Сад сол муқаддам дар гаҳвораи тамаддун ва маркази фарҳангии тоҷикон – дар Бухорои шариф, кӯдаке ба дунё омад, ки баъдан номи ӯ бо тавлиди телевизион ва шукуфоии театру синамои тоҷик гиреҳ хӯрд. Обид Ҳомидов яке аз созандагони асосии симои маънавии Тоҷикистон дар асри XX шуд.
Роҳпаймои роҳи ҳунар
Обид Ҳомидов 9-уми майи соли 1926 дар шаҳри Бухоро ба дунё омада, ҳанӯз дар овони наврасӣ, дар солҳои 30-юм, ҳамроҳи оилааш ба шаҳри Душанбе кӯчидааст. Зиндагиномаи ӯ бо таҳаввулоти калони таърихии асри бист тавъам буда, ташаккули шахсияти ӯ аз мактаби миёнаи пойтахт ва сипас аз майдонҳои набарди Ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз ёфтааст.
Соли 1945 ба сафи артиш даъват шуда, панҷ сол дар хидмати низомӣ буд ва пас аз бардоштани ҷароҳати сахт аз мина, соли 1950 ба Ватан баргашт. Ин давраи сахти ҳаёт дар пайдоиши иродаи қавии созмондиҳии ӯ нақши калидӣ бозид.
Пас аз бозгашт ба ҳаёти осоишта, Обид Ҳомидов фаъолияти меҳнатии худро аз бахши радиои ноҳияи Варзоб оғоз кард ва муддате ба рӯзноманигорӣ машғул шуд.
Ӯ таҳсилоти олиро дар Донишкадаи омӯзгорӣ ба итмом расонида, тадриҷан ба доираҳои идоракунии фарҳанг ворид шуд. Пеш аз он ки ба соҳаи санъат роҳбарӣ кунад, ӯ ҳамчун муддате дар бахши идеология кор кард ва ин ба ӯ имкон дод, то ниёзҳои фарҳангии ҷомеаро амиқ дарк кунад.
Аввалин роҳбари ТВ “Тоҷикистон” ва роҳбари “Тоҷикфилм”
Соли 1959 дар таърихи фарҳанги тоҷик марҳилаи нав – таъсиси Телевизиони давлатӣ оғоз ва Обид Ҳомидов нахустин сарвари ин ниҳод таъин шуд. Дар давоми шаш соли роҳбарӣ, ӯ заминаҳои техникиву эҷодии телевизионро аз сифр бунёд кард.
Соли 1964 Обид Ҳомидов ба вазифаи директори киностудияи “Тоҷикфилм” гузаронида шуд. Давраи нӯҳсолаи роҳбарии ӯро (1964–1973) мутахассисон “давраи тиллоӣ”-и синамои тоҷик меҳисобанд.
Дар ин муддат бо ташаббуси ӯ маҷмӯи биноҳои нави киностудия сохта ва ба истифода дода шуд. Ӯ шароити эҷодиро барои коргардонҳои барҷастае чун Борис Кимёгаров муҳайё кард, ки дар натиҷа филмҳои мондагори “Дирафши оҳангар”, “Рустам ва Сӯҳроб”, “Марги судхӯр”, “Нисо” ва “Ҳасани аробакаш” офарида шуданд.
Ҳамчунин, ӯ ба тарбияи кадрҳои ҷавон таваҷҷуҳи махсус дошт ва мутахассисони болаёқатро барои таҳсил ба донишкадаҳои синамоии Маскав мефиристод.
Аз роҳбарӣ дар театру дастаҳои ҳунарии рақсӣ то таъсиси “Синамо”
Пас аз фаъолияти пурсамар дар синамо, Обид Ҳомидов роҳбарии Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутиро бар дӯш гирифт. Маҳорати созмондиҳии ӯ дар идораи дастаҳои ҳунарии давлатии рақсии “Лола” ва “Зебо” низ ба кор рафт. Ӯ тавонист ин муассисаҳои фарҳангиро дар сатҳи баланди касбӣ нигоҳ дошта, ба рушди санъати театриву рақсии миллӣ мусоидат намояд.
Дар соли 1989, Обид Ҳомидов бо вуҷуди ба нафақа баромадан, нахустин синамокоргоҳи мустақилро бо номи “Синамо” таъсис дод. Дар солҳои душвори 1990–1996, ки соҳаи синамо бо буҳрони молиявӣ рӯ ба рӯ буд, ӯ тавонист бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва ҷавонони боистеъдод филмҳои ҳунарии “Имом ал-Бухорӣ”, “Ҷосус”, “Ҷазира” ва “Бухорои шариф”-ро таҳия кунад. Ин филмҳо дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо шуда, обрӯи синамои тоҷикро дар замони нав ҳифз намуданд.
Намоди ибрат дар оила
Обид Ҳомидов на танҳо дар ҷомеа, балки, ба гуфтаи пайвандонаш, дар оила низ намунаи ибрат буд. Се писари ӯ – Олимҷон, Толибҷон ва Оқилҷон роҳи падарро интихоб карда, Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кинематографияи Маскавро (ВГИК) хатм кардаанд ва имрӯз дар соҳаи синамо фаъолияти худро идома медиҳанд.
Обид Ҳомидов 24-уми октябри соли 2019 дар синни 93-солагӣ даргузашт. То рӯзҳои охири ҳаёт ӯ бо соҳаи синамо ва телевизион дар робита буд ва барои хидматҳои шоистааш бо унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” ва нишони фахрии “90-солагии синамои тоҷик” қадрдонӣ шудааст.
Имрӯз, дар 100-солагии мавлудаш, мо мардеро ёд мекунем, ки бо қалби саршор аз муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба ҳунар, дурахши ситораи фарҳанги тоҷикро дар осмони маънавияти ҷаҳон дучанд кард.





