ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Чин анҷом меёбад. Ӯ рӯзи 11-уми май ба ин кишвар рафт. Дар ҳошияи ин сафар байни ду кишвар давоми се рӯз беш аз 80 созишнома ба имзо расид.

– Имрӯз соати 10:00 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявии “Осори монументалии Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф дар ташаккули ҳуввияти миллӣ” баргузор мешавад. Ҳадафи ҳамоиш баррасии нақш ва ҷойгоҳи осори монументалии Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф дар рушди санъати миллӣ, таҳкими худшиносиву ҳуввияти миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа гуфта мешавад. Дар он иштироки олимону муҳаққиқон, санъатшиносон, рассомон, намояндагони муассисаҳои фарҳангӣ ва ВАО дар назар аст.
– Имрӯз соати 10:00 дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и Душанбе бо иштироки сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский нишасти матбуотӣ баргузор мешавад. Тамоми намояндагони васоити ахбори умум имкони иштирок доранд. Аввал сармураббии нав муаррифӣ шуда, баъдан хабарнигорон имкони суолу ҷавоб доранд.
– Имрӯз соати 14:00 дар Дафтари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор мешавад. Дар он метавон аз фаъолияти башардӯстона, барномаҳо ва хизматрасониҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз наздик шинос шуд. Вуруд озод аст.
– Имрӯз соати 18:00 дар толори синамои ба номи Тоҳир Собирови “Тоҷикфилм” филми суисии “Ваҳшиён” бо коргардонии Клод Барра намоиш дода мешавад. Он дар доираи “Рӯзҳои фаронсавизабонон (франкофонӣ)-2026”, ки дирӯз оғоз шуда, то 17-уми май идома мекунад, баргузор мешавад. Вуруд ва тамошо озод аст.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1992 – Телевизиони “Кӯлоб” таъсис ёфт. Дар соли 2002 ин телевизион узви Кумитаи телевизион ва радиои кишвар шуд.
Соли 2003 – Дар шаҳри Хоруғ (ВМКБ, Тоҷикистон) консулгарии Афғонистон ифтитоҳ ёфт. Ин консулгарӣ бо мақсади беҳтар кардани ҳамкориҳои дуҷониба, хусусан дар бахшҳои тиҷорат, муҳоҷират ва амният таъсис ёфт.
Моҳи ноябри соли 2023 Нақибулло Деҳқонзода ном шахс дар наворе худро сарпарасти Консулгарии генералии ҳукумати Толибон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон муаррифӣ кард ва гуфт “консулгарӣ расман фаъолият мекунад ва он мустақил буда, мустақиман таҳти ҳимоят ва ҳидояти Вазорати умури хориҷии ҳукумати Толибон қарор дорад”.
Вале ВКХ Тоҷикистон мегӯяд, “ба ҳеҷ як намояндаи ин гурӯҳ парвона (аккредитатсия) фаъолият надодааст”.
Соли 2015 – Сандуқи Глобалӣ (Global Fund) Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистонро ба тақаллуби ҳисобот ва ҳуҷҷатгузорӣ муттаҳам кард. Ин масъала боиси қатъи маблағгузорӣ аз ҷониби Сандуқи Глобалӣ ба лоиҳаҳои марбут ба мубориза бо вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) дар Тоҷикистон гардид.
Соли 2016 – Дар қабристони Хованское дар ҷануби ғарби Маскав задухӯрди оммавие бо иштироки тақрибан 200 нафар рух дод. Дар натиҷаи ин задухӯрди оммавӣ, се нафар ҳалок шуданд, ки ду нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.
Соли 2020 – Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сел омад, ки ба манзилҳои сокинон зарар расонд. Бар асоси арзёбиҳои ибтидоӣ, зиёда аз 300 хона зарар диданд, ки 14 адад пурра тахриб шуданд. Ҳамчунин, ду нафар ҳалок шуданд ва чандин нафар ҷароҳат бардоштанд.
Соли 2020 – Ҳукумати Тоҷикистон Қарор “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ”-ро қабул кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1944 – Зодрӯзи Рустам Каримов, меъмор собиқ раиси Иттифоқи меъморон ва сармеъмори шаҳри Душанбе.
Рустам Каримов дар рушди меъморӣ ва инфрасохтори шаҳрҳо дар охири солҳои 70-80-уми асри гузашта саҳм гузоштааст. Вай инчунин директори институти “Гипрогор” буд, ки дар ин давра бисёр лоиҳаҳои шаҳрҳо тартиб дода шудаанд.
Ӯ дорандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соҳаи меъморӣ, ҳаммуаллифи муҷассамаҳои Сино (дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (дар Қараболо) ва Айнӣ (дар назди “Садбарг”) мебошад.
Соли 1965 – Зодрӯзи Зайниддин Раҳимов, футболбози тоҷик, сармураббии пешини дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон.

