Манъи табъиз ва ҳуқуқ ба таҳсилу табобати ройгон. Қонуни нави ҳифзи маъюбон боз чӣ имтиёз медиҳад?

Вакилони парлумон қонунро қабул карданд.

Шоираи Қудрат, asia+

Вакилони парлумони Тоҷикистон Қонуни таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдоштаро қабул карданд. Мувофиқи он, акнун маъюбон аз як қатор имтиёзҳои нав бархурдор мешаванд. Аз ҷумла, ин қонун ҳар гуна табъизро зидди онҳо манъ карда, иштироки шахсони маъюбиятдоштаро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ таъмин мекунад. 

Ҳамчунин, дастрасии онҳо ба нақлиёт, табобати ройгон, таҳсил, иншооти иҷтимоӣ, ҷойи кор таъмин шуда, забони имову ишора, алифбои “Брайл” ба танзим дароварда мешавад.

Лоиҳаи қонун рӯзи 6-уми май дар як маҷлиси вакилон муаррифӣ ва қабул шудааст. Нусхаи лоиҳаи қонун дастрасӣ мо шуд. Ҳабибулло Муҳиддин, муовини вазири тандурустии кишвар зимни муаррифии он гуфт, қонуни нав аз қонуни амалкунанда комилан мутафовит буда, тақрибан 60-65 дарсади муқаррарот нав мебошанд.

Ҳадафи асосии қабули қонуни нав мутобиқ сохтани қонунгузории кишвар ба Консенсияи Созмони милали муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон гуфта мешавад, ки Тоҷикистон онро соли 2020 тасдиқ карда буд.

Ба қавли номбурда, қонун “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи маъюбон”, ки аз соли 2010 инҷониб дар кишвар амал мекунад, “бештар ба модели имтиёзи тиббӣ ва иҷтимоии маъюбият асос ёфта, асосан барои пешниҳод намудани пардохтҳои иҷтимоӣ, имтиёзҳо ва хизматрасонӣ ба маъюбон равона шудааст”.

Акс аз "Ховар"

Ба иддаои ӯ, равиши мазкур ба муқаррароти Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон пурра мувофиқат намекунад, зеро “конвенсия шахсони маъюбиятдоштаро ҳамчун дорандаи ҳамаи ҳуқуқҳои инсон баробар бо дигар шахсон баррасӣ мекунад”.

Мувофиқи лоиҳаи қонуни нав, барои маъюбон минбаъд имконоти зер, ки асоситаринашонро меорем, бояд фароҳам шавад.

Манъи табъиз

Яке аз меъёрҳои асосие, ки қонуни мазкур пешбинӣ мекунад, манъи табъиз аз рӯйи аломатҳои маъюбӣ аст. Табъиз нисбати шахсони дорои маъюбият дар ҷомеа аз мушкилотест, ки солҳо инҷониб ҳалли худро меҷуст. 

Акнун давлат барои аз байн бурдани табъиз нисбати онҳо ӯҳдадор буда, вазифадор шудааст, ки роҳбурдҳои махсус роҳандозӣ карда, ҳолатҳои табъиз, аз ҷумла, истисмор, зӯроварӣ ва таҳқирро нисбати онҳо ошкор, тафтиш ва чораандешӣ кунад.

Ҳамчунин, давлат вазифадор аст, барои аз байн бурдани табъиз нисбати маъюбон дар масоили марбут ба ақди никоҳ, оила, падарӣ, модарӣ ва муносибатҳои шахсӣ дар баробари шахсони дигар чора андешад.

Бо табъиз дучор шудани маъюбон дар ҷомеа қаблан низ борҳо садо дода буд. Аз ҷумла, Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон низ дар нишасти хабарии охир дар моҳи феврал мавҷудияти ин гуна ҳолатҳоро эътироф ва чанд ҳолати мушаххасро низ ёдрас карда буд.

