Кишварҳои Осиёи Марказӣ лоиҳаи нави бузургмиқёсе таҳия мекунанд, ки ба ҳифзи хок, ҳосилнокии заминҳо ва рушди истифодаи устувори замин равона шудааст. Дархост барои маблағгузорӣ ба ин ташаббус аллакай ба Фонди сабзи иқлимии СММ пешниҳод шудааст. Дар ин бора хабаргузории “Kazinform” иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, вазифаи калидии лоиҳа,ҳифзи ҳосилнокии заминҳо дар пасманзари тағйирёбии иқлим иборат аст.
“Дар минтақа аллакай таназзули заминҳо, биёбоншавӣ ва аз даст рафтани гуногунии биологӣ ба мушоҳида мерасад, ки ба хавфҳо барои бахши кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ тақвият мебахшад”, – гуфта мешавад дар лоиҳа.
Лоиҳаи нави ҳифзи хок бо иштироки Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) барои татбиқ таҳия мешавад.
Дар ҳамин ҳол, GIZ дар минтақа, аллакай барномаи ILUCA-ро амалӣ мекунад, ки ба ҷорисозии равишҳои ҳамгирошуда нисбат ба истифодаи замин бо назардошти тағйирёбии иқлим равона шудааст.
Ин иқдом барои кишварҳои кӯҳистони минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аҳаммияти назаррас дорад. Мувофиқи маводи GIZ, кишвар бахусус ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим осебпазир аст: бисёр вақт ярч фаромада, обезӣ ва хушксолиҳо рух медиҳанд. Сокинони ноҳияҳои дурдаст аксаран ба муҳити табиӣ ҳамчун сарчашмаи воситаҳо барои зиндагӣ вобастааанд.
Барқарорсозӣ ва идоракунии устувори ҷангалҳо ба сифати яке аз тарзҳои коҳиши эрозия (бодлесшавии хок), ба тартибу эътидол овардани нишебиҳо, ҳифзи маҳаллаҳои зист аз ҳодисаҳои обхезӣ ва баланд бардоштани устувории ҷамоатҳои маҳаллӣ баррасӣ мешавад.
Ҳамчунин, вазъи чарогоҳҳо низ яке аз мушкилоти шадид барои Тоҷикистон аст. Зиёда аз 90%-и қаламрави кишварро кӯҳҳо ташкил дода, чарогоҳҳо бо масоҳати ҳудуди 3,9 млн гектар тақрибан ба 80%-и замиенҳои кишоварзӣ рост меоянд. Дар ҳамин ҳол, афзоиши саршумори чорво ва беҳад зиёд чаронидани он ба таназзули низомҳои экологии чарогоҳҳо тақвият мебахшанд.




