Пулиси вилояти Хатлон аз боздошти як марди 35-сола хабар дод, ки ба таҷовуз ва куштори ноболиғи даҳсолае дар ноҳияи Восеъ гумонбар мешавад.
Ин ниҳод рӯзи 5-уми май аз гумонбар Хайриддини Қурбоналӣ, сокини ҷамоати Бобошоҳиёни ин ноҳия ном бурд ва гуфт, ӯ аз оҷизии ноболиғ истифода бурда, ҳангоми аз мактаб баргаштанаш ӯро “дар ҷойи беодам”-е таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст. Дар натиҷа наврас ҷони худро аз даст додааст.
Ба иттилои мақомот, ҷасади ноболиғ рӯзи 29-уми апрел аз заминҳои хоҷагӣ пайдо шудааст.
“Тибқи хулосаи пешакии экспертизаи суди тиббӣ сабаби марги ноболиғ А. З. буғикунии механикӣ арзёбӣ мегардад”, – изҳор доштааст пулиси Хатлон.
Назари гумонбар ба ин қазия маълум нест. Додситонии ноҳияи Восеъ алайҳи ӯ бо иттиҳоми куштор (моддаи 104 қ.2 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Бар асоси ин иттиҳом, ба Хайриддини Қурбоналӣ аз 15 соли зиндон то ҳабси абад таҳдид мекунад.
Бояд гуфт, ки чанд соли охир қазияҳои дастдарозӣ ба номус зиёд расонаӣ мешавад, ки дар аксар ҳолат ҷабрдидагон духтарони ноболиғ ҳастанд. Аз хабарҳои расонаӣ ҳам бармеояд, ки духтарон, ба вижа ноболиғон аз сӯйи пайвандон ё ҳамсояҳои худ дастдарозӣ мешаванд.
Қазияи аз ҳама пурсарусадо дар чанд соли охир таҷовузи Руфейда Иноятоваи 7-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ буд. Моҳи июли соли 2021 ин ноболиғ аз ҷониби ҳамсояаш Раҳматулло Гадоеви 30-сола таҷовуз ва ба қатл расонида шуд.
Ба гуфтаи мақомот, Раҳматулло Гадоев бо роҳи фиреб ноболиғро ба хона дароварда, таҷовуз карда, сипас духтаракро пора-пора намуда, узвҳои баданашро дар халтачаҳо алоҳида-алоҳида гирифта, ба ҳоҷатхона мепартояд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон қотили Руфейдаро ба ҳабси абад маҳкум кард.
Қазияи таҷовуз ба номус ҷомеаи Тоҷикистонро нигарон кардааст ва баҳси осебпазир будани ноболиғонро ба миён овардааст. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пайвандони ҷабрдидагон аз мақомоти масъул борҳо хостаанд, ки барои кам кардани ҷинояти таҷовуз ба номус, ба вижа барои ноболиғон чораҳои ҷиддӣ андешанд ва ҳатто ба муҳаттаҳамон ҳукмҳои сангин эълон кунанд.




