Нархи гӯштро дар Тоҷикистон кӣ муқаррар мекунад?

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Пас аз ҷорисозии маҳдудияти муваққатӣ ба фоида, нархи гӯшт дар Душанбе ба субот омада, лекин дар рафҳои савдо маҳсулоти воридотӣ бештар аст ва гӯшти маҳаллӣ бо сабаби арзиши аслии баланд қариб нест. Гузориш аз бозори “Саховат” нишон медиҳад, ки гӯшт чӣ гуна нархгзорӣ мешавад, барои чӣ метавонанд фурӯшандагонро ҷарима кунанд ва чаро танзим на ҳама вақт мушкили гарон будани гӯштро наметавонад ҳал кунад.

Гӯшти маҳаллӣ куҷост? Дар бозорҳои пойтахт чӣ мефурӯшанд

Як ҳафта пас аз оғози моҳи Рамазон мо ба бозори «Саховат»-и Душанбе рафтем, то бифаҳмем, ки оё нархи гӯшт тағйир ёфтааст ё не. Дар аввалин дӯкон дидем, ки 1 кг гӯшти гов бо нархи 65 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд — 75 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар дигар нуқтаҳо низ ҳамин нарх. Фурӯшандагон мегӯянд, ки гӯшт воридотӣ аст, аз Беларус.

Дар дигар рафҳо низ ҳамин гуна вазъият аст. Фарқият дар нархҳо ночиз аст: дар ҷое гӯшти гов 65, дар ҷой дигар — 67 сомонӣ аст. Гӯшти гӯсфанд ба ҳисоби миёна — 75 сомонӣ нарх дорад. Ҳадди ақалл дар вақти боздиди мо болоравии шадид ба қайд гирифта нашуд.

Фурӯшандагон мегӯянд, ки гӯшти Беларус якчанд навъ аст ва гӯшти нархаш 65 сомонӣ варианти нисбатан арзонтар мебошад.

“Ин гӯшт мисли гӯшти буққаҳои мо на он қадар бомазза аст”, – изҳор дошт яке аз онҳо.

Ба гуфтаи ӯ, пухтани он пас аз яхбандӣ душвор аст, зеро қисмате аз обаш рафта, ширадорӣ ва тару тозагиаш камтар мешавад, аз ин рӯ, барои яклухт пухтан (стейкҳо) камтар муносиб аст. Лекин барои самбӯса, манту ва дигар хӯрокҳо бо гӯшти қима бештар мувофиқ меояд.

Фурӯшанда фарқият бо гӯшти мурғро муқоиса мекунад: “Шумо маззаи гӯшти мурғ аз мағоза ва гӯшти мурғи хонагиро чашидаед? Фарқияташ тақрибан ҳамин хел аст”.

Гӯшти гови нархаш 75 сомонӣ ба гуфтаи фурӯшандагон, сифаташ хубтар мебошад. Ин ҳам гӯшти истеҳсоли Беларус аст, лекин навъи дигар.

“Буққаҳоро соҳибкорони мо дар ҳамон ҷо, дар Беларус забҳ кардаанд”, – шарҳ медиҳанд фурӯшандагон.

Фарқиятт дар шакли зоҳирӣ ҳам дида мешавад, ранги гӯшти нисбатан арзон сурхи равшан ва нархаш 75 сомонӣ тираву зичтар аз рӯйи сохтор, рангаш наздик ба гӯшти маҳаллӣ аст.

Мо аз ҳудуди 20 нуқтаи фурӯш дар бозори “Саховат” боздид карда, дар ҳама ҷо нархҳо як хел буданд: 1 навъи гӯшти гов 65 сомонӣ ва нисбатан босифаташ – 75 сомонӣ.

Дар ҳамин ҳол, дар рафҳои фурӯш мо гӯшти гов ва гӯсфанди маҳаллӣ пайдо накардем. Савдогарон мегӯянд, ки ин сарфакорӣ аст, зеро арзиши аслии гӯшти гови ватанӣ аз 80 сомонӣ зиёдтар мебошад. Агар арзонтар фурӯшӣ, пас бо зиён кор мекунӣ, агар гаронтар – ба гуфтаи онҳо, ҷарима мешавӣ.

Яке аз фурӯшандагон илова намуд, ки гӯшт бо назардошти арзиши харид, хароҷоти овардан (нақлиёт), иҷора, нерӯи барқ ва талафот ҳангоми майда кардани он гузошта мешавад.

“Мо ҳамту нархро поин бурда наметавонем”, – мегӯяд ӯ. Тибқи арзёбии ӯ, аз 1 кг гӯшт 5-10 сомонӣ фоида мемонад.

