Додситонии ноҳияи Нуробод ба таҳқиқи қазияи латукӯби омӯзгор аз сӯи наздикони як хонандаи синфи 5 оғоз кардааст. Вазорати маориф ва илм гуфт, аз омӯзгор ҳимоят мекунад.
Муҳимҷон Раҳмонов, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи мактаби №1-и ин ноҳияро бародари яке аз талабаҳо дар пайи эродгирӣ аз таҳсили хоҳараш дар даруни мошин латукӯб ва таҳқир кардааст. Натиҷаи ташхис нишон додааст, ки омӯзгор осеб дидааст. Ин ҳодиса рӯзи 8-уми май дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Нуробод рух додааст ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуд.
Аз шахсе, ки муаллимро латукӯб кардааст, Миралӣ Орзуев, сокини ҳамин ноҳия ном бурда мешавад.

Шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод бидуни ишора ба қазия ва муҷозоти шахси гумонбар дар вокунише навишт, ки ба хонаи омӯзгор рафта, ба ӯ кӯмак кардаанд.
Наҷмуддин Мирзозода, мудири маорифи ноҳия имрӯз, 22-юми май дар шарҳи қазия ба “Азия-Плюс” гуфт, ки баҳси омӯзгор ва бародари хонанда баъди эродгирии ӯ аз таҳсили хоҳараш сар задааст.
“Омӯзгор дар тамоси телефонӣ ба Миралӣ Орзуев, бародари хонандаи синфи 5 гуфтааст, ки хоҳараш дарсро тайёр намекунад. Баъди кор, Орзуев омӯзгорро ба вохӯрӣ даъват карда, ӯро дар дохили мошин латукӯб ва таҳқир кардааст. Бародари хонанда иқрор шуд, ки омӯзгорро танҳо як шаппотӣ задааст. Дар ин ҳодиса ягон шоҳид нест. Мо ҳарду ҷонибро рӯ ба рӯ кардем, оштӣ карданд”,-гуфт Мирзозода.

Номбурда афзуд, ки баъди ин ҳодиса саломатии омӯзгор хуб буд ва қариб як ҳафта дар мактаб дарс дод, “вале якбора вазъи саломатиаш бад шуда, дар беморхона бистарӣ шуд ва натиҷаи ташхиси тиббӣ нишон дод, ки ӯ осеб бардоштааст”.
Тасдиқи ин гуфтаҳо тавассути манобеи дигар ғайриимкон аст. Кӯшишҳои мо барои дарёфти назари омӯзгор ва шахсе, ки ӯро лутукӯб кардааст, бенатиҷа анҷомид. Омӯзгор ба зангҳои пайвастаи мо посух надод.
Вале Радиои Озодӣ аз қавли Миралӣ Орзуев навиштааст, ки “ӯ омӯзгорро назадааст, балки танҳо суҳбат карданд”.
Аз шуъбаи ВКД дар ноҳияи Нуробод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки муроҷиати омӯзгорро додситонии ноҳия тафтиш дорад, Орзуев чанд марортиба бозпурсӣ шуда, “нисбаташ ҳоло қарор қабул нашудааст”.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки аз ҳуқуқҳои Муҳимҷон Раҳмонов ҳимоят мекунанд.
“Ҳодисаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ доранд ва қазия зери назорати вазир қарор дорад. Ҳоло вазъи саломатии омӯзгор хуб аст, аз беморхона рухсат шуда, табобаташ дар хона идома дорад. Харҷи табобати омӯзгор аз ҳисоби вазорат пурра пардохт мешавад…”,-гуфтанд аз ин ниҳод.
Модари Муҳимҷон Раҳмонов кӯтоҳ ба “Азия -Плюс” гуфт, ки то ҳол вазъи саломатии писараш беҳтар нашудааст ва ӯ аз дарди меъдаву сар шикоят дорад.
“Ба сару рӯйи писарам мушт задааанд, ӯро латукӯб кардаанд. Духтур бурдам, ӯро ташхис карду дорую об навишт ва гуфт дар хона табобат гиред. Вале то ҳол вазъи ӯ беҳбуд наёфтааст”, – гуфт ин зан.
Ахиран Додгоҳи шаҳри Левакант нисбати Фарҳод Назаров, омӯзгоре, ки барои “як шаппотӣ” задани хонандаи синфи 11 алайҳаш парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда буд, ба корҳои ҳатмӣ ҷалб кард.
Дар пайи ин ҳодиса, ки миёни ҷомеа вокунишҳои гуногунро ба миён овард, дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” қабул шуд. Ҳадаф аз ин қонун “баланд бардоштани мақоми омӯзгор, ҳифзи шаъну шарафи ӯ, фароҳам намудани заминаҳои мусоиди рушди касбият ва пешбинӣ намудани имтиёзҳои бештар барои онҳо” гуфта мешавад.
Дар латукӯб дар мактабҳои кишвар кӣ гунаҳкор аст: омӯзгор, хонанда ё волидон? Дар ин матлаб хонед.







