Маросими қуръакашии даври асосии мусобиқоти Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 баргузор шуд. Аз рӯи натиҷаҳои он 16 даста аз ҳарифони худ дар даври 1/8 ниҳоии мусобиқа, ки дар он ба рақобат тимҳои лигаи олӣ ҳамроҳ мешаванд, огоҳ шуданд.
Дар мусобиқот, 12 дастаи лигаи олӣ ва 4 намояндаи лигаи якум, ки марҳилаҳои интихобиро гузаштанд, иштирок мекунанд. Маҳз аз ҳамин марҳила, мусобиқа шакли марҳалаи ҳазфӣ (плей-офф)-ро мегирад, яъне дастаи мағлубшуда аз рӯи натиҷаҳои ду вохӯрӣ аз ҳаққи идомаи мусобиқа маҳрум мешавад.

Тибқи натиҷаҳои қуръакашӣ ҷуфтҳои зерини давраи 1/8 ниҳоии мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд:
“Регар-ТадАЗ” — “Эсхата”;
“КМВА” (ЦСКА) — “Панҷшер”,
“Сардор” — “Рахш”,
“Истаравшан” — “Барқчӣ”,
“Равшан” — “Ҳосилот”,
“Парвоз” — Ғолиби бозии ҷуфти “Душанбе”/”Сомон”,
“Вахш” — “Моҳир”,
“Хуҷанд” — “Истиқлол”.
Бодя гуфт, ки дар мусобиқаи имсола аз даври 1/8 ниҳоӣ баргузории ду бозии дастаҳо – дар хона ва дар меҳмонӣ пешбинӣ шудааст. Бозиҳои аввал, рӯзҳои 27-29-уми май муқаррар шудааст. Бозии финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 дар варзишгоҳи “Вахш” дар Бохтар доир мегардад.

Ҳоло тими “Регар-ТадАЗ” аз шаҳри Турсунзода соҳиби Ҷоми футболи Тоҷикистон аст. Дар бозии финалии соли гузашта футболбозони шаҳри Турсунзода дастаи “Эсхата” аз Хуҷандро бо ҳисоби калони 5:0 мағлуб карда буданд.