Зайниддин Раҳимов аз 7-солагӣ ба машқи футбол дар мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст. Ӯ дар дастаҳои Вахш (Бохтар), Ҳосилот (Фархор), Равшан ва Ҷавонон (Кӯлоб) дар солҳои 1985-1997 бозӣ кардааст.
Фаъолияти мураббигиро аз мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб дар соли 1997 оғоз карда, то соли 2005 дар ҳамин мактаб фаъолият намудааст. Раҳимов соли 2005 ба Мактаби ҷумҳуриявии маҳораташ олии варзишӣ оид ба футбол ба Душанбе меояд ва соли 2016 сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таъин мешавад.
Зайниддин Раҳимов чанд пеш то охири мавсим масъулияти сармураббии дастаи “Ҳосилот”-ро бар дӯш гирифт
Соли 1992 – Зодрӯзи Ҷамолиддин Зардиев, футболбози тоҷик, нимҳимоятгар, Устоди варзиши Тоҷикистон.
Соли 2024 – Лолахон Сатторӣ, рӯзноманигор, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт.

Лолахон Сатторӣ аз соли 1982 то соли 1992 наттоқи радиои тоҷик, аз соли 1993 дар вазифаҳои муҳаррири варзидаи идораи сиёсӣ ва директори телевизиони тоҷик, сарвари Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалии радио, телевизион ва кино, раиси иттиҳодияи “Тоҷиккино”, мудири шуъбаи наттоқони радиои тоҷик, директори “Тоҷикфилм” хидмат намудааст.
Гўянда, баранда, шореҳи барнома ва намоишҳои калонҳаҷми сиёсӣ дар радио ва телевизиони Тоҷикистон буд. Бо садои ӯ даҳҳо барномаҳои радиоӣ ва намоишҳои телевизионӣ сабт гардидаанд, ки иддае аз онҳо дар “Хазинаи тиллоӣ”- и Радиои Тоҷикистон ва видеотекаи телевизиони Тоҷикистон ҳифз гардидаанд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
14 майи соли 1973 Истгоҳи нахустини мадории амрикоӣ “Скайлэб” ба мадори Замин бароварда шуд. Он вақт касе дар дохили он набуд. Истгоҳи “Скайлэб” ба таври худкор дар орбита қарор гирифт ва вазифаи асосии он иҷрои таҷрибаҳои илмӣ ва омӯзиши мутобиқати инсон ба шароити вазнинӣ (бевазнӣ) буд.

Се экспедитсияи кайҳонӣ дар он ширкат карданд, ки ҳар яке аз онҳо масъули иҷрои таҷрибаҳо дар сатҳҳои гуногуни илмӣ буданд. Аз ҷумла, онҳо тадқиқоти астрономӣ, биологӣ ва тиббӣ анҷом доданд. Яке аз муҳимтарин натиҷаҳои тадқиқоти астрономӣ ин ҳаҷми иттилоот дар бораи физикаи Офтоб буд, ки ду маротиба афзуд ва боиси кашфи якчанд равандҳои то он замон номаълум дар тоҷ (корона)-и Офтоб гардид.
Истгоҳи “Скайлэб” давоми ду сол фаъолият кард, аммо рӯзи 11 июли соли 1979 аз мадор хориҷ шуда, дар атмосфера сӯхт ва боқимондаҳои он ба уқёнуси Ҳинд фурӯ рафт.
14 майи соли 1878 номи “Вазелин” дар ИМА ҳамчун тамғаи молӣ ва тиҷоратӣ ба қайд гирифта шуд. Ин маводи шифобахш ва косметикӣ аз ҷониби кимиёдони англис Роберт Август Чезбро ихтироъ ва патент шудааст.
Чезбро дар натиҷаи таҳқиқоти худ мушоҳида кард, ки кормандони соҳаи нафт массаи парафиниро, ки ба таҷҳизоти парма мечаспид, барои муолиҷаи буридагӣ ва сӯхтагӣ истифода мебаранд. Вай таркиби онро таҳлил карда, моддаҳои фоиданокро ҷудо намуд ва бо истифода аз ин таркиб вазелинро ихтироъ кард. Пас аз ин, ӯ ба истеҳсол ва паҳн кардани маҳсулот шурӯъ кард.

Вазелин, ки дар натиҷаи ин кори илмӣ ба вуҷуд омад, то имрӯз аз маҳсулоти нафтӣ истеҳсол мешавад ва дар соҳаҳои гуногуни тиб, косметология, байторӣ, саноат ва инчунин ҳамчун равғани техникӣ истифода мешавад. Маҳсулоти вазелин дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла кремҳо, равғанҳо ва мазҳои шифобахш, ҳамеша дар байни маҳсулоти назарраси нигоҳубини пӯст ва табобат қарор дорад.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 18+23º гарм, дар водиҳо шабона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 29+34º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 22+27º гарм, дар водиҳо шабона 17+22º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 21+26º гарм, дар водиҳо шабона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 19+24º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 26+28º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 9+14º гарм, дар ғарби вилоят шабона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 29+31º гарм, шабона 16+18º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 29+31º гарм, шабона 16+18º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 32+34º гарм, шабона 18+20º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 8+10º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 14 ба 15-уми май ба ҳисоб гирифта шудааст.





