Инак, рӯзи 7-ум аст, ки на танҳо тоҷикон, ҳамчунин намояндагони халқҳои гуногун бо эътиқоди мутафовит ҷашни Наврӯзро бо унсурҳои ба худ хос таҷлил мекунанд. Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад – расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.
Воқеан, доманаи ҳавзаи Наврӯз фарох буда, халқу миллатҳои гуногун бо шеваҳои мухталиф онро ҷашн мегиранд, вале ба андешаи пажӯҳишгарон новобаста аз он ки дар маросими наврӯзӣ баъзе ҷузъиёти ҷашнороӣ тафовут доранд, вале асолати Наврӯз ва бунмояи он барои тамоми халқияту қавмҳо яксон мемонад ва он муттаҳидкунанда аст. Чӣ гуна як ҷашни бостонӣ тавонист фарҳангҳо ва ҷомеаҳои гуногунро муттаҳид созад ва кадом унсурҳои Наврӯз онро ба ҷашни воқеан фаромиллӣ табдил медиҳанд? Дар ин матлаб талош кардем, ба ин суолҳо посух ҷӯем.
Калимаи “Наврӯз”
Равшан Раҳмонӣ, фолклоршинос ва мардумшиноси маъруфи тоҷик, ки пиромуни Наврӯз пажӯҳишҳои вижа анҷом додааст, гуфт, аслан Наврӯз қариб бо тамоми анъанаю суннатҳои худ дар ҳамаи миллату халқҳои ҳавзаи Наврӯз ҳамгун таҷлил мешавад ва монандиҳои зиёд дар шеваи ҷашнороӣ дорад.

Аммо ба таъкиди вай, баъзе анъанаҳои ин ҷашн мувофиқи урфу одат, таом, либос ва ороишоти миллии ҳар як кишвар бо каме тафовут шакл гирифтаанд. Вале бунмоя, паём ва моҳияти он барои тамоми халқҳои ҳавзаи Наврӯз яксон боқӣ мемонад.
Ба андешаи ин донишманди тоҷик, “сабаби ваҳдатофарии он, қабл аз ҳама, худи вожаи “Наврӯз” аст.
“Аввал ин ки дар тамоми ҳавзаи Наврӯз худи калимаи “Наврӯз”-ро истифода мекунанд, шояд бо каме талаффузи дигар. Масалан, дар Қазоқистон “Науриз”, дар Қирғизистон “Нооруз”, дар Туркияву Ироқ “Невруз” ва дар ҳар кишваре бо андаке баёни ҷузъии дигар. Аммо решаи ҳамаи он вожаи Наврӯз аст, ки яке аз омилҳои ваҳдаткунандагии он мебошад”, – шарҳ дод ӯ.
Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо
Аксари донишмандон, ки пиромуни Наврӯз ва таъриху шеваҳои таҷлили он пажӯҳиш кардаанд, бар ин назаранд, ки бунмоя ва далели муттаҳидкунандагии Наврӯз дар инсонмеҳварии он мебошад.
Равшан Раҳмонӣ мегӯяд, ҳамаи инсонҳое, ки дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз зиндагӣ мекунанд, Наврӯзро дар ҳамҷоягӣ, бо шодиву нишот ва ишқу алоқа ба ҳамдигар таҷлил мекунанд.

Равшан Раҳмонӣ
Акс аз саҳифаи фейсбуки Раҳмонӣ
Зоҳири Сайфулло, муҳаққиқи ҷавони тоҷик низ, ки пиромуни Наврӯз рисолаи номзадӣ менависад, ин андешаро қувват дода мегӯяд, таърихан ва дар ҷомеаи муосири инсонӣ фалсафа ва фарҳанги Наврўз дар пайи сарҷамъ кардан, ба ваҳдат овардани инсонҳоро ҳам ифода ва ҳам тарғиб мекунад.
“Зеро хилқати Наврӯз худ аз созишу низому ақлгароӣ шакл гирифта, ба инсоният низ ҳамин идеяҳоро ташвиқ мекунад. Мисоли равшан ваҳдати мардумони ҷаҳон ва тоҷикони бурунмарзӣ аз беҳтарин кушишҳоест, ки ҳангоми таҷлили ин ҷашн ба эътибор гирифта мешавад. Дигар ин ки Наврӯз ба ҳам меҳрубон будани инсонҳоро ташвиқ мекунад. Дӯстиро байни аҳдбастагон қавӣ мегардонад, афроди ба ҳам ихтилофдоштаро ба созиш меоварад” – мегӯяд ӯ.
Ба қавли ӯ, парастиши инсон, фаъолияти созандагии вай, ниёз ба осоиштагии зиндагӣ, ваҳдату ҳамзистӣ ва руҳияи одаму одамият аз ҳадафҳои калидии Наврӯз буду ҳаст ва ҳамин арзишҳои калидиро аҳли башар дар вуҷудаш мепарварад.
“Наврӯз ба ҳеҷ дину мазҳаб рабт надорад”

12:00 25 март
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Далели асосии ин ки Наврӯз дар тамоми кишварҳо, новобаста аз дину мазҳаб таҷлил мешавад, дар мазмуну моҳияти фалсафии он аст ва ин ҷашн аз замонҳои бостон ба ягон дину мазҳаб ё идеологияи қавмӣ бастагӣ надошта, бештар бар пояи қонунҳои табиат устувор будааст. Рамзҳо ва ойинҳои он низ бевосита ба падидаҳои табиӣ иртибот доранд.
Аз ҷумла, эҳтиром ва ҳифзи обу оташ, ҳаво ва хок ҳамчун унсурҳои асосии ҳаёт, истифодаи оқилонаи замин, парвариши зироатҳои гуногун ва таваҷҷуҳ ба ободонӣ аз ғояҳои марказии ин ҷашн маҳсуб мешаванд.
Равшан Раҳмонӣ ҳам таъкид мекунад, ки азбаски Наврӯз ҷанбаи динӣ надорад, дар тамоми давраҳои таърих зинда монд ва ҳеҷ истилогаре онро натавонист аз байн барад.

Ба андешаи ӯ, воқеан дар тӯли таърих дар давраҳои гуногун онро ба ҷашни мазҳабӣ рабт дода, дар сатҳи давлатӣ таҷлил намекарданд, вале азбаски он ҷашни сирф мардумӣ ва табиат аст, мардум дар байни худ онро таҷлил кардан гирифтанд ва нагузоштанд, ки аз байн равад.
Масалан, Саъдулло Раҳимов, фарҳангшиноси тоҷик зикр менамояд, ки “дар тули таърих нисбати ин ҷашн хӯрдагириҳои зиёде намуданд, бахусус, баъди истилои сарзамини ориёӣ аз ҷониби арабҳо, Наврӯз қисмати сангинеро пушти сар гузошт. Арабҳо бидуни фаҳму таҳқиқ Наврӯзро ҳамчун ҷашни кеши зардуштӣ дониста, барои таҷлил ё таҳқиқот бурдан иҷоза надоданд”.
Чунин бархӯрд нисбати Наврӯз дар замони Иттҳоди Шуравӣ дар Тоҷикистон низ дида мешуд. Вале ба далели ин ки Наврӯз падидаи табиии кайҳонӣ, рамзи бозгашт ба фасли нави зиндагӣ, оғози кишту кори баҳорӣ ва ҷашни инсонггароист, аз тамоми монеаҳо гузашт.
Наврӯз амалгароист, на суханпардозӣ
Вижагии дигари Наврӯз, ки ҳамаи халқҳоро ба ҳам меорад, ба амалгароии он пайванд мегирад. Яъне дар Наврӯз амалгароии худи табиат аввалтар аз ҳама ба чашм мехӯрад ва табиат бо рангу намоди наву тоза дигар мешавад. Мардум низ дар ин айём, новобаста аз макону миллат ба амал шурӯъ мекунанд ва нерӯву қудрати Наврӯз он ҳад бузург аст, ки оламу одамро ба кулли тағйир медиҳад.