Воридотиро гирифта, маҳаллиро интизор мешаванд

Харидорон назди дӯконҳо омада, касе савдо мекунад, дигарӣ хомӯшона пул мебарорад. Дар яке аз дӯконҳо каме навбат пайдо мешавад. Зане пораи гӯшти чарбаш камро интихоб карда, мегӯяд, ки дар моҳи Рамазон барои ифтор зиёдтар гӯшт мехаранд. “Нарх алҳол устувор аст, мегӯяд ӯ. – Лекин пеш аз ид нарх маъмулан боло меравад”.

Як марди миёнсол хоҳиш мекунад, ки 2 кило гӯшти нархаш 65 сомонӣ баркашанд. Ӯ эътироф мекунад, ки гӯшти маҳаллиро меписандад, лекин ҳозир он дар бозор нест ва гаронтар ҳам мебошад.

“Албатта, гӯшти худӣ хубтар аст, лекин агар онро наоранду ва нархаш ҳам баланд бошад, маҷбурем, ки гӯшти Беларус харем”, – мегӯяд ӯ.

Харидорон зикр мекунанд, ки имсол бахусус бодиққат нархҳоро пайгирӣ доранд. Дар моҳи Рамазон талабот маъмулан меафзояд ва мардум аз гароншавӣ нигаронӣ мекунанд. Бархе эътироф мекунанд, ки ҳозир камтар гӯшт мехаранд. Дигарон изҳор мекунанд, ки бо нархҳои ҳозира розианд: агар пештар 1 кило 90-100 сомонӣ нарх дошт, пас ҳозир метавон бо 65-75 сомоӣ харидорӣ кард.

Танзими давлатӣ: чи гуна маҳдудиятҳо амал мекарданд

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар доданд, аз 14 ноябри соли 2025 то 14 феврали соли 2026 тибқи фармони №53, барои молу маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим маҳдудияти муваққатии даромаднокӣ ҷорӣ шуд.

Сатҳи ниҳоии даромаднокӣ аз маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ то 10% ва воридотӣ – то 8%-ро ташкил медод. Ин тадбир хусусияти зиддибуҳронӣ дошта, ба нигаҳдории болоравии нархҳо равона шуда буд.

Дар Хадамот шарҳ доданд, ки ин танзим на танҳо нисбат ба гӯшти гову гӯсфанд, балки гӯшти паранда, тухми мурғ, орд (навъи 1 ва 2-юм), маснуоти макарон, гандум, биринҷ, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти ширӣ, нуриҳои органикӣ ва минералӣ барои бахши кишоварзӣ низ амал мекард.

Соҳибкорони машғул ба истеҳсол, коркард, воридот ва фурӯши ин маҳсулот уҳдадор буданд, ки ҳисоби арзиши аслиро мувофиқи қонунгузорӣ мутобиқ карда, меъёрҳои муқарраршудаи ҳадди ниҳоии муқарраршудаи даромаднокиро истифода баранд.

То тағйири нархҳо воридкунандагон ва истеҳсолкунандагон бояд ҳуҷҷатҳои асоснок ва ҳисоби хароҷотро ба Хадамоти зиддиниҳисорӣ пешниҳод мекарданд. Барои риоя нашудани талабот тибқи моддаи 553 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шуда буд.

Дар давраи амали фармон назорат пурзӯр шуд: аз соҳибкорон ҳуҷҷатҳои маҳсулот ва ҳисобу китоби арзиши аслӣ пурсида мешуд. Дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда маъмулан ягон мушкилӣ пеш намеомад, аммо дар ҳолати мавҷуд набудани онҳо, соҳибкор метавонист ҷарима шавад.

Дар ҳамин ҳол, давлат нархи сабтшудаи 1 кило маҳсулотро муқаррар намекард ва танҳо даромад дар сохтори нарх маҳдуд мешуд.

Пас аз 14 феврали соли 2026 амали маҳдудият ба охир расид ва акнун нархҳо мувофиқи тарзу усул ё худ қоидаҳои бозор муқаррар карда мешаванд.

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар Душанбе ин тадбирҳо ба нигаҳдории болоравии босуръати нарх кумак карданд. Фурӯшандагон метавонистанд хароҷоти худро ба инобат гиранд, лекин фоизи муқарраршудаи даромадро боло барда наметавонистанд. Ин ҷо рақобат ва пайдо шудани маҳсулоти воридотӣ низ нақши иловагӣ бозид.

Дар ҳамин ҳол, нархи 1 кг гӯшти гову гӯсфанд дар минтақаҳо беш аз аз 90 сомониро ташкил дода, дар баъзе то 120 сомонӣ мерасид. Имрӯз ҳам нархҳо дар ҳамин сатҳанд.

Чӣ гуна нарх гузошта мешавад?

Тавре ки дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ шарҳ доданд, тартиби гузоштани нархҳои озод бо қарори ҳукусати №527 аз 30 майи соли 2018 муайян шудааст. Нархи чакана аз нархи фурӯш ва иловапулии савдо ба вуҷуд меояд.

