Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 апрели соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳафтаи илми тоҷик оғоз мешавад.

asia+

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1951 – Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд. Он дар аввал панҷ шуъба дошт: физика ва математика, геология ва химия, биология, забону адабиёт ва таърих ва иқтисодит ва фалсафа. Нахустин президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, арбоби барҷастаи илму маданияти Тоҷикистон, асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айнӣ интихоб гардид. Сипас дар солҳои мухталиф донишмандони маъруф Султон Умаров, Муҳаммад Осимӣ, Собит Неъматуллоев, Ӯлмас Мирсаидов, Мамадшо Илолов ва Фарҳод Раҳимӣ президентҳои Академия буданд. Аз 16 январи 2024 то кунун президентии акадамияро Қобилҷон Хушвахтзода бар уҳда дорад.

Бояд гуфт, ба муносибати таъсиси АМИТ ин сана рамзан “Оғози ҳафтаи илм” дар кишвар пазируфта шудааст. Аммо тибқи Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” якшанбеи сеюми моҳи апрел дар кишвар Рӯзи илми тоҷик таҷлил мегардад. Имсол ин рӯз ба 19-уми апрел рост меояд,

Соли 2002 – Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ, сардафтари адабиёти классики тоҷик муқаррар гардид, ки ҳар сол 22 сентябр таҷлил мешавад.

Соли 2010 – Дар маҷлиси намояндагон Кумитаи парлумонӣ оид ба масъалаҳои экология таъсис ёфт.

Соли 2011 – Дар деҳаи Самсолики ноҳияи Нуробод, дар натиҷаи амалиёти махсус Абдулло Раҳимов (маъруф бо номи Мулло Абдулло) ва 16 узви гурӯҳи ӯ кушта шуданд.

Соли 2018 – Ба муносибати ҷашни 140-солагӣ ва ба хотири гиромидошти  Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон осорхонаи адиб дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1916 – Мавлуди Сулаймон Юдаков, муаллифи мусиқии Суруди миллии Тоҷикистон.

Сулаймон Юдаков яке аз чеҳраҳои барҷастаи фарҳанги мусиқии Осиёи Марказӣ ва аз поягузорони мусиқии касбии тоҷик маҳсуб меёбад. Ӯ соли 1916 дар шаҳри Қӯқанд ба дунё омада, қобилияти мусиқии худро ҳанӯз дар овони кӯдакӣ зоҳир намудааст.

Фаъолияти эҷодии Юдаков ба марҳилаи ташаккули мусиқии касбии миллӣ дар Осиёи Марказӣ рост меояд. Ӯ яке аз аввалин композитороне буд, ки ба жанрҳои мусиқии саҳнавӣ, аз қабили опера, балет, романс, кантата ва квартет рӯ овард. Асарҳои ӯ, аз ҷумла операи мазҳакавии “Найрангҳои Майсара” ва балети “Найрангҳои Насриддин” дар таърихи мусиқии театрии Осиёи Марказӣ мавқеи муҳим доранд. Ин асарҳо нахустин намунаҳои жанрҳои номбурда дар театрҳои мусиқии минтақа ба шумор мераванд.

Юдаков муаллифи оҳанги Суруди миллии ҶШС Тоҷикистон (шеър: А. Лоҳутӣ) ва баъд аз соҳибистиқлолии кишвар ва муаллифи мусиқии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (шеър: Г. Келдӣ) мебошад.

Сулаймон Юдаков 8 ноябри соли 1990 вафот кардааст. Осори ӯ то имрӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ва манбаи омӯзишӣ дар равияи таърих ва назарияи мусиқии тоҷик мавриди таҳқиқ қарор мегирад.

Соли 1945 – Зодрӯзи Муродулло Шерализода, рӯзноманигор, аввалин сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”.

Муродулло Шерализода

Муродулло Шерализода хатмкардаи Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе буда, фаъолияти адабиашро аз рӯзномаи “Маориф ва маданият” оғоз кардааст. Ӯ солҳо дар Институти таърихи партияи назди КМ ПК Тоҷикистон – филиали Институти марксизм-ленинизми назди КМ КПСС кор кардааст.

Беш аз даҳ сол дар шаҳрҳои Мазори Шариф ва Кобули Ҷумҳурии Афғонистон ба сифати тарҷумон фаъолият дошт ва баъди даъват ба КМ ПК дар вазифаҳои гуногун фаъолият кард.

Муродулло Шерализода аввалин сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” буда, соли 1990 бо таъсиси он дар ин вазифа фаъолиятро оғоз намуд. 5 майи соли 1992 дар замони вазъи муташанниҷи кишвар кушта шуд.

Бо корномаи Муродулло Шерализода дар ин маводи мо ошно шавед: “Як рӯз пеш аз маргаш куштанд”. Поягузори нашрияи парлумонӣ ва рӯзноманигори шаҳир Муродулло Шерализода 80-сола шуд.

Соли 1946 – Мавлуди Шоҳзамон Раҳмонов, адабиётшинос, доктори илми филологӣ, профессор.

Соли 2002 – Савсан Бандишоева, ҳунарпеша ва сароянда, яке аз поягузорони театри касбии Бадахшон дар 80-солагӣ даргузашт.

