Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

asia+

Бонки исломии рушд дар доираи лоиҳаи “Рушди сайёҳии ҳушманд ва таҳсилот дар соҳаи соҳибкорӣ” ба Тоҷикистон 18,25 млн доллар медиҳад, ки 9,5 млн доллари он қарз аст. Ин маблағҳо аз ҷумла таҳкими барномаҳои ҳушманд, низоми таҳсил ва омода кардани мутахассисон равона мегардад.

Созишномаи қарзиро Маҷлиси намояндагон дар иҷлосияи навбатии парлумон, рӯзи 4-уми апрел баррасӣ ва қабул кардаанд.

Юсуф Маҷидӣ, муовини якуми вазири молия гуфтааст, ки татбиқи лоиҳаи мазкур аз соли 2026 оғоз шуда то соли 2031 идома мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, аз маблағи умумӣ 9,5 млн доллар қарз, 4 млн евро маблағгузории омехта омехта ҳамчун лизинг буда, 450 ҳазор доллар грант ва 4,3 млн доллар саҳми Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аст. Шарту шароити гирифтани 9,5 млн доллар қарз маълум нест.

Маҷидӣ гуфтааст, ки ҳадафи лоиҳа беҳтар кардани дастрасӣ ва сифати таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ дар асоси таҷрибаҳои байналмилалӣ мебошад.

Бояд гуфт, созишномаи мазкур байни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд, рӯзи 11-уми феврал дар шаҳри Душанбе имзо шуда буд.

Ҳукумати Тоҷикистон чанд соли охир ба соҳаи сайёҳӣ дар кишвар таваҷҷуҳи бештар дорад ва барои рушди ин бахш лоиҳаҳои гуногунро татбиқ кардааст. Чанде қабл Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қарори бунёди “Академияи сайёҳӣ”-ро имзо кард. Ин муассиса дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис меёбад.

Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, срли гузашта ба Тоҷикистон 1 миллиону  784 ҳазору 454 сайёҳ омадааст, ки назар ба соли 2024-ум 27,5% ё 384 ҳазору 299 нафар бештар будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов