Бонки “Арванд” дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, сазовори ҷои аввал дониста шуд.
Ҳадафи озмун дастгирии ташкилотҳои молиявие мебошад, ки дар рушди соҳибкории занон ва беҳтар намудани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои молиявӣ саҳм мегузоранд.
Ин дастовард натиҷаи фаъолияти пайвастаи бонк дар самти таҳия ва пешниҳоди хизматрасониҳои дастрасу қулай барои бонувони соҳибкор аст. “Арванд” бо роҳандозии барномаҳои омӯзишӣ, машваратӣ ва пешниҳоди воситаҳои молиявии содда, барои рушди фаъолияти занон шароити мусоид фароҳам меорад.
Бонк аз оғози фаъолияташ дастгирии бонувони соҳибкорро яке аз самтҳои афзалиятноки худ қарор дода, мунтазам дар барномаҳо ва ташаббусҳои байналмилалӣ низ иштирок мекунад. Аз ҷумла, он узви барномаи “Women in Business”-и Бонки аврупоии таҷдид ва рушд буда, бо созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили IFC, ҳамкорӣ менамояд.
Қаблан низ Бонки “Арванд” дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, соҳиби ҷоизаҳои миллӣ ва байналмилалӣ шудааст.
Роҳбарияти бонк ба бонувони соҳибкор – мизоҷони худ барои эътимод ва ҳамкории самарабахш изҳори сипос менамояд.
Рушди соҳибкории занон қисми муҳими рисолати иҷтимоии бонки “Арванд” боқӣ мемонад. Бонк ният дорад минбаъд низ барои фароҳам овардани имкониятҳои нав ва дастгирии бонувон талош варзад.




