Соли гузашта беш аз 62% даромади буҷети давлатиро андозҳо ташкил додаанд

Соли 2025-ум 62,1% ҳаҷми умумии даромадҳои буҷети давлатии Тоҷикистонро андозҳо ташкил додаанд. Дар ин бораи Оҷонсии омор хабар медиҳад. Ин ниҳод менависад, ки даромад аз андозҳо дар соли гузашта ҳудуди 37,5 млрд сомониро ташкил доданд, ки 25,6% зиёдтар аз нақшаи пешбинишуда аст. Дар муқоиса бо соли 2024 воридоти маблағ аз андозҳо 28,6% афзудааст. Ба иттилои манбаъ, афзоиши даромадро […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли 2025-ум 62,1% ҳаҷми умумии даромадҳои буҷети давлатии Тоҷикистонро андозҳо ташкил додаанд. Дар ин бораи Оҷонсии омор хабар медиҳад.

Ин ниҳод менависад, ки даромад аз андозҳо дар соли гузашта ҳудуди 37,5 млрд сомониро ташкил доданд, ки 25,6% зиёдтар аз нақшаи пешбинишуда аст. Дар муқоиса бо соли 2024 воридоти маблағ аз андозҳо 28,6% афзудааст.

Ба иттилои манбаъ, афзоиши даромадро пеш аз ҳама, андоз аз арзиши иловашуда (ААИ), андоз аз даромад ва аксизҳо таъмин карданд, ки ба андозҳои асосӣ мансубанд. Ҳудуди 40%-и андозҳо ба буҷет аз ҳисоби ААИ, қариб 29% аз ҳисоби аз андоз аз даромад ва каме бештар аз 4% аз ҳисоби аксизҳо ворид шудааст.

"Даромадҳои ғайриандозӣ ҳудуди 6,4 млрд сомониро ташкил додаанд, ки ба 10,5% аз ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ баробар аст", – менависад Оҷонсии омор

Ба иттилои ин ниҳод, дар сурати умум, ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2025 беш аз 60,3 млрд сомониро ташкил дод, ки 13,2% зиёдтар аз нақшаи пешбинишуда аст.

Дар ҳамин ҳол, хароҷоти буҷет дар соли гузашта зиёда аз 57,1 млрд сомониро ташкил дод, ки 25,6% зиёдтар нисбат ба соли 2024 мебошад. Ба соҳаи маориф ва илм 20,5%, маҷмааи сӯзишворӣ-энергетикӣ – ҳудуди 20%, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 12,9% ва соҳаи тандурустӣ – 7,9%-и маблағҳо равона шудааст.

Қисмати хароҷоти буҷети давлатии соли 2026 зиёда аз 65 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо даромади муқарраршудаи буҷети давлатии соли 2025 -ум 31% зиёдтар аст.

Ҳаҷми хароҷоти умумии буҷет ба маблағи ҳудуди 67 млрд сомонӣ муқаррар шудааст.

Маблағгузорӣ ба соҳаҳои калидии иҷтимоӣ дар соли 2026 дар ҳаҷмҳои зерин пешбинӣ шудааст:

– маҷмааи сӯзишворӣ-энергетикӣ — 15 млрд сомонӣ;

– маориф — 13,7 млрд сомонӣ;

– тандурустӣ — 5 млрд сомонӣ;

– суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ — 8,5 млрд сомонӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.