Зоҳири Сайфулло.
Акс аз саҳифаи фейсбуки Зоҳири Сайфулло.
“Аз дидгоҳи эҳсоси дӯстиву ишқу муҳаббат низ инсону табиат дар Наврӯз хеле самимитару содиқтар ба назар мерасанд, ин неруи наврӯзист, ки дӯстиро қавитару ошиқонро ошиқтар мекунад”, – зикр мекунад Зоҳири Сайфулло.
Пайванди Наврӯз ва илм
Яке аз далоили дигари муттаҳидсозии Наврӯз, ин пайванди он ба илм гуфта мешавад. Зеро ин ҷашн танҳо як анъанаи фарҳангӣ набуда, он бар пояи донишҳои дақиқи илмӣ, махсусан астрономия ва табиатшиносӣ бунёд шудааст.
Ба навиштаи муҳаққиқон, аксари илмҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла, нуҷум, ҳавосанҷӣ, кишоварзӣ, экология ва гоҳшуморӣ (тақвим) аз Наврӯз маншаъ ва бар он асос ёфтаанд.
Наврӯз ба як падидаи дақиқи илмӣ – баробаршавии шабу рӯз (эътидоли баҳорӣ) вобаста аст, ки дар ин лаҳза шаб ва рӯз тақрибан баробар мешаванд ва Офтоб аз хатти истиво мегузарад. Ин ҳодиса одатан 20 ё 21-уми март ба амал меояд ва оғози баҳори астрономиро нишон медиҳад.
Аммо ба навиштаи Ризои Баҳромзод, соли 2026 баробаршавии шабу рӯз, 3 рӯз пештар аз Наврӯз – 17 март рух додааст ва дар ин рӯз тулӯи Офтоб соати 06:28 ва ғуруби он соати 18:28 буд.
Худи Наврӯз бошад, имсол, ба вақти Душанбе 20-уми март, соати 19:45:53 фаро расид.
Ҳамчунин, Наврӯз асоси тақвимҳои қадимии форсӣ мебошад, аз ҷумла, тақвими шамсӣ. Ин тақвим яке аз дақиқтарин тақвимҳои ҷаҳон ҳисобида мешавад, зеро он ба ҳаракати воқеии Офтоб такя мекунад ва ҳар сол бо эътидоли баҳорӣ мутобиқ мешавад.
Суннатҳои шабеҳ дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Имрӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва баъди сабтиноми он дар ЮНЕСКО ва ҷаҳонӣ эълон гардиданаш, ғайр аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон, Ироқ, Миср, Ҳинду Покистон, Озарбойҷон, Чин, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, ҳамчунин дар Русия, Олмон, Фаронса, Белгия, Бритониё, Амрико ва дигар кишварҳо таҷлил мешавад. Аз ҷумла, пок кардани хонаву манзил яке аз оинҳои суннатии арафаи Наврӯз дар тамоми кишварҳо аст. Шустани зарфҳо, пухтани хӯрокҳои наврӯзӣ, самбӯсаи алафӣ, тухмҳои рангкарда, шириниҳо, оростани суфраи “Ҳафтсин” низ дар ҳамаи ин кишварҳо ба таври ҳамсон иҷро мешаванд.

Ҳамчунин дар айёми Наврӯз одат аст, ки дўстону хешон ба хонаҳои якдигар ба меҳмонӣ раванд, ба дӯстону пайвандон туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим кунанд ва базму хурсандиҳоро гирди суфраи идона давом диҳанд.
Пухтани Суманак, ки таоми асосии наврӯзӣ аст, қариб дар тамоми кишварҳо расм аст. Ҳарчанд талаффузи он ва таркибаш дар баъзе давлатҳо тафовути ҷузъӣ доранд, дар тамоми кишварҳои ҳавзаи Наврӯз суманак рамзи асосии ин ҷашн дониста мешавад.
Аз бозиҳои кӯдаконаи ҷашнӣ аспсавориву чархофалаксаворӣ, бодпаракпаронӣ, таронасароӣ, гулгардонӣ ва ғайра миёни мардуми ин кишварҳо маъмул аст. Ҳамчунин дар аксар кишварҳо бозиҳои миллии варзишӣ, чун куштӣ, бузкашӣ, аспдавонӣ, найзабозӣ, дорбозӣ ва амсоли онҳо баргузор мегардад, ки ҳадафи ин ҳама боз ҳам муттаҳидкунандагӣ аст, зеро дар иҷрои ин бозиҳо мардум гирди ҳам меоянд ва давраҳои махсус ташкил мекунанд.
Вижагиҳои ҷашни Наврӯз дар кишварҳои гуногун
Эрон. Дар фарқ аз Тоҷикистон, дар Эрон расми сездаҳбадар мавҷуд буда, рӯзи сездаҳуми фарвардин – рӯзи охири Наврӯз мардум аз хонаҳо бадар меоянд ва ба гардишгоҳу маконҳои хушманзар, хусусан, канори рӯдҳо мераванд. Чизи қобили зикр ин аст, ки дар ин рӯз мардум сабзаҳоеро, ки дар арафаи Наврӯз аз донагиҳои гуногун фароҳам оварда буданд, мебаранд ва ба дарёҳо меандозанд ва бо ҳамин мардум сездаҳи Наврӯзро гузаронида, ба зиндагии одиашон оғоз мекунанд.
Афғонистон. Дар ин кишвар дар рӯзҳои Наврӯз хони наврӯзӣ оростан, шамъ ё чароғ афрӯхтан, шир ё ширбиринҷ пӯхтан, “Ҳафтсин”, субҳи барвақт хестану ширинӣ хӯрдан, ба ҳамдигар об пошидан, либоси наву тоза ба бар кардан аз зумраи русуми ин ҷашн аст. Мардум дар баробари иҷрои ин амалҳо, бо чеҳраи кушоду дили шод ба сайргоҳҳову ҷашнкадаҳо мераванд, базмҳои идонаю ҷашнӣ ороста, суруду тарона мехонанд.

