Як корманди 29-солаи Шабакаҳои тақсимоти барқ дар ноҳияи Шаҳритӯс зимни кор дар симчӯб аз расиши барқ ба баданаш ҷон бохтааст. Ҷасади Асомиддин Қурбонназарови 29-сола, сокини деҳаи Обшорони ин ноҳияро баъди нисфирӯзии 11-уми май ба хок супоридаанд.
Аъзам Юсуфзода, роҳбари филиали “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар ноҳияи Шаҳритӯс рӯзи 12-уми май дар як суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳодиса субҳи 11-уми май дар деҳаи Суғдиёни ҷамоати деҳоти Тоҷдорони ин ноҳия рух додааст.
“Сокинон ба қисми навбатдорӣ муроҷиат карданд, ки сатҳи оби дарёи Кофарниҳон баланд шуда, симчубҳоро мешӯяд. Барои ҳалли мушкилоти сокинон, Қурбонназаров ба ҷойи ҳодиса рафт. Вале замоне, ки дар болои симчуб мехост, барқро таъмир кунад, касе занҷираи хатти барқи дигарро, ки дар ҷои кори ӯ мегузашт, равшан кардааст”, – гуфт Юсуфзода.
Номбурда зикр кард, ки ҳоло мақомоти қудратӣ ҳодисаро санҷиш доранд.
Роҳбари филиали “Шабакаҳои тақсимоти барқ” аз Асомиддин Қурбонназаров мутахассиси хуб ном бурд. Ӯ оиладор ва соҳиби як фарзанд буд.
Аъзам Юсуфзода гуфт, “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва Иттифоқҳои касабаи вилоят ба оилаи Қурбонназаров ҷубронпулӣ мепардозад. Вале маълум нест, ки кай ва дар кадом ҳаҷм.
Ҳамасола даҳҳо нафар аз расиши шиддати баланди барқ ба баданашон дар кишвар ба ҳалокат мерасад, вале ин аз камтарин ҳолатест, ки як корманди барқрасонӣ ҳангоми кор аз шиддати барқ ҷон мебозад.





