Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон ва Рӯзи модар ба ягона зиндони занонаи Тоҷикистон дар шаҳри Норак, китоб, маводи конселяриву беҳдоштӣ, ғизо ва дигар маҳсулоти лозима барои зиндониён ва кӯдакони онҳо тақдим кард.
Ба ин ташабус на танҳо кормандони расона, ҳамчунин хонандагон ва шарикони мо низ ширкат карданд ва дар ҷамъоварии китобу маводҳои лозима саҳм гузоштанд.
Китоб барои ин муассиса хело зарур аст, зеро аксари адабиёте, ки дар китобхонаи он мавҷуд аст, кайҳо хонда шудаанд. Ин аст, ки Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ин иқдоми моро хуш пазируфт ва ҳамчунин, шароит фароҳам овард, ки аз шароити нигоҳдории занони маҳбус дар ин зиндон аз наздик шинос шавем.
Дар маҷмӯъ, беш аз 500 китоб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, инчунин албом, дафтар, қалам ва дигар лавозимоти канселярӣ барои кӯдакон, ба муассиса тақдим карда шуданд.
Дар ягона зиндони занона дар кишвар 471 зан адои ҷазо мекунанд. Ҳамчунин, 11 кӯдаки то сесола ҳамроҳи модарашон қарор доранд. Кӯдакон то сесолагӣ дар инҷо бо модарошон мемонанд ва баъд аз он ба наздикони занон дода мешаванд. Ҳар як кӯдак бо модараш дар ҳуҷраи алоҳида ҷойгир буда, барои онҳо шароит муҳайё аст. Ҳамзамон, дар байни маҳбусон 4 зани ҳомила низ ҳастанд.
Ин занон дар зиндон миёни чор девор маҳдуд набуда, метавонанд бо машғулиятҳои гуногун, аз ҷумла давраҳои омӯзишӣ машғул шаванд ва ва ҳатто ҳунар омӯзанд. Толорҳои ороишӣ ва дӯзандагӣ дар ҳуҷраҳои алоҳида ҷойгир буда, барои фароғати маънавии занон китобхона низ фароҳам аст.
Дар ин китобхона атрофи 6 ҳазор китоб мавҷуд буда, занон дар баробари китобхонӣ, маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ, аз ҷумла “Шоҳномахонӣ”, “Илм фуруғи маърифат”, “Тоҷикон” — оинаи таърихи миллат” мегузаронанд. Барои ширкат дар ин озмунҳо ба занон имтиёзҳо низ пешниҳод мешавад – шумора ва муҳлати вохӯриҳои дарозмуддат ва кӯтоҳмуддатро бо аъзои оила зиёд мекунанд.
Ванҷигул Лангаршоева, муовини раиси муасисаи ислоҳии занона гуфт, дар зиндон занҳои китобхон зиёд буда, китобҳои мавҷуда барояшон кофӣ нест. Ӯ афзуд, нақша доранд дар оянда китобхонаро васеътар кунанд, зеро ҳоло он барои занҳои китобхон танг аст. Лангаршоева ба “Азия-Плюс” барои тақдими китобҳо миннатдорӣ кард.
Ҳамчунин, дар зиндони занона як коргоҳи дӯзандагӣ мавҷуд аст, ки дар он 45 зан авал ба омӯзиш фаро гирифта, баъдан, ба кор ҷалб мешаванд. Онҳо барои маҳбусон ҳам дар дохили зиндон ва ҳам дар дигар зиндонҳо либосҳои ягона, инчунин барои мақомоти гуногуни давлатӣ либосҳои махсус медӯзанд.
Ғайр аз ин, дар зиндон як коргоҳи истеҳсоли макарон амал мекунад, ки дар он занон кор мекунанд ва он на танҳо худи зиндон, балки дигар муассисаҳои ислоҳиро дар саросари кишвар бо ин маҳсулот таъмин мекунад. Ин ташаббусҳо на танҳо ба беҳтар шудани шароити кори занон мусоидат мекунанд, балки ба онҳо имкон медиҳанд, ки малакаҳои касбиро инкишоф диҳанд ва музди меҳнати муносиб ба даст оранд.
Ҳоло дар зиндони занонаи Норак таъмир идома дошта, биноҳои куҳна бозсозӣ мешаванд. Масъулин мегӯянд, талош доранд, шароити нигоҳдории занонро дар зиндон беҳтар кунанд.
Дар навбати худ, занон умедашонро аз даст намедиҳанд. Дар чашмони онҳо садоқати самимӣ ба худтакмилдиҳӣ ва хоҳиши рушд кардан мушоҳида мешавад. Бо вуҷуди ин ки онҳо, инҷо бо ҷурмҳои гуногун маҳкум шудаанд, ҳар яке мехоҳад ба ҷомеа баргардад ва ҳаёти навро оғоз кунад. Онҳо дар инҷо вақти худро на танҳо барои омӯзишу кор, ҳамчунин, барои андешаҳои амиқ дар бораи сарнавишти худ ва ҷустуҷӯи умед барои озодӣ истифода мекунанд.