Савсан Бандишоева

Савсан Бандишоева ҳунарпеша ва сароянда ва яке аз поягузорони театри касбии Бадахшон аст. Ӯ дар саҳнаи театр, асосан, симои занони қавиирода, фидокору дурандеш, пурэҳтиросу садоқатмандро офаридааст.

Нақшҳои  Гулқурбон дар “Тошбек ва Гулқурбон”, Кручинина дар “Гунаҳкорони бегуноҳ”, Жаклина дар “Табиби зӯракӣ”, Зеремалдина дар “Хизматгори ду хоҷа”, Майсара дар “Майсара”, Райҳон дар “Арӯси панҷсӯма” аз ин қабиланд. Ӯ дар овозхони низ маҳорати хос дошт ва сурудҳои зиёди мондагор иҷро кардааст.

Соли 2021 – Қиёмиддин Чақалзода, ҳунарпешаи театр ва синамо, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик дар 75-солагӣ даргузашт.

Қиёмиддин Чақалзода,

Қиёмиддин Чақалзода фаъолияти ҳунариашро дар Хонаи маданияти ноҳияи Файзобод оғоз намуда, сипас солҳо дар театри ноҳияи Файзобод ба ҳунарнамоӣ машғул будааст.

Соли 1975 баъди хатми факултети актёри драма ва кинои Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ ба кор оғоз намуда, то поёни умр ҳунарпешаи ҳамин театр будааст. Дар саҳнаи ин театр нақшҳои зиёди мондагор офаридааст, аз ҷумла нақши Холмат дар “Бой ва Хизматгор”, Қаровул дар “Худкардаро даво нест”, Ӯрмонқамиш дар “Мардҳо намегирянд”, Тешабой дар “Лайлатулқадр”, Ширинкор дар “Шоҳ Лир”, Маҳкам дар “Исёни арӯсон”, Гумоштаи сиёсӣ дар “Алломаи Адҳам” аз ин қабиланд.

Дар синамо бошад, нақши сияҳсавор дар “Ашк ва шамшер”, қассоб дар “Ҷазира, муаллим дар “Муҷассамаи ишқ” ва директории совхозро дар “Сароби хунин” иҷро кардааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

14 апрели соли 1927 аввалин мошини “Волво” дар шаҳри Гетеборги Шветсия истеҳсол шуд. Дар паси таъсиси ин ширкат ду муҳандис – Ассар Габриэлссон ва Густаф Ларсон қарор доштанд, ки он замон дар ширкати SKF (истеҳсолкунандаи подшипникҳо) фаъолият мекарданд.

 

Бино ба ривояте, тобистони соли 1924 дар тарабхонаи “Sturehof”-и шаҳри Стокҳолм, онҳо бо як пиёла пиво идеяи сохтани мошинро матраҳ намуданд. Ҳамон ҷо яке аз онҳо номи Volvo-ро пешниҳод кард, ки аз феъли лотинии “volvere” гирифта шуда, маънои “ғелидан” ё “чархидан”-ро дорад.

Аз ҳамон рӯз таърихи саноати автомобилсозии Шветсия оғоз ёфт. Ҳамзамон, рамзи ширкат – рамзи Марс (доира бо тирча) низ тарҳрезӣ шуд, ки то имрӯз дар маркази радиатори мошинҳои он ҷой дорад.

Имрӯз Volvo Aktiebolaget як ширкати бузурги шведӣ маҳсуб мешавад, ки мошинҳои боркаш, автобусҳо, муҳаррикҳо, техникаи хоҷагии деҳқонӣ ва ҷангалдорӣ, инчунин таҷҳизоти гуногуни саноатӣ истеҳсол мекунад.

Истеҳсоли мошинҳои сабукравро Volvo соли 1999 ба ширкати Ford фурӯхт, ки он соли 2010 онро ба ширкати Geely супурд.

14 апрели соли 1961 дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони фахрии “Ҳавонаварди кайҳонии ИҶШС” таъсис ёфт. Аввалин нафаре, ки ин унвонро гирифт, албатта, Юрий Гагарин буд.

 

Минбаъд ҳамаи кайҳоннавардони шӯравӣ, ки ба кайҳон парвоз мекарданд, соҳиби ин унвон мешуданд. То охири соли 1991, 72 шаҳрванди ИҶШС ба кайҳон парвоз карданд ва ҳамаи онҳо бо ин унвони фахрӣ қадрдонӣ шуданд.

Охирин нафаре, ки ин унвонро дарёфт кард, Токтар Аубакиров буд. Ӯ соли 1991 бо киштии кайҳонии “Союз ТМ-13” ба истгоҳи “Мир” парвоз анҷом дод ва соҳиби унвони 72-юм гардид.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 11+16º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 26+31º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 19+24º гарм, дар водиҳо шабона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 18+23º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 1+6º гарм, дар ғарби вилоят шабона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе минтақаҳо то 9-11º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 26+28º гарм, шабона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 26+28º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 28+30º гарм, шабона 12+14º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 5+7º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 14 ба 15-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар пайи 44 садама дар се моҳ дар Душанбе 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 66

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон қаҳрамони CAFA-2026 шуд

Ин панҷумин қаҳрамонии Тоҷикистон дар ин мусобиқа аст.

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...