Ба сохтор арзиши харид, хароҷоти нақлиётӣ ва амалиётӣ, андоз ва даромад дохил мешаванд. Барои гӯшти маҳаллӣ хароҷот ба хӯрока, хадамоти байторӣ, фаъолияти хоҷагӣ ва пардохти маош ва ба гӯшти воридотӣ – арзиши қарордодӣ тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон, хароҷоти интиқол, пардохтҳои гумрукӣ ва хароҷоти дохилӣ ба инобат гирифта мешавад.

Бино ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, арзиши баланди гӯшти ватанӣ ба саршумори маҳдуди чорвои сергӯшт, хӯрокаи гарон, сатҳи пасти воридоти чорвои зотӣ ва норасоии мутахассисон марбут дониста мешавад.

Ғайр аз ин, қисмати назарраси чорво дар хоҷагиҳои шахсӣ нигаҳдорӣ мешавад. Истеҳсоли гӯшт дар он ҷо 45-50% аз вазни зинадро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки дар фермаҳои саноатӣ он метавонад аз 60% зиёд бошад. Ин мустақиман ба арзиши аслӣ таъсир мерасонад.

Роҳи ҳаллу фасли масъала дар ин маврид танҳо парвариши саноатии чорво барои гӯшт буда метавонад.

Чаро дар супермркетҳо гӯшт гаронтар аст?

Дар супермаркетҳо 1 кг гӯшт аксаран зиёда аз 100 сомонӣ нарх дорад. Фурӯшандагон фарқиятро на танҳо дар иловапулии нарх, балки дар модели кор низ шарҳ доданд.

Дар онҳо хароҷот ба иҷораву таҷҳизот, коргарон ва нигаҳдорӣ баландтар аст. Гӯшт одатан бурида шуда, бастабандӣ ва тамғабандӣ шудааст. Ғайр аз ин, супермаркетҳо бо таҳвилгарони расмӣ кор мекунанд, аз назорати байторӣ мегузаранд ва хавфи аз эътибор соқит шудани маҳсулотро доранд. Ҳамаи ин омилҳо арзиши аслиро боло мебаранд.

Дар бозор хароҷот пасттар буда, гӯшт бисёр вақт мустақиман аз хоҷагиҳо ё миёнравон оварда мешавад ва бидуни бастабандии иловагӣ фурӯхта мешавад. Аз ин рӯ, нарх метавонад пасттар бошад.

Асосҳо барои ҷарима

Ҷавобгарӣ зимни аз сатҳи муқарраршудаи даромаднокӣ боло бурдан (дар вақти амали чунин маҳдудият. Ҳоло амал намекунад, – Идора), истифодаи иловапулиҳои беасос, пешниҳод накардани ҳисобу китоб бо талаби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ё иҷро накардани таъинотҳои он пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, барои ҷаримабандӣ исботи арзиши аслии воқеӣ, даромади воқеӣ ва далели боло бурдани сатҳи иҷозагардида зарур аст. Худ ба худ нархи баланд қонуншиканӣ ҳисоб намешавад.

Масалан, агар пас аз забҳ ва бо назардошти ҳамаи хароҷот 1 кг гӯшт ба соҳибкор 70 сомонӣ афтода бошад, пас зимни даромаднокии 10% нархи ҳадди ниҳоии фурӯши 1 кг гӯшт 77 сомониро ташкил медиҳад.

Дар вақти ҳисобу китоб на танҳо нархи фурӯши чорво, балки арзиши пурраи он ба назар гирифта мешавад.

Аммо фурӯшандагон мегӯянд, ки қариб ҳамаи чорворо аҳолӣ нигоҳ медорад ва зимни харид касе ҳуҷҷат пешниҳод намекунад. Аз ин рӯ, пешниҳоди ҳисоби арзиши аслӣ ба мақомоти санҷиш душвор аст.

Иқтисодчиён зикр мекунанд, ки фишори маъмурӣ ба савдогарони сабабҳои калидии болоравии нарх, аз ҷумла гароншавии хӯрока, логистика ва вобастагӣ ба воридотро бартараф намесозад.

Айни замон сатҳи ҳадди ниҳоии сабтшудаи даромад нест. Агар савдогар бо ҳуҷҷат сохтори нархро тасдиқ карда тавонад, ӯро танҳо барои гӯшти “гарон” ҷарима кардан имкон надорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз мураккабтарин низомҳои сиёсиро дорад, ки дар он дин ва демократия бо ҳам омехта шудаанд. Бисёре аз таҳлилгарон ин сохторро сахт...

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.

Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?

Дар Хадамоти алоқа мегӯянд, ки нархҳо поин рафта, суръат баланд шудааст, лекин дар асл вазъият чӣ хел аст?