Ҳамгироии маъюбон ва иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ

Мувофиқи қонуни нав, давлат ба шахсони дорои маъюбият ҳуқуқҳои сиёсии баробар бо дигаронро кафолат медиҳад. Акнун онҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ мустақиман ё тавассути намояндаҳояшон иштирок кунанд. Аз ҷумла, онҳо имкони овоздиҳӣ ва ё интихоб шуданро пайдо мекунанд.

Акс аз "Ховар"

Ҳамчунин, иштироки баробари онҳо бо дигарон дар барномаҳои телевизионӣ, филмҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, ҳамчунин дастрасӣ ба осори фарҳангӣ, театр, толорҳои синамо, осорхона, китобхона ва иншооти варзишӣ, ҳамчунин, хадамоти сайёҳӣ бояд таъмин карда шавад.

Истифодаи нақлиёт ва табобати ройгон

Маъюбон тибқи қонуни нав, барои истифодаи ройгони нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба ҷуз таксӣ) ҳуқуқ пайдо мекунанд. Аммо аз онҳо пешниҳоди шаҳодатномаи маъюбӣ талаб карда мешавад.

Ҳамчунин, маъюбон дар асоси хулосаҳои тиббӣ ба табобати ройгон ё боимтиёз дар осоишгоҳҳои давлатӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд.

Ҳуқуқ ба таҳсил ва кор

Ҳуқуқ ба таҳсил яке аз меъёрҳои асосии қонуни нав аст. Низоми маориф бояд барои таҳсилоти фарогири ин қишри ҷомеа шароити зарурӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот ва барномаҳои иловагиро таъмин намояд.

Дар лоиҳаи қонун гуфта мешавад, ки барои шахсони маъюбиятдоштае, ки ба шароити махсуси таълиму тарбия ниёз доранд, мактаб-интернатҳо, литсейҳо, коллеҷҳо ва муассисаҳои махсуси касбии гуногун таъсис дода мешаванд.

Дар кӯдакистонҳо бошад, расонидани кӯмаки зарурии тавонбахшӣ пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи қонуни нав, тамоми ташкилоту корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон вазифадор мешаванд, ки на камтар аз 3 дарсади ҷойи кории худро барои маъюбон ҷудо кунанд.

Акс аз "Азия-Плюс"

Дастрасӣ ба иншооти иҷтимоӣ

Дар қонуни нав дастрасии маъюбон, аз ҷумла онҳое, ки аз аробачаи маъюбӣ истифода мекунанд, ба ҳар гуна иншооти иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст. Яъне соҳибмулкони биноҳои истиқоматӣ, ҷамъиятӣ, истеҳсолӣ, иншооти варзишӣ, мавзеъҳои истироҳатӣ ӯҳдадор мешаванд, ки дар иншоот барои маъюбон шароити вуруд ва роҳҳои махсус бунёд кунанд. Чунин шароит ҳамчунин дар тамоми намудҳои нақлиёти мусофирбар низ бояд фароҳам шавад.

Ин мушкилест, ки солҳо инҷониб дар байни ҷомеа баҳс ва мавҷуд набудани роҳҳои махсус барои маъюбон дар биноҳо интиқод мешавад. Чанд сол қабл “Азия-Плюс” дар мисоли пойтахт, натиҷаҳои мушоҳидаеро расонаӣ карда буд, ки дар Душанбе ҳангоми сохтани бинои нав, ҳам хусусиву ҳам давлатӣ ва ҳам иҷтимоӣ, ҳатто истгоҳҳо, имконияти шахсони маъюб на ҳамеша ба назар гирифта мешавад.

Ноҳамвории роҳҳои пиёдагард, адами роҳҳои хос барои аробачаи маъюбӣ дар зинапояҳо (пандус) ва ё нодуруст бунёд шудани онҳо, ҳамчунин сатҳи лағжонаки ин гуна роҳҳо аз мушкили аслӣ барои маъюбоне аст, ки мехоҳанд мустақилона тавассути аробача ҳаракат кунанд.