Ӯзбекистон. Дар шаҳрҳои Бухорову Самарқанд суннати “Чаҳоршанбеи сӯрӣ” боқӣ мондааст. Дар бархе аз манотиқи кишвар он бо номи “Шаби оташафрӯз” баргузор мегардад.
“Кушоиши қуфли бахт” аз суннатҳои дигари наврӯзӣ ба шумор меравад. Дӯшизагон субҳ қуфли бастаро бо худ гирифта ба берун мебароянд ва аз мусофирони роҳ хоҳиш мекунанд, ки онро боз кунанд. Агар раҳгузари аввал ҷавонмарде некӯ бошад, аз ин фоли накӯ мегиранд.
Аз дигар расмҳои наврӯзӣ аст, ки мардум дар зарфҳои нав субҳ аз рӯдхона об меоранд ва бо он об рӯй мешӯянд, то ҷисму рӯҳашон пок бошад.
Қирғизистон. Дар Қирғизистон агар дар рӯзи Наврӯз барф борад, онро сафедии корҳо ва фоли нек мешуморанд. Ҷолиб аст, ки дар ин кишвар мусобиқаи аспдавонӣ байни писару духтар баргузор мегардад ва агар писар ғолиб ояд, аз рӯйи духтар як бӯса мегирад, агар духтар ғолиб ояд, писарро бо тозиёна “ҷазо” медодааст.
Қазоқистон. Дар Қазоқистон дар шабу рўзи ид таоми анъанавии “Наурыз коже” қариб дар ҳамаи идгоҳҳо ва хонадонҳо пухта мешавад. Ин таом аз ҳафт унсур таркиб ёфта, пухтани онро шомгоҳӣ шурўъ мекунанд ва то нисфи шаб деги “коже” меҷўшад.
Дар Қазоқистон ва Қирғизистон, тибқи одати қадима, ҳар касе агар қарздор бошад, пеш аз Наврӯз кушиш мекунад, ки онро баргардонад.
Туркманистон. Ривоят аст, ки дар аҳди қадим туркманҳои занҷирбанд рӯзи Наврӯз завлонаҳои оҳанинро шикаста ба озодӣ баромаданд ва тамоми сарзаминашонро аз зулми аҷнабиён наҷот додаанд. Ҷашн як моҳ қабл аз Наврӯз оғоз меёбад. Одамон либосҳои нав дӯхта ба тан мепӯшанд, дастархони наврӯзӣ омода месозанд, ба ниёзмандон ёрӣ мерасонанд. Духтарон ҷамъ омада, ба табақи чӯбин шадда (муҳра, марҷон) мепартоянд ва сурудҳои ҳаҷвӣ мехонанд.
Ҳинд. Дар Ҳинд рафтан ба оташкадаҳо барои ниёиш маъмул аст. Инчунин дар рӯйи хони наврӯзӣ гузоштани моҳии зинда дар зарфи шишагии обдор, гузоштани оина дар ҷойи махсус ва барои ҳар як узви оила фурӯзонидани як шамъ низ аз русуми қадими форсҳои Ҳиндустон мебошад.
Покистон. Дар он ҷо Наврӯз бештар хусусияти диниву мазҳабӣ касб кардааст. Дар рӯйи хони наврӯзӣ дар баробари оина, шамъ, гул, сабзавот, Қуръон низ мегузоранд. Дар ин кишвар низ мисли Эрон оинҳои “Чаҳоршанбесурӣ” ва “Сездаҳбадар”-ро баргузор мекунанд. Ҳамчунин, оини куҳани обпошон дар айёми Наврӯз барпо шуда, онҳо оби рангорангро бо обпош дар кӯчаву бозору хона ба ҳам мепошанд.
Озарбойҷон. Барои озариҳо маросими фолгирӣ хеле роиҷ аст, ки асосан онро духтарони шавҳарнакарда интизорӣ мекашанд.
Туркия. Яке аз русуми таҷлили Наврӯз дар деҳоти ин кишвар чунин аст, ки мардум ба чарогоҳҳо мераванд, ба осмон тир холӣ карда, якдигарро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯянд, ки ин вижагӣ ба дигар минтақаҳо хос нест.



