Кӯлоб. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вохӯрии даври шашуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ аз дастаи «Регар» ТдАз бо ҳисоби сифр бар 2 шикаст хӯрд.
Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» мураббии даста Ғайрат Мираҳмадов гуфт, чанде қабл аз истеъмоли хӯрок ҷисми футболбозони даста заҳролуд гардида, ҳатто имкон надоштанд ба Хуҷанд ба бозии даври панҷум раванд. «Аз ин рӯ, футболбозони даста ба ин бозӣ аз ҷиҳати рӯҳӣ ҳам хуб омода набуданд ва гузашта аз ин, бо доварони бозӣ низ дағалона рафтор намуданд», – гуфт ӯ.
Табибони даста мегӯянд, таъсири заҳролудшавӣ муддати як моҳ дар ҷисми инсон боқӣ хоҳад монд.