ва акнун дар додгоҳе дар Ню-Йорк якҷо бо ҳамсараш Силия Флорес бо сарнавишти худ рубарӯ аст.
Бонуи аввали Венесуэла
Силия Флорес, ҳамсари Николас Мадуро аз барҷастатарин занон дар сохтори ҳукумати Венесуэла буда, аз сӯи ҳомиёнаш бо унвони нахустин мубориз ёд мешавад.
Ӯ дар соли 1956 таваллуд шуда, масири сиёсии мустақили худро ҳамзамон бо пешрафти сиёсии ҳамсараш шакл дод ва дар бархе маврид ҳатто ба мақомҳои болотар аз ӯ расид.
Расонаҳо менависанд, Силия Флорес дар муайян кардани самти сиёсии кишвараш нақши фаъол бозидааст, бахусус пас аз он ки Мадуро дар соли 2013 раисҷумҳур шуд. Ӯ ҳам мисли шавҳараш дар сояи Ҳуго Чавез ба қудрат расид.
Зиндагии Флорес баъди кудатои нофарҷоми соли 1992 ба роҳбарии Чавез масири тоза пайдо кард. Ӯ ба тими ҳуқуқие пайваст, ки аз афсарони муттаҳам ба тарроҳии кудато дифоъ мекард. Лоиҳаи сиёсии ҳамин гурӯҳ баъдҳо ба масири аслии фаъолияти ӯ табдил шуд.
Дар ҳамон давра ӯ бо Мадуро ошно шуд. Аз он замон сарнавишти ҳар ду бо Чавез ва ҷунбиши сиёсии гиреҳ хурд.
Намояндаи парлумон ва додситони кулл
Бо расидани Чавез ба қудрат дар интихоботи раёсатҷумҳурии 1998, Флорес низ ба мансаби муносибе даст ёфт. Ӯ соли 2000-ум ба порлумон роҳ ёфт ва пас аз пирӯзӣ дар давраи дуввум, дар соли 2006 ба унвони нахустин дар маснади раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд.
Ӯ ба муддати шаш сол роҳбарии порлумонро бар уҳда дошт, ки амалан ба Маҷлиси яккаҳизбӣ табдил шуда буд, зеро ҳизбҳои аслии мухолиф тасмим гирифта буданд дар интихобот ширкат накунанд.
Дар даврони раёсати ӯ вуруди расонаҳо ба саҳни порлумон мамнуъ шуд. Ин маҳдудият соли 2016 пас аз интихоботи ҷадиди порлумон, ки мухолифон идораи Маҷлиси миллиро ба даст гирифтанд, бекор шуд.
Флоресро ҳамчунон барои ба кор гирифтани то чил хешовандаш интиқод мекарданд.
Аввали соли 2012 Чавез ӯро ба унвони Додситони кулл мансуб кард, мансабе, ки то марти 2013 дар ихтиёр дошт. Ӯ соли 2013 баъди раисҷумҳур интихоб шудани Мадуро бо ӯ издивоҷ кард ва расман бонуи аввал шуд.
Ин издивоҷ ба робитаи чандинсолаи онҳо расмият бахшид, вале онҳо фарзанди биологии худро надоранд. Аз издивоҷи қаблиашон Флорес се фарзанд ва Мадуро як фарзанд доранд, ки якҷоя бузург кардаанд.
Соли 2015 Флорес барномаи телевизионие бо унвони “Бо Силия мисли як хонавода”-ро аз шабакаи давлатӣ ва як сол баъд барномаи дигареро аз радиои давлатӣ пахш кард. Аммо солҳои ахир таваҷҷуҳи расонаҳо на бар худи ӯ, балки ба хонаводааш бештар будааст.
Дар ноябри соли 2015 дар Амрико ду бародарзодаи ӯ бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт ва соли 2017 ба 18 соли зиндон маҳкум шуданд. Додситонӣ онҳоро ба истифодаи фурудгоҳи Майкетия дар Каракас барои ирсоли ҳаштсад килограмм кокаин ба Ҳондурас ва аз он ҷо ба Амрико муттаҳам карда буд.
Флорес дар вокуниш, мақомҳои амрикоиро ба рабудани бародарзодаҳояш муттаҳам кард.
Онҳо дар октябри соли 2022 пас аз он ки ҳафт шаҳрванди Амрико аз зиндони Венесуэла озод шуданд, аз сӯи Ҷо Байден авф шуданд.
Бо бозгашти Трамп ба Кохи Сафед, ин ду бародарзода ва дигар аъзои хонавода бори дигар таҳрим шуданд, аммо ин бор Мадуро ва Флорес худ бо вазъияти душвортаре рубарӯ ҳастанд.


