Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Алексей Корчагин, махсус барои для аsia+

Дар вазни 66 кг Эмомалӣ Нуралӣ бо касби 5226 имтиёз пешсафи мутлақ дониста шуда, дар зинаи аввал дар ҷаҳон қарор гирифт. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки аз намояндаи Ҷопон Такеши Такеоку пеш гузашта, дар садри рӯйхат ҷой гирад.

Дар вазни 73 кг Муҳиддин Асадуллоев бо 4570 имтиёз дар зинаи аввал аст. Пас аз ғалаба дар Душанбе ӯ якбора се мавқеъ боло рафта, ҳарифони пурқувват аз Амороти Муттаҳидаи Араб, Бразилия ва Фаронсаро қафо гузошт.

Муҳиддин Асадуллоев. Акс аз IJF

Дар вазни 81 кг Сомон Маҳмадбеков мавқеи худро мустаҳкам кард. Ӯ бо 3942 имтиёз зинаи сеюм дар ҷаҳонро касб карда, якбора чор мавқеъ боло рафт. Обид Ҷебов низ зинаи баланд – 4-умро дар вазни 66 кг (3640 имтиёз) касб мекунад.

Сомон Маҳмадбеков Акс аз IJF

Миёни гаронвазнҳо низ мавқеъҳои намоён ҳастанд: Темур Рахимов — зинаи 11-ум дар вазни +100 кг (2940 имтиёз) ва Ҷаҳонгир Маҷидов — зинаи 13-ум дар вазни 100 кг (2918 имтиёз).

Дар вазни сабуки 60 кг Меҳрзод Сӯфиев дар мақоми 17-ум (1994 имтиёз) қарор дорад. Бахусус вазни 73 кг фарқ мекунад, ки дар он якчанд ҷудокорони тоҷик ба 30-гонаи аввал шомиланд: Маъсуди Аҳмадзод — 22-юм (1712 имтиёз), Абӯбакр Шеров — 23-юм (1616 имтиёз), Абдуллои Ориф — 36-ум (1288 имтиёз).

Темур Раҳимов бо либоси кабуд. Акс аз IJF

Дар нимаи дуюми радабандӣ ҷудокороне ҷойгир шудаанд, ки захираҳоро ташкил медиҳанд: Сунатулло Мӯсоев — 49-ум (81 кг, 1001 имтиёз), Лоиқ Қутбиддинов — 54-ум (60 кг, 745 имтиёз), Беҳрӯзи Хоҷазода — 57-ум (81 кг, 738 имтиёз).

Дар вазни 90 кг мавқеъҳои намояндагони Тоҷикистон чунинанд: Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода — 61-ум (818 имтиёз), Умедҷон Раҷабов — 63-юм (799 имтиёз) ва дар вазни 60 кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов — 61-ум (662 имтиёз).

Обид Ҷебов бо либоси сафед. Акс аз IJF

Радабандӣ чӣ гуна таҳия мешавад?

Имтиёзҳо барои ҳунарнамоӣ дар мусобиқаҳои кушоди минтақавӣ, Grand Prix, Grand Slam, Masters, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва минтақавӣ, Бозиҳои олимпӣ дода мешаванд. Барои ҳисоби радабандӣ 5 натиҷаи беҳтарин барои ҳар як давраи 12-моҳа ва ва натиҷаи иловагӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии минтақавӣ ё Masters ба назар гирифта мешаванд.

Агар варзишгар дар ҳарду мусобиқа ширкат варзад, ба сифати натиҷаи шашум балли бештар баланд ва балли нисбатан пасттар – барои шомил кардан ба шумори панҷ натиҷаи беҳтарини WRL ба назар гирифта мешавад.

Имтиёзҳо барои мусобиқа бо назардошти муҳлат ба назар гирифта мешаванд: дар 12 моҳи аввали пас аз мусобиқа – 100%, баъди 12 моҳ – 50% ва баъди 24 моҳ – 0% (ба назар гирифта намешаванд). Барои дарёфти имтиёз дар мусобиқа ҳадди ақалл дар як рақобат дастболо шудан лозим аст. Истисно – Grand Prix, Grand Slam, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва мусобиқоти қаҳрамонии минтақавӣ мебошанд: барои иштирок дар онҳо ҳатто бидуни ғалаба имтиёзҳо дода мешаванд.

Дар сурати баробар будани шумори умумии имтиёзҳо, мавқеи нисбатан баланд дар радабандӣ мувофиқи қоидаҳои зерин муайян карда мешавад:

Имтиёзҳои умумии ҷории баландтарин аз ҳамаи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон

Имтиёзҳои умумии ҷории баландтарин аз ҳамаи мусобиқоти Grand Prix, Grand Slam ва Masters

Имтиёзи баландтарини ҷорӣ аз як мусобиқа ва сипас (зимни зарурат) имтиёзи баландтарини дуюм ва ҳамин таври идома меёбад. Агар имтиёзи рақибон ҳоло ҳам баробар бошанд, дар ин ҳолат Кумитаи иҷроияи IJF қарори ниҳоӣ қабул мекунад.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.