Имтиёзҳои манзилӣ

Маъбон ҳамчунин ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки барои пардохти ҳаққи манзили истиқоматӣ, хадамоти коммуналӣ (ғайр аз барқ ва гази табиӣ) 50 дарсад тахфиф дошта бошанд. Ҳамчунин, ҳангоми хариди хонаи давлатӣ низ 50 дарсад имтиёз доранд. Гузаронидани хати барқ, газ, оби нӯшокӣ ва телефон низ барои онҳо ройгон ва бенавбат анҷом дода мешавад.

Таъсиси созмонҳои ҷамъиятӣ

Мувофиқи қонуни нав шахсони дорои маъюбият имкон доранд, барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва ва манфиатҳои худ, ҳамчунин расонидани кумак ба ҳамдигар созмонҳои ҷамъиятӣ таъсис диҳанд. Ташкилоту муассисаҳои дигар бошад, уҳдадоранд, ки барои таҳия ва қабули қарорҳое, ки ба манфиати онҳо мебошанд, чунин созмонҳоро ҷалб кунанд.

Абилитатсия ва тавонбахшӣ

Абилитатсия ин ёрӣ ва омӯзишест, ки ба кӯдакони дорои мушкили ҷисмонӣ ё ақлӣ дода мешавад, то онҳо аз хурдӣ роҳгардӣ, гуфтугӯ, хондан, навиштан ва дигар корҳои рӯзмарраро ёд гиранд ва тавонманд шаванд. Яъне абилитатсия бештар барои кӯдаконе аст, ки аз таваллуд мушкилӣ доранд.

Тавонбахшӣ бошад кумак ба шахси маъюб аст, то қобилиятҳои худро барқарор ё беҳтар кунад, мустақилона зиндагӣ намояд, ҳаракат кунад, кор кунад ва дар ҷомеа фаъол бошад.

Акси марбут аз манбаъҳои боз

Мувофиқи қонуни нав, барои ин давлат марказҳои махсус мекушояд ва маъюбонро бо асбобҳои лозима, мисли “протез”, аробачаи маъюбӣ ва дигар воситаҳо таъмин ва барои омӯзиш ва кор шароит фароҳам меорад.

Забони имову ишора, алифбои Брайл ва дигар воситаҳои муошират

Мувофиқи қонуни нав, барои маъюбон забони имову ишора, алифбои “Брайл” ба танзим дароварда шуда, воситаҳои гуногуни муошират таъмин карда мешаванд. 

Яъне ҳангоми муошират ва гирифтани маълумот бояд аз воситаҳои гуногун истифода бурда шавад. 

Аз ҷумла, барои шахсони дорои ихтилоли шунавоӣ бояд дастгоҳҳои шунавоӣ, воситаҳои баландкунандаи овоз, зернавиштаҳо, забони имову ишора таъмин карда шавад.

Акс аз "Радиои Озодӣ"

Барои шахсони дорои мушкили биноӣ бошад, алифбои Брайл, сабти овозӣ, ҳарфҳои калон, муоширати тактилӣ (ба воситаи ламс кардан) ва истифодаи дигар воситаҳо бояд фароҳам оварда шаванд.

Дар қонун зикр мешавад, ки давлат забони имову ишораро ҳамчун воситаи муоширати байнишахсии ношунавоён эътироф мекунад.

Бояд гуфт, қонуни нав дар бораи ҳифзи ҳуқуқи маъюбон баъди интишори расмӣ қувваи қонунӣ пайдо мекунад ва мутобиқи он, қонуни амалкунанда беэътибор донистоа мешавад.

Ин қонун барои мутобиқ сохтани қонунгузории кишвар ба меъёрҳои қонунҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Консенсияи ҳуқуқҳои маъюбон таҳия шудааст.

Чуноне дар ҷаласаи парлумонӣ гуфта шудааст, Конвенсияи ҳуқуқҳои маъюбон соли 2020 аз сӯйи ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Ба қавли муовини вазири тандурустии кишвар, 17-уми апрели имсол Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар барои тасдиқи Консенсия ризоият додааст ва бо ҳамоҳангии Вазорати корҳои хориҷии кишвар расмиёти зарурӣ анҷом дода мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.